Ҳикоёти пандомӯз аз «Ҳазору як шаб”. “Ҷавони  карим”

Ҳазору як шабВа аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Холид ибни Абдуллоҳи Қасрӣ амири Басра буд. Рўзе ҷамоате писари некўрўву хирадмандеро гирифта, ба назди амир оварданд. Амир Холид аз қиссаи эшон боз пурсид. Эшон гуфтанд:

– Ин писар дузд аст ва мо ин писарро дўш дар манзили худ гирифтем.

Чун Холид ба сўйи он писар назар кард, аз ҳусну назофати ў шигифт монд. Дарҳол маконро хилват карду он писарро ба наздики худ хонда, аз қиссаи ў суол кард. Он писар гуфт:

– Ин ҷамоат рост мегўянд ва кор ҳамон аст, ки гуфтанд.

Пас Холид гуфт:

– Туро ба ин сурати ҷамил чӣ бар ин кор бидошт?

Он писар гуфт:

– Тамаъ дар мол ба ин корам бидошт ва аз қазои Ҳақ натвон гурехт.

Пас Холид ба ў гуфт:

– Модарат ба азои ту биншинад, магар туро ба ин накўию ҷамол ва хирадмандию камол манъкунандае набудааст, ки туро аз дуздӣ манъ кунад?

Он писар гуфт:

Эй амир, ин суханон бигузор ва он чи ки ҳукми Парвардигор аст, ҷорӣ кун, ки подоши амали ман ҳамин аст ва Худо ҳеҷ бандаеро ситам накунад.

Пас Холид соате ба фикрат фурў рафту дар кори он писар ҳайрон буд. Он гоҳ ба ў гуфт:

– Эътирофи ту дар миёни мардум маро ба тардиду ташкик (шаку гумон) ҳамеандозад, вагарна, ман ба ту гумони дуздӣ намебарам, шояд туро ба ҷуз сирқат ҳикояте бошад. Агар туро ҳикояте ҳаст, ба ман бозгў!

Он писар гуфт:

– Айюҳаламир, ба ҷуз он чи эътироф кардам, чизе ба хотират роҳ мадеҳ, маро ҳеҷ гуна қиссае нест, ки ўро шарҳ диҳам, магар ин ки ман ба хонаи онҳо дохил гашта, дуздӣ кардам. Эшон маро бидиданду бигирифтанд ва ба назди ту оварданд.

Чун Холид суханони он писар бишнид, фармуд, ўро зиндон карданд ва мунодиро амр кард, ки дар Басра нидо дардиҳад ба ин ки: Ҳар кас дўст медорад, ки ба тафарруҷи фалон дузд дарояд ва буридани дасти ўро мушоҳида кунад, фардо дар фалон макон ҳозир ояд. Пас он писар дар зиндон ҷой гирифт ва қайди оҳанин дар пояш биниҳоданд. Оҳе кашида, об аз дидагон бирехт ва ин ду байт бархонд:

Он на ишқ аст, ки аз дил ба забон меояд,
В-он на ошиқ, ки зи маъшуқ ба ҷон меояд.

Ошиқ он аст, ки бехештан аз завқи самоъ
Пеши шамшери бало рақскунон меояд.

Чун зиндонбонон ин шеър бишуниданд, ба назди амир Холид омада, ўро огоҳ карданд, ки ин ҷавон ошиқ аст. Чун шаб даромад, пардаи шаб ба ҷаҳон фурў овехт. Амир Холид он писарро бихосту бо ў сухан гуфт. Он писарро бисёр хирадманду адиб ва зарифу ҳушёр дида, фармуд таом аз баҳри ў биёваранд. Пас аз он писар хўрданӣ бихўрду соате бо амир Холид ҳадис гуфтанд.

Он гоҳ амир Холид гуфт:

– Ман донистам, ки туро ба ҷуз дуздӣ ҳикояте ҳаст. Фардо чун қозӣ ҳозир шавад ва мардумон ҷамъ оянду аз ту суол кунанд, ки: Дуздӣ кардаӣ ё на? Ту эътироф макун. Сухане бигў, ки аз буридани даст бираҳӣ, ки Пайғамбар, алайҳиссалом, фармудааст: «Идраъу ал-ҳудуда би- ш- шубуҳотӣ».

Пас аз ин амир Холид ўро ба зиндон бифиристод. Он шабро ба зиндон- андар ба рўз овард. Чун рўз баромад, мардумон ба таффаруҷи он писар дар макони мавъуд гирд омаданд ва дар Басра аз марду зан ҳеҷ кас намонд, магар ин ки ба тамошои уқубати он писар бадар омаданд ва амир Холид низ бо бузургони Басра савор гашта, бад-он макон даромаданд ва қозиро низ бихостанд. Он гоҳ ба ҳозир овардани он писар бифармуд. Дарҳол он писарро бозувон баста, пой дар қайди оҳанин биёварданд ва ҳеҷ кас ўро дар он ҳолат надид, магар ин ки бад-ў бигирист ва занонро овоз ба гиряву шеван баланд шуд. Қозӣ фармуд, занонро сокит карданд. Он гоҳ ба он ҷавон гуфт:

– Хасмҳои туро гумон ин аст, ки ту ба хонаи эшон дохил гашта, моли эшон дуздидаӣ, вале, эй ҷавон, шояд ки ту ба қадри нисоб надуздида бошӣ?

Он писар гуфт:

– Тамомати нисоб дуздидаам!

Қозӣ гуфт:

– Шояд ту дар он мол шарик бошӣ?

Он писар гуфт:

– Ло валлоҳ, ҳамаи мол аз эшон будааст, маро дар ў ҳаққе набуд.

Пас Холид дар хашм шуду худ бархоста, ба сўйи он писар омад ва тозиёна бар вай бизаду ин ду байт бихонд:

Гар шавӣ сифларо насиҳатгўй,

Назди ў саҳлу сарсарӣ бошад.

Он гоҳ фармуд, дасти ўро бибуранд. Пас сайёф корде буранда аз ғилоф кашид. Он писар даст пеш бурд ва сайёф корд бар дасти ў ниҳода, ҳамехост дасти ўро аз соид ҷудо кунад, ки ногоҳ духтараке аз миёни занон ба шитоби ҳар чӣ тамомгар берун омад, ки ҷомае куҳнаву чиркин дар бар дошт. Пас, фарёд бароварда, худро бар он писар бияндохт ва ниқоб аз рўйи чун қамар як сў кард. Мардумон овозҳо баланд карданд ва аз ҳамият ба ҳимоят баромаданд. Наздик шуд ба сабаби ин ҳодиса фитнае барпо шавад. Он гоҳ духтарак бо овози баланд нидо дардоду гуфт:

– Айюҳаламир, туро ба Худо савганд медиҳам, дар буридани дасти ў шитоб макун, то ин руқъа бихонӣ!

Пас он духтарак руқъа ба амир Холид дод. Амир Холид руқъа бикушуд ва ин се байт дар он навишта ёфт:

Аё амири музаффар, бидону огаҳ бош,

Ки ҳаст ошиқи ман ин ҷавони поксиришт.

Шигифт нест, ки аз даст бигзарад амдан,

Ки ҷоҳу мол ба савдои ман зи даст биҳишт.

Бувад на дузду ба дуздӣ ҳамекунад иқрор,

Ки фош кардани сирр аст пеши ошиқ зишт.

Чун Холид абёт бихонд, аз мардум ба як сў рафта, танҳо биистод ва духтаракро талабида, ҳикоят бозпурсид. Духтарак гуфт, ки:

– Ин писар ошиқи ман аст ва ба қасди зиёрати ман ба хонаи мо даромада, санге ба огоҳонидани ман ба хона андохта буд ва падару бародаронам садои санг шунида, берун рафта буданд. Чун ин ҷавон эшонро бидид, ба ҷамъ овардани чизҳои хона пардохт ва хешро чунон бинамуд, ки дуздӣ ҳамекунад ва қасдаш ин буд, ки парда аз маъшуқаш бардошта нашавад. Пас, чун падару бародаронам ўро дар ин ҳолат бидиданд, ўро бигирифтанд ва ба ҷиҳати дуздӣ ба назди амир биёварданд. Ў низ ба сирқат эътироф кард, то ман расво нашавам ва худро аз ғояти ҷавонмардӣ бад-ин вартаи бузург бияндохт.

Пас Холид гуфт:

Ба Худо савганд, сазовор нест, ки дар баровардани ҳоҷати ин ҷавон накўшам.

Он гоҳ писарро назди худ хонда, ҷабини ўро бўса дод ва падари духтаракро бихосту ба ў гуфт:

Айюҳашшайх, мо қасд карда будем, ки дасти ин ҷавон бибурем, валекин Худо маро аз ин хатар нигоҳ дошт ва акнун даҳ ҳазор дирам бад-ин писар ато кунам, аз он ки ў дасти худро аз баҳри поси номуси туву номуси духтари ту базл карда буд ва духтари туро низ даҳ ҳазор дирам ато кунам, ки ў маро биёгоҳонид ва аз ин хатар маро боз дошт ва аз ту ҳамехоҳам, ки иҷозат диҳӣ, то духтари туро бад-ин писар тазвиҷ кунанд.

Он шайх гуфт:

– Айюҳаламир, ҷавоз додам.

Пас Холид шукри Худо ба ҷо овард ва базме некўву шоиста аз барои ақд фурў чид ва духтараки моҳрўйро ба он писар тазвиҷ карду фармуд, ки бист ҳазор дирҳамро бо духтарак ба хонаи он писар бурданд ва мардумони Басра фараҳноку шодон боз гаштанд ва ман аҷабтар аз он рўз рўзе надидам, ки оғози он рўз гиряву андўҳ ва анҷомаш нишоту сурур буд.

Манбаъ: “Ҳазору як шаб”. Ҳикоёти пандомӯз. Душанбе, соли 2024.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳо барои кӯдаконро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.