Ҳикоёти пандомӯз аз «Ҳазору як шаб”. “Карами гавҳарфурӯш
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки марде моли бисёр дошт. Ўро мол талаф шуду бечиз гашт. Зани ў гуфт:
– Аз порае дўстон чизе таманно кун!
Он мард ба назди яке аз дўстон рафт ва парешонии худ ба ў бозгуфт. Он дўст понсад динор зари сурх ўро вом (қарз) дод, ки бо ў байъу широ кунад ва он мард гавҳарфурўш буд. Зарҳо гирифта ба бозори гавҳарфурўшон рафт ва дар дукони падар ба байъу широ бинишаст. Рўзе аз рўзҳо се мард пеши ў омаданд ва аз худованди қадими дукон бипурсиданд. Он мард гуфт:
– Худованди қадими дукон падари ман буд ва акнун вафот ёфта.
Гуфтанд:
– Касе мешиносад, ки писари ў ҳастӣ?
Гавҳарфурўш гуфт:
– Ҳама мардумони бозор гувоҳанд, ки ман писари ўям.
Пас гавҳарфурўш мардумро ҷамъ овард ва эшон гувоҳӣ бидоданд, ки ин гавҳарфурўш фалонро писар аст. Пас он се мард хурҷине бадар оварданд, ки баробари сӣ ҳазор динор гавҳарҳову нигинҳои гаронбаҳо дар он буд. Гуфтанд:
– Инҳо аз падари ту дар назди мо амонат аст.
Пас онҳо бозгаштанд. Он гоҳ зане биёмад ва аз он гавҳарҳо гавҳареро, ки понсад динор арзиш дошт, муштарӣ шуд. Гавҳарфурўш ўро ба се ҳазор динор бифурўхт. Пас аз он бархоста понсад динор, ки вом гирифта буд, бардошта ба сўйи садиқи худ бурду ба ў гуфт:
– Ин понсад динор воми худ бигир, ки Худои таоло кор бар ман осон кард ва маро кушоиш ато фармуд.
Он мард гуфт:
– Ман вақте, ки ин зарҳоро ба ту додам, онро аз моли худ берун кардам ва ба расми мавҳибат (ато, бахшиш) ба ту додам. Ту ин зарҳоро бардору ин варақа бигир ва ўро ба ҷуз хонаи худ ҷойи дигар нахон ва он чи дар ин варақа навишта шудааст, ба он амал кун!
Пас гавҳарфурўш мол бардошта варақа бигирифт ва ба хонаи худ рафт. Чун варақа бикушод, ин абёт дар он навишта ёфт:
Ман намебахшидам ба умеди иваз,
Ки маро ҷуд аст аз бахшиш ғараз,
Сўйи ту онон, ки оварданд мол,
Мар маро буданд бобу амму хол.
Моми ман буд он, ки бихрид он гуҳар,
Сад раҳ афзун аз баҳояш дод зар.
КАРАМИ МАЪН ИБНИ ЗОИДА
Ва низ аз ҳикояти каримон аст, он чи аз Маън ибни Зоида1 ҳадис кардаанд, ки ў рўзе аз рўзҳо ба нахҷиргоҳ шуду ташнагӣ бар ў чира гашт. Дар назди ғуломони худ об наёфт. Пас дар он ҳангом ки ў бад-он сон ташна буд, се духтарак падид гаштанд, ки се машки об ба дўш доштанд. Маън ибни Зоида аз эшон об хост. Он духтарон Маън ибни Зоидаро об доданд. Пас Маън аз ғуломони худ чизе хост, ки ба духтарон базл кунад. Дар назди ғуломон аз зару сим чизе наёфт. Он гоҳ аз барои ҳар яке аз он духтарон даҳ тир аз таркаш бидод, ки новаки он тирҳо заррин буданд. Пас яке аз духтаракон бо дигаре гуфт:
– Ин хислату саховат нест, магар аз Маън ибни Зоида. Хуб аст ҳар яке аз мо шеъре дар мидҳати ў бигўем.
Духтари нахустин гуфт:
Савоб кард, ки пайдо накард ҳар ду ҷаҳон
Ягона Эзади додору беназиру ҳамол,
В-агарна, ҳар ду ҷаҳонро кафи ту бахшидӣ,
Умеди банда намондӣ ба Эзади мутаол.
Ва духтараки дувумин гуфт:
Замин ба сими ту симин кунад ҳаме чеҳра,
Ҳаво ба зарри ту заррин кунад ҳаме ашкол,
Суол рафтӣ пеши ато пазира кунун,
Ҳаме атои ту омад пазира пеши суол.
Духтараки севумин гуфт:
Дастат ба сахо чун яди байзо бинамуд,
Аз ҷуди ту дар ҷаҳон ҷаҳоне бифузуд.
Чун ту сахие на ҳасту на хоҳад буд,
Гў, қофия дол шав, зиҳӣ олами ҷуд!
Чунин гўянд, ки Маън ибни Зоида бо ҷамоате ба нахҷир рафтанд. Онҳоро галлаи оҳуе пеш омад, ба сайд кардан пароканда шуданд. Маън ибни Зоида бар асари яке аз он оҳувон равон гашта, аз ҷамоат дур афтоду бар оҳу зафар ёфт. Аз асб фуруд омада, ўро забҳ кард ва дар он ҳол марде дид, ки ба дарозгўш нишаста меояд. Маън ибни Зоида савор гашта, пеш рафт ва он шахсро салом доду ба ў гуфт:
– Аз куҷо омадӣ?
Он шахс гуфт:
– Аз сарзамини Қузоъа меоям ва солҳост, ки дар он сарзамин бориш набуд. Имсол, ки борон биборид ваз амин сабзу хуррам шуд, ман дар он сарзамин полиз кошта, аз хиёрҳои пешрасида барҷида, амир Маън ибни Зоидаро, ки дар сахову ҷуд шуҳра аст, қасд кардаам.
Маън ба ў гуфт:
– Таманнои ту аз ў чанд аст?
Он мард гуфт:
– Ҳазор динор таманно дорам.
Маън фармуд, ки:
– Ин қадар аз барои ту бисёр аст.
Гуфт:
– Понсад динор таманно хоҳам кард.
Фармуд:
– Агар бигўяд, ки ин бисёр аст?
Гуфт:
– Сесад динор таманно кунам.
Фармуд:
– Агар бигўяд, ин ҳам бисёр аст?
Гуфт:
– Дувист динор бихоҳам.
Фармуд:
– Агар бигўяд, ин низ барои ту бисёр аст?
Гуфт:
– Сад динор дархост кунам.
Фармуд:
– Агар бигўяд, ин қадар бисёр аст?
Гуфт:
– Панҷоҳ динор таманно кунам.
Фармуд:
– Агар бигўяд, ин ҳам бисёр аст?
Гуфт:
– Бо сӣ динор бисозам.
Фармуд:
Агар бигўяд, аз барои ту ин қадар низ бисёр аст?
Гуфт:
– Се дасту пойи дарозгўшро ба ў ҳаволат карда, бо дасте тиҳӣ ба хонаи худ боз гардам.
Пас Маън аз сухани ў бихандиду асб ронд ва ба ғуломон дарпайваст ва дар манзили худ фуруд омада, ба ҳоҷиб гуфт:
– Агар марде ба дарозгўш нишаста, хиёр биёрад, ўро назди ман оваред.
Пас аз соате он мард биёмад, ҳоҷиб ўро ҷавози духул бидод. Чун ба назди амир Маън ибни Зоида даромад, нашинохт, ки амир ҳамон савор аст, ки ўро пеш омада буд, аз он ки хадаму ҳашам бисёр буд ва ҳайбати амир бад-ў ғалаба кард.
Пас, чун мард салом дод, амир фармуд:
– Ё ахалараб (бародари араб), чӣ овардаӣ?
Гуфт:
– Дар ғайри мавсим хиёр оварда, аз амир таманное дорам.
Фармуд:
– Чанд таманно дорӣ!
Гуфт:
-Ҳазор динор.
Муин фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Понсад динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сесад динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сад динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сад динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Панҷоҳ динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сӣ динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Ба Худо савганд, саворе, ки маро пеш омада буд, басе марди шум будааст. Аз сӣ динор камтар чӣ хоҳад буд!
Пас Маън бихандиду ҳеҷ нагуфт. Он гоҳ аъробӣ донист, ки ў ҳамон савор аст, ки пеш омада буд. Пас гуфт:
– Ё саййидӣ, агар сӣ динор набошад, инак хар бар дар истодаву амир Маън ибни Зоида нишастааст!
Амир чандон бихандид, ки бар пушт афтод. Пас аз он вакили худро хоста, фармуд, ки:
– Аъробиро ҳазор динор ва понсад динор ва сесад динор ва дувисту яксаду панҷоҳ динор ва сӣ динор бидеҳ, то бигузорад, ки хар бар дар истода бошад.
Пас аъробӣ ду ҳазору яксаду ҳаштод динор гирифта, мабҳут гашта, санохону дуогўён бозгашт.
Манбаъ: “Ҳазору як шаб”. Ҳикоёти пандомӯз. Душанбе, соли 2024.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳо барои кӯдаконро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.