Ҳикоёти пандомӯзи “Ҳазору як шаб”

Ҳазору як шабМАЛИК  СИНДБОД

Шунидаам, ки малике аз мулуки Порс ҳамеша ба нахҷир рафтию тафарруҷ дўст доштӣ ва шоҳине дошт, ки дастпарварда буд ва шабу рўз онро аз худ дур накардӣ ва тосаке заррин аз барои он шоҳин сохтаву дар гарданаш овехта буд, ки ҳангоми ташнагӣ об аз он тосак мехўрд.

Рўзе малик шоҳин ба даст гирифта, бо ғуломон ба нахҷиргоҳ шуду дом бигустарданд. Ғизоле ба дом афтод. Малик гуфт:

– Ҳар касе, ки ғизол аз пеши ў рад шавад, бихоҳам кушт.

Сипоҳиён ба ғизол гирд омаданд. Ғизол ба сўйи малик биёмаду аз болои сари малик биҷаст. Ғуломон ба якдигар нигоҳ карданд. Малик бо вазир гуфт:

– Чӣ мегўянд?

Вазир гуфт:

Эй малик, ту гуфта будӣ, ки ғизол аз пеши ҳар кас биҷаҳад, ўро бикушӣ. Акнун ғизол аз пеши ту ҷаста.

Малик гуфт:

– Аз пайи ғизол хоҳам рафт, то онро ба даст оварам.

Пас малик аз пайи ғизол битохт ва шоҳин бар сари ғизол нишаста ба чашмонаш ҳамезад, то он гаҳ, ки ғизол кўр гашт ва гурехтан  натавонист. Он гоҳ малик расида, ғизолро забҳ кард ва аз фитрокаш биёвехт. Валекин бисёр ташна шуд, ба сояи дарахте омада дид, ки обе қатра-қатра аз дарахт ҳамечакад. Тосро аз гардани шоҳин бигирифт, пур аз об карда хост бихўрад. Шоҳин паре бар тосак заду об бирехт. Малик дубора тос пур аз об кард. Чунон ёфт, ки шоҳин ташна аст, об ба пеши шоҳин гузошт. Шоҳин пар бар тосак зада, об бирехт. Малик боз онро пур аз об карда, ба пеши асб гузошт, шоҳин пар зада, об бирехт. Малик дар хашм шуду гуфт:

– На худ об хўрдиву на ман ва на асбро гузоштӣ, ки об бихўрад!

Пас теғ баркашида парҳои шоҳинро бияндохт. Шоҳин ба ишорат ба малик бинмуд, ки бар фарози дарахт нигоҳ кунад. Малик ба фарози дарахт нигоҳ карда, море дид, ки заҳр аз он мор  қатра-қатра мечакид. Он гоҳ аз буридани парҳои шоҳин пушаймон гашт ва шоҳин ба даст гирифта, ба мақарри худ бозгашт. Ғизолро ба хонсолор супурда худ бар тахт нишаст ва шоҳин дар даст дошт. Пас шоҳин фарёде баркашида бимурд. Малик пушаймону маҳзун шуд.

ВАЗИР  ВА  ПИСАРИ ПОДШОҲ

Шунидаам, ки малике аз мулук писаре дошт. Писар хост, ки ба нахҷир шавад. Малик вазирро бо ў бифиристод. Эшон шикор ҳамекарданд, то ин ки ба ғизоле бирасиданд. Вазир гуфт:

– Ин ғизолро бигир!

Маликзода асб битохт, ўву ғизол аз дидаи сипоҳиён нопадид шуданд. Маликзода дар биёбон ба ҳайрат андар буд, намедонист куҷо равад. Он гоҳ духтаре бидид гирён. Бо ў гуфт:

– Кистӣ ва аз баҳри чӣ гирёнӣ?

Духтар гуфт:

– Ман духтари малики Ҳинд будам. Савор гашта ба нахҷир шудам ва маро хоб даррабуд. Аз асб ба зер афтодаму роҳ ба ҷойе надонистам.

Маликзода бад-ў раҳмат овард ва ўро бардошта, ба хонаи зин гузошту ҳамерафт, то ба ҷазирае бирасид. Духтар аз маликзода дархост кард, ки ўро аз зин фуруд овард. Чун фуруд овард, дид, ки ғўле аст бадшаклу маҳиб ва фарзандони худро пеши худ мехонаду мегўяд, ки: Одаме фарбеҳ аз баҳри хўрдан овардаам. Маликзода чун ин бишнид, дил ба марг ниҳод ва аз бими ҷон бар худ биларзид. Ғўл гуфт:

Чаро тарсонӣ, охир, на ту маликзодаӣ? Чаро ба моли падар аз чанги душман бадар намеравӣ?

Маликзода гуфт:

Душмани ман аз ман ҷон ҳамехоҳад, на зар!

Ғўл гуфт:

– Чаро паноҳ аз Худо намехоҳӣ?

Маликзода сар ба осмон карда гуфт:

«Амман йуҷибу-л-музтарра изо даъоҳу». Исрифҳу ъаннӣ иннака ъало мо ташоу қадирун.

Ғўл чун ин бишнид, аз маликзода ба канор рафт. Маликзода ба пеши падар бозгашт ва ҳадиси вазир бо падар баён кард.

– Ту низ, эй малик, агар ба гуфтаи ҳакими Рўён дил биниҳӣ, дар куштани ту тадбире кунад ва ба зудӣ кушта шавӣ, чунонки дар беҳбудии ту тадбир кард ва чавгоне ба дасти ту дода, туро аз барас халос намуд.

Малики Юнон гуфт:

Рост гуфтӣ, ки ў чунонки ба осонӣ маро аз барас халос кард, тавонад, ки дастагуле ба ман диҳад, ки ман онро бўида ҳалок шавам. Акнун бозгўй, ки раъйи савоб кадом аст?

Вазир гуфт:

– Ўро бикуш ва аз шарри ў ба роҳат андар бош ва пеш аз он ки ў бо ту қайд  (макр) кунад, ту ҳилат бар ў тамом кун.

Дарҳол малики Юнон ҳакими Рўёнро бихост. Ҳакими Рўён ҳозир омад ва остони маликро бўса доду гуфт:

Худойгони ҷаҳоно, Худой ёри ту бод,

Саодати абадӣ ҷуфти рўзгори ту бод!

Ба ҳар куҷо, ки занӣ теғ, даст дасти ту бод,

Ба ҳар куҷо, ки ниҳӣ пой, кор кори ту бод!

Ва боз бархонд:

Фахр кун бар ҳама шоҳон, ки туро шояд фахр,

Ноз кун бар ҳама мирон, ки туро зебад ноз!

Гўйи фатҳу зафар андар хами чавгони ту бод!

Чун дили Маҳмуд андар хами зулфайни Аёз.

Ва боз гуфт:

Андеша ба рафтани самандат монад,

Оташ ба синони девбандат монад,

Хуршед ба ҳиммати баландат монад,

Печидани афъӣ ба камандат монад.

Чун ҳакими Рўён абёт ба анҷом расонид, малик гуфт:

– Донӣ, ки аз баҳри чӣ хостамат?

Ҳаким гуфт:

– Ло йаъламу-л-ғайба иллаллоҳу.

Малик гуфт:

– Туро аз баҳри куштан овардаам!

Ҳаким аз ин сухан дар аҷаб шуд ва ҳайрон монда гуфт:

– Ба кадом гуноҳ маро хоҳӣ кушт?

Малик гуфт:

– Ту ҷосусӣ ва ба қасди куштани ман омадаӣ. Пеш аз он ки ту маро бикушӣ, ман туро бикушам.

Он гоҳ малик сайёф (ҷаллод) хост ва ба куштани ҳаким ишорат фармуд. Ҳаким гуфт:

– Маро макуш, ки Худо туро накушад.

Малик гуфт:

То туро накушам, эмин натавонам зист ва ҳаметарсам, ки бо андак чизе маро бикушӣ, чунонки чавгон ба дасти ман дода маро аз барас халос кардӣ.

Ҳаким гуфт:

– Эй малик! Подоши некўии ман на ин аст.

Малик гуфт:

– Ночор бояд кушта шавӣ.

Ҳакими Рўён ҳалоки хештан яқин карда маҳзун шуду бигирист ва аз некўиҳо, ки бо малик карда буд, пушаймон гашту гуфт:

Қаҳти вафост дар бунаҳи охируззамон,

Ҳон, эй ҳаким, пардаи узлат бисоз, ҳон.

Ту ғофилу сипеҳри кушанда рақиби ту,

Фарзона хуфтаву саги девона посбон.

Он гоҳ сайёф пеш рафта, шамшер баркашид ва куштанро дастурӣ хост. Ҳакими Рўён бигиристу бо малик гуфт:

Эй бар сари халқ сояи адли Худоӣ,

Бахшуданиям, бар мани мискин бахшой.

Пас аз он бигиристу гуфт:

Эй малик, подоши ман на ин буд. Ту маро подош ҳамедиҳӣ, чунонки наҳанг сайёдро.

Малик гуфт:

– Чун аст ҳикояти наҳанг бо сайёд?

Ҳаким гуфт:

– Эй малик, дар зери теғ чӣ гуна тавонам ҳадис гуфт?

Ту аз ман даргузар ва ба ғарибии ман бибахшой, ки Худои таоло бахшандагон бибахшояд.

Пас, дар он ҳангом, яке аз хосон пояи сарири маликро бўса дода гуфт:

– Эй малик, аз ў даргузар, ки мо гуноҳе аз ў надидаем.

Малик гуфт:

Агар ман ўро накушам, худ кушта шавам. Аз он ки касе, ки тавонад чавгоне ба дасти ман дода, аз нохушии барас наҷотам диҳад, ин низ метавонад, ки дастагуле ба ман диҳад, ки ман ўро бўида ҳалок шавам. Маро гумон ин аст, ки ў ҷосусе аст, ки ба қасди куштани ман омада. Ба ночор ўро бояд кушт.

Чун ҳаким донист, ки ночор кушта хоҳад шуд, гуфт:

Эй малик! Акнун, ки ба куштанам остин барзадаӣ, маро дастурӣ деҳ, ки ба хонаи хеш раваму васият бигузорам ва маро китобест баргузида, ўро оварда, бар ту ҳадя кунам.

Малик гуфт:

– Чӣ гуна китобест?

Ҳаким гуфт:

Он китоб судҳои бисёр дорад. Камтар судаш ин аст, ки пас аз он ки сар бурида шавад, малик он китобро бикушояд ва аз саҳифаи дасти чап се сатр бихонад, он гоҳ сари ман дар сухан ояд ва он чиро малик суол кунад, посух диҳад.

Маликро ин сухан аҷаб омад ва ҳакимро ба посбон супурда ҷавози рафтанаш дод. Ҳаким ба хонаи хеш рафта ду рўз дар хона ҳамебуд. Рўзи севум дар пешгоҳи малик ҳозир гашт. Китобе куҳан бо мукҳулае дар даст дошт. Табақе хоста аз он мукҳула андаке дору ба табақ фурў рехту гуфт:

Эй малик, ин китоб бигир! Чун сари маро бибуранд, бифармой, ки дар ҳамин табақ ниҳода, бад-ин дору биёлоянд, ки хунаш бозистад. Он гоҳ китоб кушуда, бад-он сон, ки гуфтам, се сатр бихон ва аз сари ман он чи хоҳӣ, суол кун.

Малик китоб биситад ва хост, ки онро бикушояд, варақҳои китобро ба ҳам пайваста ёфт. Ангушт ба оби даҳан тар карда варақе чанд бикушуд ва ба осонӣ кушуда намешуд. Чун шаш варақ бикушуд, ба китоб андар хатте наёфт. Гуфт:

– Эй ҳаким, хатте дар китоб надидам.

Ҳаким гуфт:

– Варақе чанд низ бигардон.

Малик авроқ ҳамекушуд, то ин ки заҳре, ки ҳаким дар китоб ба кор бурда буд, бар малик коргар омад ва фарёде баланд баровард. Ҳакими Рўён чун ҳолати малик бидид, гуфт:

– Эй малик, нагуфтамат:

Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш,

Ки реши дарун оқибат сар кунад.

Ба ҳам бармакун, то тавонӣ, диле,

Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам бар кунад.

Ва ҳанўз ҳаким абёт ба анҷом нарасонида буд, ки малик даргузашт.

“Ҳазору як шаб. Ҳикоёте пандомӯз”. Душанбе, 2024.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои шавқоварро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.