Ҳикоёти пандомӯзи “Ҳазору як шаб”

Ҳазору як шабАҶУЗИ  ПАРҲЕЗГОР

Ва аз ҷумлаи ҳикоёт ин аст, ки марде аз ҳоҷиён бар сари роҳ дергоҳе бихуфт. Чун аз хоб бедор шуд, асаре аз ҳоҷиён наёфт. Бархоста ҳамерафт, то роҳ гум кард. Ба бероҳа равон шуд. Аз дур хаймае дид. Бар дари хайма рафта, аҷузе ёфт, ки дар назди он аҷуз саге хуфта буд. Пас ба он хайма наздик шудаву ба он аҷуза салом дод ва аз ў таом хост.

Аҷуз гуфт:

Ба ин саҳро шаву морҳо сайд кун, то ман морҳо барои ту бирён кунам.

Он мард гуфт:

– Маро ҷуръати сайд кардану хўрдани мор нест.

Аҷуз гуфт:

– Бим мадор, ки ман бо ту меоям ва аз он морҳо сайд кунам.

Пас аҷуз бархосту бо ў бирафт ва саг аз пеши эшон равон шуд. Аҷуз аз морҳо ба қадри кифоят сайд кардаву бирён сохт. Он марди ҳоҷӣ гуфтааст: Чора ба ҷуз хўрдани мори бирёнкарда надидам. Аз он морҳо бихўрдам ва ташна шудаму аз аҷуз об хостам. Аҷуз ба ман гуфт:

– Ба назди чашма шаву аз он чашма об бинўш.

Ман ба сўйи он чашма рафта, оби ўро талх  ёфтам, вале ҷуз хўрдан чора надидам. Пас аз он ба сўйи аҷуз бозгаштаму ба ў гуфтам:

Эй аҷуз, аҷаб аз ту, ки дар чунин макон мақом дорӣ ва таоми ту ин гуна хўрданиҳосту туро об аз ин чашмаи талх аст?

Аҷуз гуфт:

– Магар билоди шумо чӣ гуна аст?

Он мард гуфт?

Дар шаҳри мо хонаҳое васеъ ва меваҳое лазизу ширин ва обҳои гуворову хўрданиҳои хушу гўштҳои фарбеҳ ва соири чизҳои некў чандон аст, ки  ҷуз биҳишт дар ҷойи дигар ёфт намешавад.

Аҷуз гуфт:

Ман инҳо шунидаам, валекин ба ман бигў, оё шуморо султоне ҳаст, ки ба шумо ҷавр кунад ва агар аз яке аз шумоҳо гуноҳе сар занад, моли ўро бигираду ўро талаф кунад ва агар хоҳад, шуморо аз хонаи хештан берун кунад?

Марди ҳоҷӣ ба он аҷуз гуфт:

– Оре, ин гуна чизҳо иттифоқ меафтанд.

Аҷуз гуфт:

– Ба Худо савганд, чун чунин аст, он таомҳои латиф ва обҳои гуворову меваҳои лазиз бо он зулму ситам заҳри музобест (гудохта) кушанда ва моро одат гирифтан ба ин гуна таомҳо тарёқест судманд. Оё нашунидаӣ, ки бузургтарини неъматҳо баъди ислом, сиҳҳату амн аст ва ин ҳам аз адолати султони рўйи замин даст диҳад ва аз ҳусни сиёсати султон амну амон падид ояд ва салотини пешин дўст медоштанд, ки эшонро ҳайбате бошад, ки раъият онро бибинаду аз ў битарсад, валекин подшоҳи ин замонро фарз аст, ки барои ў сиёсати  тамом ва ҳайбати бузург бошад, аз он ки мардумони ин рўзгор чун пешиниён нестанд, ки онҳо дилсахт ва лаҷуҷу хиёнаткоранд. Агар, Худо накарда султон дар миёни эшон заиф бошад ва ё ин ки худованди сиёсату ҳайбат набошад, шак нест, ки шаҳр хароб хоҳад шуд ва дар амсол гуфтаанд, чизе ки мазмуни он ин аст, ки раъият ситамгорӣ пеш гиранд, Худои таоло султони ҷаббору малики қаҳҳор бар эшон мусаллат кунад. Чунончи дар ахбор ворид шудааст, ки Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф рўзе аз рўзҳо лавҳе падид овард, ки дар он лавҳ навишта буданд, ки: Парҳезгор бош ва бандагони Худоро ситам макун! Чун Ҳаҷҷоҷ лавҳ бихонд, ба минбар фароз рафт ва ў басе фасеҳ буд. Он гоҳ гуфт:

– Айюҳаннос! Худои таоло маро ба ҷиҳати аъмоли шумо ба шумо мусаллат карда. Агар ман бимирам, шумо бо ин аъмоли зишт аз ҷавру ситам халосӣ нахоҳед ёфт. Касе аз ман ситамгартар султони шумо хоҳад буд, ки шоир гуфтааст:

Яке меравад, дигар ояд ба ҷой,

Ҷаҳонро намонанд бекадхудой.

 

                                     АҲРОМИ  МИСР

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Маъмун ибни Ҳорунаррашид ба маҳрусаи Миср даромад. Ба хароб кардани гунбадҳои ҳарамон фармон дод, то молеро, ки дар он макон буд, ба даст оварад ва чун хост онҳоро вайрон кунад. Гуфтаанд, Маъмун дар он утоқ чандонки мол сарф карда буд, мол падид овард, на зиёдтар буду на камтар. Пас он молро бардошта, аз он ният боз гашт. Ва он гунбадҳо аз аҷоиби рўзгор буданд ва дар рўйи замин монанди онҳо дар истеҳкому баландӣ ёфт намешуд ва онҳоро бо сангҳое бузург бино карда буданд. Сангҳоро сўрох карда, қазибҳое оҳанин ба сўрохи он санг гузошта ва санги дигарро низ сўрох карда, аз рўйи он қазиби оҳанин ба фарози санги дигар гузошта буданд ва он гоҳ сурби гудохта бар он рехта буданд ва баландии ҳар бино сад зироъ аз зироъҳои он вақт будааст. Ва пешиниён гуфтаанд, ки «Дар он гунбаде, ки хароб кардаанд, сӣ хазина будааст пур аз гавҳарҳои қиматию молҳои бисёр ва суратҳои ғарибаву олоту аслиҳаи фохира, ки онҳоро бо равғане равғанмол карда буданд, ки то рўзи қиёмат он олот занг нагиранд ва дар он хазинаҳо шишаҳое ҳаст, ки печида мешаванду намешикананд ва гуна-гуна маъҷунҳо дар он ҷо ҳаст ва дар гунбади сонӣ хабарҳои коҳинон дар лавҳаҳо навишта, аз ҳар коҳине ба як лавҳае навиштаанд ва дар он лавҳ санъатҳои аҷибаи он ҳаким марсум аст ва дар деворҳо суратҳо ҳаст, монанди асном, ки бо дастҳои хештан ҳама кор бикунанд ва ҳар гунбадро хозине буд, ки посбонии ўро мекард ва дар аҷоиби он биноҳо худовандони басоиру абсор дар ҳайрат монда, дар васфи онҳо ашъор гуфтаанд ва аз ҷумлаи он ашъор ин абёт аст:

Зи бас нағзкорӣ чу кохи Сулаймон,

Зи бас устуворӣ чу садди Сикандар.

Бар афрози он чанбари чархи гардон,

Сари посбонро бисояд ба чанбар.

На хуршедро сўйи болои ў раҳ,

На андешаро сўйи паҳнои ў дар.

 

                        ДОСТОНИ  КЎДАКИ  ПАНҶСОЛА

Саргузашти кўдаки панҷсола ин аст, ки чаҳор тан аз бозаргонон дар ҳазор динор шарик буданд ва зарҳо дар ҳам омехта, дар ҳамёне карданду ҳамерафтанд, ки бизоат бихаранд. Дар миёни роҳ ба боғе расида, бадраи зар ба зане боғбон супурданд ва ба боғ андар гашта ҳамегаштанд, то ба лаби ҷўйи обе расиданд ва дар он ҷо бинишастанду хўрданӣ, ки бо худ доштанд, бихўрданд. Он гоҳ яке аз эшон гуфт:

Атре бо худ дорам, биёед сару рўйи хештан аз ин оби равон бишўем ва аз он атр ба кор барем!

Яке дигар гуфт:

– Шона зарур аст!

Дигаре гуфт:

– Аз боғбон бозпурсем, шояд ки шона дошта бошад.

Пас дарҳол яке аз эшон бархоста, ба сўйи боғбон рафту ба ў гуфт:

– Бадраи (халта) зар ба ман деҳ!

Боғбон гуфт:

Ҳамаи ёрони худ ҳозир кун ва ё ин ки ёрони ту маро овоз диҳанд ва ба ман бигўянд, ки бадра ба ту рад намоям.

Ва ёрони он мард дар маконе буданд, ки боғбон эшонро медиду овозашон мешунид. Он мард ёрони худро овоз дода гуфт, ки:

– Ин боғбон чизе ба ман намедиҳад!

Эшон боғбонро овоз дода, гуфтанд, ки:

– Ҳар чӣ мехоҳад, бидеҳ!

Чун боғбон  сухани эшон  бишунид, бадраи зар ба ў дод. Он мард бадра бигирифт ва аз боғ бадар рафта, бигурехт. Чун омадани ў ба назди ёрон дер шуд, эшон ба назди боғбон рафта, ба ў  гуфтанд:

– Чаро шона намедиҳӣ?

Гуфт:

Рафиқи шумо аз ман ҷуз бадраи зар чизе нахост ва ман то иҷозати шумо нашунидам, бадра надодам ва ў бадра аз ман гирифта, берун рафт.

Чун бозаргонон сухани боғбон бишуниданд, тапонча бар сару рўйи хеш бизданду боғбонро гирифта, ба ў гуфтанд, ки:

– Мо ҷуз шона аз ту чизе нахостем  ва рад кардани бадраро иҷозат надодаем!

Боғбон гуфт:

– Рафиқи шумо ҳаргиз номи шона набурд.

Пас бозаргонон он занро гирифта, ба сўйи қозӣ бурданд. Чун дар назди қозӣ ҳозир шуданд ва қисса бар вай фурў хонданд, қозӣ ҳукм кард, ки боғбон ғаромат кашад. Он гоҳ бозаргонон бар ў овехта, бадраи зар ҳамехостанд.

Боғбон ҳайрон ҳамерафт ва роҳро аз бероҳа намешинохт. Кўдаки панҷсола ҳайрати ўро бидид, ба ў гуфт:

– Эй модар, аз баҳри чӣ ҳайронӣ?

Боғбон посух надод ва ўро хурдсолу ҳақир шумурд. Он кўдак ҳамон суолро мукаррар кард. Боғбон ба он кўдак гуфт:

– Ҷамоате ба тафарруҷи боғ даромаданд ва бадраи ҳазор динори зар ба ман супурданду бо ман шарт карданд, ки то ҳамагӣ ҳозир нашаванд, ман бадра надиҳам. Пас аз он ба боғ андар шуда, тафарруҷ ҳамекарданд, ки яке аз эшон берун омада, ба ман гуфт:

Бадраи зар бидеҳ!

Ман гуфтам:

– То ҳамагӣ ҳозир нашавед, нахоҳам дод!

Гуфт:

– Аз ёрони худ иҷозат дорам.

Ман сухани ўро напазируфтаму бадра надодам. Ў бонг ба ёрони худ зад, ки:

– Боғбон чизе намедиҳад!

Ёрони ў маро овоз дода ба ман гуфтанд:

– Ҳар чӣ мехоҳад, бидеҳ!

Он гоҳ ман бадра бад-ў додам. Чун бадра биситод, аз боғ бадар омада, аз пайи кори хештан рафт. Пас аз соате ёрони ў ба сўйи ман омада, ба ман гуфтанд:

– Аз баҳри чӣ шона намедодӣ?

Ман гуфтам:

– Ў шона аз ман нахоста ва ҷуз бадра сухане дигар бар забон наёвард. Ман низ бадра бад-ў додам.

Чун эшон ин сухан аз ман бишуниданд, маро гирифта, назди қозӣ бурданд. Қозӣ маро ба ғаромати бадра амр кард.

Кўдак гуфт:

Эй модар, як дирам ба ман деҳ, ки ҳалво бигирам ва сухане бигўям, ки халоси ту дар он бошад.

Боғбон як дирам ба он кўдак бидод ва ба ў гуфт:

– Он сухан, ки маро халос кунад, бозгў!

Кўдак гуфт:

– Эй модар, ба сўйи қозӣ боз гард ва ба ў бигў, ки шарти ман бо эшон ин буд, ки бадраро надиҳам, магар вақте ки эшон ҳамагӣ ҳозир шаванд. Ҳар вақт ки чаҳор тан бо ҳам ҳозир оянд, ман бадра бозпас диҳам.

Дарҳол боғбон ба сўйи қозӣ боз гашт ва он чи аз кўдак омўхта буд, ба қозӣ гуфт. Қозӣ аз бозаргонон пурсид, ки:

– Ин шарт дар миёни шумо ҳаст ё на?

Гуфтанд:

– Оре, чунин шарт кардаем!

Қозӣ гуфт:

Чун шарт чунин аст, рафиқи худатонро ҳозир сохта, бадра биситонед.

Он гоҳ боғбон аз дасти эшон халос ёфта, аз пайи кори хеш рафт.

 

“Ҳазору як шаб. Ҳикоёте пандомӯз”. Душанбе, 2024.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои шавқоварро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.