Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон!

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн ҳамасола дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯдакон соли 1950 ҷашн гирифта шудааст. Қарор дар бораи гузаронидани он аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон дар сессияи махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуда буд.

СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Ҳар як кӯдак ба кӯдакӣ ва хушбахтӣ ҳақ дорад. Ва он танҳо ба калонсолон вобаста аст, ки он чӣ гуна хоҳад буд.

Дар рӯзи кӯдакон ман он қадар мехоҳам, ки ҳама, бидуни истисно, кӯдакон муҳаббату самимиятро эҳсос кунанд. Онҳо ҳисс кунанд, ки калонсолон масъуланд амнияту саломатии ишонро таъмин намоянд.

Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон аст, балки он инчунин ҷомеаро ба ёди ҳуқуқи кӯдак меандозад. Яъне, кӯдакон низ чун фарди ҷомеа дорои ҳуқуқҳо мебошанд ва бояд барояшон таъмин шавад.

Кӯдаки солим ҷомеаи солим аст, аз ин рӯ падарону модарон вазифадоранд саломатии фарзандони худро ҳифз кунанд.

Хандаи тифлон дар хона худ як дору барои аҳли хонадону атрофиёни онҳост. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша хандабалаб бошанд!

 

Неъматова Зайнура.

Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ