Имтиҳони қабул миёни довталабони зинаҳои аспирантура ва докторантураи PhD дар Китбхонаи миллӣ
Имрӯз (07.10.2025) дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳони давлатӣ миёни довталабони зинаҳои аспирантура ва докторантураи PhD доир шуд. Бояд гуфт, ки ин таҷрибаи аввалин дар таърихи Китобхонаҳои ҷумҳурӣ буда, ҳадаф аз он беш аз ҳар вақти дигар рӯ овардан ба асосҳои илмии соҳаи китобдорӣ ва китобхонашиносист. таҳкими ори аввал буда, минбаъд заминаҳои илмиву эҷодиро дар ин паҳлу меафзояд.
Дар вохурӣ нахуст, масъулин довталабонро ба оиннома ва талаботҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар Китобхона олимону муҳақиқони барҷаста барои таълимгирандагони ин зинаҳои таҳсил дарс мегузаранд.
Дар кори Комиссия муовинони директори Китобхонаи миллӣ, Сайфиддин Камолзода, Муҳаммадикбол Атозода, мушовири директор Сафар Шосаидзода, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Хадиятуллоҳи Амриддин, мудири бахши ҳуқуқ ва иттилоот Парвина Нураллиева ва устодони соҳаи китобдорӣ Шариф Комилзода, Сайдалӣ Муҳиддинов ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ин росто ҳар як довталабе, ки барои дар зинаи аспирантура ва докторантураи PhD таҳсил намудан меояд, ҳатман зери роҳбарии ин олимони соҳа ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешавад. Зеро Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» муассисаи илмие, мебошад, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳимро мебозад.
ДОВТАЛАБОН АЗ РӮИ ЗИНАИ АСПЕРАНТУРА
- Раҳмонова Маҳина – сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ
- Толибова Фароғат – муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ
- Муҳаммадсодиқова Муниса – шуъбаи нигоҳдории китоб
- Шаҳзодаи Нурмуҳаммад – мутахассиси шуъбаи хизматрасонии библиографӣ
- Каримов Шоҳрух – мутахассиси пешбари шуъбаи АРКИ
- Искандарова Сайфура – сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
ДОВТАЛАБОН АЗ РӮИ ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРАИ PHD
- Даниярова Насиба – муовини сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ
- Шаҳбози Алихон – муовини сардори шуъбаи менечменд ва маркетинг
- Зиёев Муҳаммадвалӣ – сармутахассиси Маркази «Точикшиносӣ»
Аз рӯи арзёбии аъзои Комиссия аз зумраи довталабони зинаҳои мазкур чор нафар ба зинаи асперантура ва се нафар ба зинаи таҳсили докторантураи PhD роҳ ёфтанд.
Абдуғаюр Саломов