Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад…

      Зери ҳамин унвон санаи 8-уми июн бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар тарабхонаи “Боми ҷаҳон” доир карда шуд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон  Хол чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва намояндагони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Меҳмонони чорабинӣ дар суханронии хеш аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд ёдовар шуда, зикр намуданд, ки нафарони маълулиятдошта ҳамеша дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, онҳо аз дастгириҳои иҷтимоии давлат ва шахсони саховатпеша ба таври доимӣ бархӯрдоранд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ сарояндагони ҷавон Париноз Ақназарова ва Мубориз Усмонов лаҳзаи суруду мусиқӣ ба хотири болидарӯҳии ширкаткунандагон доир намуданд.