«Интихобот ва таъмини ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа»
Монографияи М. У. Хидирзода ба таҳлили масъалаҳои интихобот бахшида шуда, адр он накши ин маъракаи муҳимми сиёсӣ дар таъмини ҳамгироии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар монография интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ ва ниҳоди сиёсӣ арзёбӣ гардида, технологияҳои гуногуни интихоботӣ ва усулҳои истифодаи онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Монография барои ҳамаи онҳае, ки ба омӯзиши масъалаҳои интихобот мароқ доранд тавсия шудааст.
Доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла навиштааст: Китоби доктори илмҳои фалсафа, профессор М.У. Хидирзода ба унсури хеле муҳимми раванди сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ, ба мавзӯи интихобот бахшида шудааст. Соли 2020 дар ҷомеаи тоҷик ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки онҳо баҳри таҳкими низоми демократӣ дар кишвар саҳми босазои худро мегузоранд. Маҳз дар ҳамин соли таърихӣ таълиф гардидани китоби М.У. Хидирзода, ба назари мо, иқдоми хуб ва як падидаи нек дар соҳаи илмҳои сиесӣ дар кишвар мебошад.
Чуноне ки худи муаллиф қайд мекунад, “дар низоми умумии равандҳои сиёсӣ интихобот мақом ва аҳамияти хосса дошта, тавассути он низоми сиёсии ҷомеа қонуниятро соҳиб мешавад”. Дар ҳақиқат, интихобот абзори калидӣ дар раванди ивазшавии осоиштаи қудрат дар ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад.
Дар таълифоти худ М.У. Хидирзода ҷанбаҳои назариявию консептуалии интихоботро ҳамчун институти сиёсӣ хеле дақиқ таҳлил намудааст. Интихобот ҳамчун яке аз рукнҳои низоми демократӣ падидаи сиёсати дохилии давлат, инъикосгари иродаи сиёсии давлат дар таҳкими равандҳои демократикунонии кишвар мебошад. Дар ин қисми китоб, ки ба масоили институтсионалии интихобот бахшида шудааст, муаллиф тавонистааст назари худро нисбат ба ин унсури муҳимми низоми демократӣ дар асоси таҳлилҳои воқеъбинона изҳор намояд. Дар ҳақиқат, интихоб кардан худ яке аз қобилиятҳои инсони комил буда, ҷанбаҳои онтологӣ, гносеологӣ ва аксиологии ин амалро инъикос мекунанд. Яке аз масоили мубрами раванди интихобот падидаи ваколатдоркунии сиёсӣ мебошад, ки онро муаллиф тавонистаст ба таври возеҳ таҳлил намояд. Воқеан ҳам, истилоҳи «ваколатдоркунии сиёсӣ» яке аз мафҳумҳои калидии маркетинги сиёсӣ ба шумор меравад ва он дар раванди интихобот дар низоми демократӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Хоҳишмандон китоби Хидирзода М. У. «Интихобот ва таъмини ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.