Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Идома)

Корномаи Ардашери БобаконV

 Дар фиристодани Ардавон писари хешро бо сипоҳ

ба Порс ба гирифтани Ардашер

Ардавон чун бишнид, боз гашт ва ба ҷои нишасти хеш омад. Пас аз он сипоҳу ғунд (даста) ороста бо писари хеш ба Порс ба гирифтани Ардашер фиристод.

Ардашер роҳ аз канори дарё гирифт. Чун мерафт, чанд мард аз мардумони Порс, ки аз Ардавон озурда буданд, дороӣ ва тани хеш пеши Ардашер доштанд ва ягонагиву фармонбардорӣ падид  оварданд.

VI

Дар ёри додани Буног ба Ардашер

Чун ба ҷое, ки Ромиш – Ардашер хонанд, расид, марде бузургманиш Буног ном аз Исфаҳон, ки аз дасти Ардавон гурехта буд, он ҷо  макон дошт, худ бо шаш писару бас сипоҳу ғунд ба назди Ардашер омад. Ардашер аз Буног метарсид, ки мабодо гирадам ва ба Ардавон супорад. Пас Буног ба пеши Ардашер омад ва савганд хӯрду паймон кард, ки то зиндаам, худ бо фарзандон фармонбардори ту бошам. Ардашер хуррам шуд ва он ҷо рустоеро, ки Ром-Ардашер хонанд, фармуд бунёд кардан. Ӯ Буногро бо саворон он ҷой гузошт, худ ба канори дарё рафт.  Чун дарё ба чашм дид, сипоси Яздон ба ҷой овард ва дар он ҷой рустоеро  Бухт – Ардашер ном ниҳод ва фармуд даҳ оташи Вараҳрон ба назди дарё нишонанд. Ва аз он ҷой боз ба наздики Буногу саворон омад.

VII

Дар корзори Ардашер бо Ардавон ва  ба занӣ

гирифтани духтари Ардавон

Ардашер сипоҳ ороста ба даргоҳи оташи Фарнбаи накӯкор шуд ва аз ӯ  барор хосту ба корзори Ардавон омад. Он  ҳама  сипоҳи Ардавон бикушт, дороӣ ва сутуру сомони дигар аз  вай бистонду худ ба Истахр макон гирифт. Аз кирмону Макрону Порс, аз ҳар сӯй сипоҳи бас бешумор гирд кард ва ба корзори Ардавон омад. Чаҳор моҳ ҳар рӯз бас корзору куштор буд.

Ардавон аз ҳар вилоят, чун аз Райу Дамованду Делмону Падишхоргар сипоҳу нерӯ хост. Аз он ки фарри кайон бо Ардашер пирузӣ ёфт. Ӯ Ардавонро бикушт ва ҳама дороӣ ба дасти Ардашер омад ва духтари Ардавонро ба занӣ гирифт. Боз ба Порс омад ва шаҳристонеро, ки Ардашер-хварра хонанд, бунёд кард. Ва ӯ дарёе бузург канду оби чаҳор  ҷӯй аз он баровард ва оташ бар он ҷой нишонду кӯҳи бузургеро канда, рӯди Ровак аз он равон кард. Бас деҳу мулк обод кард ва  оташи Варахрон дар он фармуд нишондан.

VIII

Дар корзори Ардашер бо курдон ва табоҳ  шудани ӯ

Пас аз он сипоҳу гунди зӯровар бо ҳам кард ва ба корзори Модигшоҳи курдон рафт. Басе корзору хунрезӣ шуд ва сипоҳи Ардашер сутӯҳ гардид. Ардашер бо сипоҳи хеш дар биёбон шуд ва шаб ба биёбон омад, ки онро ҳеҷ обу гиёҳ набуд. Худ бо саворону сутурон ҳама ба гуруснагиву ташнагӣ омаданд.

Ӯ аз дур оташи шубонон бидид ва ба он ҷой рафт. Он ҷо  мардони пире дид, ки бо гӯсфандон ба дашту кӯҳ  буданд. Ардашер он шаб он ҷо шуд ва рӯзи дигар аз эшон пурсид. Эшон гуфтанд, ки аз ин ҷо се фарсанг рустоест ободон ва пурмардуму борифоҳ.

Ардашер ба он деҳ шуд, мардеро фиристод ва саворони хеш ба даргоҳ хост. Сипоҳи Модигон пиндошт, ки  акнун аз Ардашер бебим ҳастем. Чун ки ӯ ба сутуҳӣ боз ба Порс шуд.

IX

Дар шабохун  кардани ӯ бар сари курдон ва  сутуҳидани эшон

Ардашер чаҳор ҳазор мардро ороста бар эшон битохт ва  шабохун карду  аз курдон  ҳазор мардро бикушт. Дигаронро захмӣ ва   дастгир кард ва  аз курдоншоҳ бо писарону бародарон ва фарзандон басе ганҷу дороӣ ба Порс фиристод.

X

Дар разми Ардашер бо Ҳафтувод ва сутӯҳии Ардашер

Дар роҳ сипоҳи Ҳафтуводи худованди Кирм ӯро саркӯб ва он ҳама ганҷу дороиву бор аз саворони Ардашер бистонд ва  ба Кулорон – мулки Кулор, он ҷой, ки Кирм нишемангоҳ дошт, овард.

Ардашер дар он андеша буд, ки ба Арманистону Озарбодагон равад,  чунки  Шаҳргирди Шаҳрзуриг бо басе сипоҳу ғунд аз он канори Шаҳрзуриг паймон баста, ба фармонбардории ӯ  омода буд.  Аммо  чун Ардашер  ситамгариву  гунаҳгории Ҳафтубод ва писаронашро ба сипоҳи хеш шунид, дар андешаи он шуд, ки нахуст кори Порс бояд саранҷом кард ва аз душманон бояд бегумон шуд ва пас ба шаҳри  дигар пардохт. Акнун бо он бут, ки ба Кулорон чунин чиру ситамгар буд, панҷ ҳазор сипоҳ ба канори марзу буми Синду Мукрон ва назди  баҳр фиристода буд. Сипоҳу ғунди Ардашер аз атроф боз ба Ардашерхвара омад. Ҳафтубод ҳама сипоҳи хеш боз ба даргоҳ хост.

Ардашер сипоҳе бисёр бо сипоҳбадон ба корзори Кирм равон кард. Ёрони Кирм ҳама ганҷу дороӣ ва борро ба сангари дизи Кулорон ниҳода, худ дар кӯҳҳо ва  ҷойҳои  шикофта пинҳон  шуданд. Саворони Ардашерро аз ин огаҳӣ набуд, ба буни дизи Кулор омаданд ва дизро иҳота карданд. Чун шаб шуд сипоҳи Кирм ба эшон бизад ва шабохун кард ва аз саворони Ардашер бисёр касро бикушт, аспу силоҳ ва зинафзору дороиву бор аз эшон ситонда, дигаронро масхараву  бараҳна ба пеши Ардашер боз фиристод.

Ардашер чун он бидид, хеле  ошуфта  гашт ва аз шаҳр-шаҳр ва ҷой – ҷой ба даргоҳ сипоҳ хост  ва худ  бо сипоҳи  бисёре ба корзори Кирм рафт. Чун ба дизи Кулор омад, сипоҳи Кирм ҳама дар диз нишаста буд. Ардашер перомуни диз биншаст.

Ҳафтубоди  худованди Кирм ҳафт писар дошт. Ҳар писарро бо ҳазор мард ба шаҳрҳо гумошта буд. Он гоҳ писаре,  ки дар Эраҳистон буд, бо бисёр сипоҳ аз тозаёну мисриён аз баҳр гузашт ва бо Ардашер дар набард шуд. Сипоҳи кирм, ки дар диз  буд, ҳама ба берун омад ва  бо  саворони Ардашер набард ва  корзору ҷонсупориҳои сахт кард. Аз ҳар ду сӯй бисёр кушта шуд. Сипоҳи Кирм берун омад ва роҳу гузар чунон бигирифт, ки ҳеҷ кас аз сипоҳиёни Ардашер берун шудан ва хӯроки хешу сутурон овардан натавонист. Аз ҳар ду сӯй мардумону сутурон ҳама ба  ниёзмандиву бечорагӣ омаданд.

 XI

Дар паймон шикастани

Меҳраки  Анӯшакзодон бо Ардашер

Чун Меҳраки Анӯшакзодон аз Порс шунид, ки Ардашер ба  даргоҳи Кирм гирифтор шуда ва ба сипоҳи Кирм пирузӣ наёфт, сипоҳу ғунд ороста, ба ҷойгоҳи Ардашер рафт ва дороиву ганҷи Ардашер бибурд. Чун Ардашер паймоншикании Меҳраку дигар мардумони Порс бишнид, дар он андеша шуд, ки ба набарди Кирм бояд пардохт ва пас ба набарду корзори Меҳрак шуд. Ӯ боз ҳама сипоҳ ба даргоҳ хост, бо сипоҳбадон дар машвара шуд ва чораи наҷоти хеш ва сипоҳ андешид. Пас аз он ба чошт хӯрдан нишаст. Андар замон тире чубин аз диз фуруд омад ва то пар ба барра, ки дар хон буд, фуру нишаст. Ба тир чунин навишта шуда буд, ки ин тирро саворони  худованди пирӯзманди Кирм андохтаанд. Мо набояд марде бузург чун шуморо бикушем, тир ба ин барра задем.

“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали Мероси хатии Бостон нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи Тоҷнома, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост:  МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН

Таҳияи мутахассиси Маркази Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова