Қироншоҳ Шарифзода: Се тадбири ибратбахши президент

Мулоҳизаҳои зайл бардоште аз тадбиру амалҳои дар назари иҷмолӣ “ғайричашмдошт”, вале моҳиятан муҳиму саривақтии Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фосилаи солҳои гуногун сурат гирифта буд, рӯйи коғаз омадаанд.

Тадбири 1. САФАРИ МАСКАВ

(09 майи соли 2021)

Хушҳолӣ ва қаноатмандии Банда аз сафари Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба Русия ва ширкати эшон дар Паради Ғалаба ва чорабиниҳои идона дар Маскав аст. Ҳамаи мову шумо шоҳид будем, ки дар Паради имсолаи Ғалаба бар фашизм аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ танҳо Президенти Тоҷикистон ширкат дошт, ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти Президенти Русия пешакӣ аз даъват нашудани сарони давлатҳои дунё ба Паради имсолаи Ғалаба ба Маскав хабар дода ва ду-се рӯз пештар, бо пайдо шудани ҳангомаҳо, даъвати расмии Президенти Тоҷикистон дар ин рӯзҳоро ба протоколи чанд ҳафта қабл тасдиқшуда рабт дода буд.

Хуб, бошад, вале сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар баробари тадбири оқилона, судманд, стратегӣ будан, рафтори инсонмандонаи Эмомалӣ Раҳмон буд. Ва дуюмин чунин рафторе, ки аз сарчашмаҳои мусалмонию гуманистӣ об мехурад.

Сафари мазкур дар пасманзари якчанд воқеҳои рӯйдодаву равандҳои ояндаи вобаста ба Тоҷикистон сурат гирифт. Маҳфили пешистодаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои ОДКБ, ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе, ки раисии давраӣ ба дӯши Тоҷикистон аст, тадорукоти беруншавии нерӯҳои низомии Амрико ва ёронаш аз Афғонистони ҳамсоя, ки Тоҷикистон дар ин амр масъулият дорад, нооромию муноқишаҳои рӯзҳои охири наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон силсилаҳалқаҳои проблемаҳо ҳастанд, ки бегумон, баррасии батафсили сарварони кишварҳои ҳамсуд, ба хоса Русияю Тоҷикистонро тақозо доранд. Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки сафари Президенти Тоҷикистон на барои худнамоӣ, на барои рашки дигар ҳамтоён, на ба рағми ҳамтоёнаш аст, балки аз эҳсоси вазъи сиёсию иҷтимоии минтақа ва масъулиятшиносӣ ҳасту бас!

Албатта, дар шароити феълӣ, ки ҳамлаи дигарбораи КОВИД-19 дар ақсои олам маҳфилу ҳамоиш, мулоқоти рӯбарӯйи ҳамсуҳбатонро маҳдуд сохтааст ва барои гирдиҳамойии сарони кишварҳо новобаста аз муҳимияти масоили муҳимтарин низ садди роҳ ё баҳонае ҳаст, ба Паради низомӣ ва чорабиниҳои Рӯзи Ғалабаи умумишӯравӣ ба Маскав ташриф наовардани сарони кишварҳои пасошӯравиро касе айб намеҳисобад. Ва тавассути суҳбатҳои онлайнӣ баррасӣ намудани масоили байнидавлатӣ ва минтақавӣ ҳоло “мӯд” шудаасту ба амали муқаррарӣ табдил ёфтан дорад.

Вале сафари Президенти Тоҷикистон ба Маскав, суҳбату ҳамроҳӣ бо Президенти Русия Владимир Путин (бидуни ниқоби тиббӣ!) дар Паради низомӣ ва гулгузорӣ ба хотираи шаҳидони роҳи озодии Ватани умумӣ дар оромгоҳу санги сари қабрҳои аскарони беноми Ҷанги Бузурги Ватанӣ рамзе аз ҳамдигарфаҳмӣ, умед ба ҳамзистии осоишта ва ҳамгироии кишварҳои ҳамсуд аст. Ҳангоми гулгузорӣ садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар қалби кишвари Русия ин умеду ниятҳои неки Сарвари давлати моро гӯё шодбош мегуфту тақвият мебахшид.

Бошад, ки бениқобӣ дар сиёсат ба расми давлатмардону сиёсатмадорон табдил ёбад ва рафтори ҷавонмардонаи Президенти Тоҷикистон вокуниш ва идомаи сазовори амали ҳамтоёнашро ба бор оварад!

Тадбири 2. САФАРИ САМАРҚАНД

(03 сентябри соли 2016)

Ислом Каримов Ёд доред, ба ҷанозаи Президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳозир шудан, пойи тобути ӯро бардоштан ва сари қабраш як каф дуо хондани Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро?

Он рафтори Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи сарварони давлатҳои мусалмоннишини на танҳо Осиёи Миёна, балки олами ислом, ки дар зиндагиаш Ислом Каримовро дӯсту бародар мехонданд ва он солҳо …Тоҷикистон аз сиёсатҳои сарҳадбандию минагузории марзу зиндаҷудо кардани хешу ақрабои ду ҷониби марзи Ислом Каримов ба дод омада буд, ҳамаи ин китфи Сарвари далати Тоҷикистонро хам мекард, ҷавонмардона ба ҷанозаи ӯ рафт ва паҳлуи роҳбарони кишвари ҳамсоя қарор дошт. Ҳикмат: Ҳамсояро интихоб намекунанд, ҳамсояро Худо фармудааст!

Натиҷаашро албатта, ёд дорем. Ҷавонмардии Сарвари нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ростои тасмими кушодани марзҳо, рӯбучини минаҳо аз сарҳади Тоҷикистон, роҳи сафед кушодан ба ҳамсоягарии нек, барқарор намудани ҳамкорию ҳамдастии ҳасанаи давлатии ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз пештара бештару беҳтар рушд додани равобити хешу таборӣ ба ана ҳамон рафтори ҷавонмардонаи Эмомалӣ Раҳмон асос меёфт. Шахси оқил ишораи оқили дигарро мефаҳмаду кафи дасти моил ба вохӯриро мефишорад.

Тадбири 3. “БО ДУШМАНОН МАДОРО”

(08 сентябри соли 2025)

Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ (2025) расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ хабаре ба табъ расониданд, ки ростӣ, касе интизор надошт. Гап сари равон кардани кумаки башардӯстона ба мардуми аз заминларзаи шадиди 31 август ва 1 сентябр осебдидаи Афғонистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мерафт.

Ҳаҷми кумаки башардӯстона, ки бо корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ фиристода шуд, бештар аз 3000 тонна иборат аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ, аз ҷумла орду равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент ва дигар молу маҳсулот будааст.

Ин ҷо ҳаҷм ва навъу намудҳои маводи фиристода чандон муҳим нест, муҳимтар дигар чиз аст. Тавре маълум, зиёда аз чаҳор сол боз Афғонистони ҳамсоя дар зери итоату ҳукмронии Толибон, як ҷунбиши ба террористӣ маҳкумшуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, рӯз мегузаронад. Тоҷикистон аз авалин давлатҳое буд, ки ғасби Афғонистон ва ҷорӣ шудани низоми шадиди исломии тундгароии Толибонро маҳкум карда, эътирофи чунин режими сиёсиро то амалӣ гардонидани ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони қавму халқиятҳои муқими Афғонистон, риояи бемайлони ҳуқуқи баробарии занон бо мардон ва дигар ҳуқуқи маданӣ ғайриимкон ҳисобид.

Бо вуҷуди кӯшишҳои баъзе кишварҳои ҳамсояи ҳамсуд баҳри нармӣ бахшидани муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ бо режими худхоҳи Толибон, Тоҷикистон дар мавқеи эълондоштаи хеш устуворӣ нишон медиҳад. Пас, чунин мавқеъгирии Тоҷикистон тасаввуреро ба миён меовард, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ба равандҳои сиёсии дохилӣ ва сиёсати иҷтимоии Афғонистон бетафовут асту ба воқеаву ҳодисоти рӯйдодаи ин кишвари ҳамсоя низ таваҷҷуҳ нахоҳад кард.

Вале дар чунин ҳолат аз фаҳмишу мавқеи инсондӯстона, тақозои арзишҳои суннатии давлатдорӣ муносибат доштан бо кишвари фалокатзада, ғамшарики мардуми аз зилзилаи шадид осебдидаи Афғонистон гардидан, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт ба чунин иқдоми башардӯстона даст занад.

Ин се тадбири дар солҳои гуногун андешидаи Сарвари давлати Тоҷикистон моҳиятан ба ҳам пайванд буда, пайравӣ аз ҳикмати “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро”, дарку эҳсоси манфиатҳои давлату миллатро ифода менамоянд.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,
муаллими калони
Кафедраи матбуоти ДМТ.