Исфандиёр Ғуломов: Аввалин нақшам дар театр нақши шоҳдухтар буд!
Ин суҳбат тӯл кашид. Замоне оғоз шуд, ки ҳунарманди маъруф бемор набуданд. Ва баъд гирифтор шуданд ва посухи чандин суол чанд моҳ тӯл кашид. Интизор шудам, то шифои комил ёбанд. Ҳоло шукри Аллоҳ ба тамом шифо ёфтанду сари коранд. Ва шояд бори аввал аст, ки маэстро муфассал дар бораи хонавода, ишқи аввалу охир, аввалин нақшҳо дар синамову театр ибрози назар мекарданд.
-Аз хонавода бигўед. Кистанд ва чӣ кора?
– Ҳамсарам Бону ном дорад, хатмкардаи риштаи забони фаронсавии донишкадаи забонҳо. Пас аз хатми он дар китобхонаи Фирдавсӣ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ кор мекард. Рўзе барои вохўрӣ ба ҷои кораш рафтам, дидам нест. Як ҳамкораш пурсид чӣ лозим доред? Надонистам чӣ бигуям, гуфтам феҳристи форсӣ куҷост? Бону номи форсиро шуниду баромад. Гуфтам ба шумо кор дорам. Даступохӯрда шуду тааҷуб кард, ки чӣ тавр ман омадам, хеле интизор буд аз афташ. Гуфт пас аз 10 дақиқа соати корӣ ба анҷом мерасад. Ҳамин тавр аз китобхонаи Фирдавсӣ то Донишкадаи омўзгорӣ аз ин он суҳбаткунон рафтем. Ва дар зимн гуфтам ҳунармандон бадбахтанд, онҳо вақти филмбардорӣ моҳҳо банданд, дар хона нестанд. Соатҳои зиёди худро дар театр мегузароннад. Мабодо пушаймон нашавед. Ў ба издивоҷ розӣ шуд. Худоро шукр, ки 49 сол бо ҳам зиндагӣ дорем ва дар ин муддат ягон маротиба ба ҳамдигар ҳарфи бад нагуфтему таънае кардем. Ҳамдигарро эҳтиром мекунем. Худоро шукр аз ин лиҳоз хушбахтам.
– Чӣ гуна бо ҳам ошно шудед?
– Мо ҳар рўз ҳамдигарро медидему салом дода мегузаштем. Соли 1971 нахустнамоиши филми «Қиссаи зиндони Павиак» шуд. Қарор буд ҳамроҳи Раҷабалӣ Ҳусейнов иштирок кунем. Тасодуфан ҳамон рўз Бонуро вохӯрдам. Ўро ба филм даъват кардам, ҳамроҳи ҷиянаш омад. Борис Кимёгаров моро муаррифӣ намуд. Филм тамом шуд, бояд барои мо зиёфат медоданд. Вақте берун баромадам, дидам ки Бону ҳамроҳи ҷиянаш истодааст. Дер шуда буд. Соат 22: 30 ё 23: 00 шуда буд. Акаи Раҷаб гуфт биё зиёфат равем, гуфтам акаи Раҷаб номардӣ мешавад, даъват кардам, гусел накунам хуб намешавад.
Хуллас, ўро ба хонааш расондам. Аз ҳамон вақт кам-кам вомехӯрдем. Бо машварати апаи Фотима ва Соҷида (руҳашон шод бод) соли 1971 издивоҷ кардем. Аз ин издивоҷ 3 фарзанд дорам. Фараҳбону, ки ҳоло бо шавҳараш дар Канада зиндагӣ мекунад. Духтари дуюмам Анўш. Ин номро ба хотири модари ҳамсарам, ки арманист, гузоштам. Анӯш бо шавҳару фарзандонаш дар кишвари Умон ба сар мебарад. Писарам Муҳаммадҳусейн. Ду фарзанд дорад. Номи падари ҳамсарамро ба писарам гузоштам.
– Ҳамсаратон арманист?
– Модараш арманӣ, падараш эронист. Падари ман эронист, модарам тоҷик.
– Чаро номи хушдоманатонро ба духтаратон гузоштед?
– Чун падару модари хонумамро бисёр дўст доштам. Бароям намуна буданд. Мисли падару модари худам медонистам. Ин қадар ба ман меҳрубону хайрхоҳ буданд, ки орзу мекардам мисли онҳо зиндагӣ дошта бошам.
– Боре дар сўҳбате гуфтед дар хона асбобҳои варзишӣ доред ва ҳар рўз вазнбардорӣ мекунед. Коре, ки аксари ҷавонон худро ба он саргарм намекунанд. Метавон гуфт, ки варзиш ҳам шуғли дӯстдоштаи шумост?
– Бале. Вазнабардориро дӯст медораму пайваста машқ мекунам. Дигар асбобҳои варзишӣ низ дорам. Агар аз филмбардорӣ, тамрин дар театр, сафарҳои ҳунарӣ хаста шавам, тамрин намекунам. Аммо имрўз машқ кардам (механдад).
Азизам, ин барои ҳунарпешаи навкор хеле пули калон аст…
– Аввалин нақшатонро дар синамо ёд доред? Кадом филм буду кай ва чӣ хотироте аз он доред?
– Дар почта посбон кор мекардам, ин корам нисбати кори пештараам осонтар буд. Метавонистам каме бихобам. Пирзанҳои рус мегуфтанд, бирав писарам, бихоб, нашрия оварданд, бедор мекунем. Субҳ соати 5 ҳафтаномаҳо меоварданд, ман қабул мекардам, имзо мегузоштам. Соли чоруми таҳсил дар донишкада буд. Моҳи март буд, коргардони дуввуми филми «Қиссаи зиндони Павиак» барои интихоби ҳунарпеша дар нақши Мансур Абдураҳимов ба Донишкадаи мо омад.Тасодуфан аз наздаш гузаштам, маро боздошту гуфт ҷавони хуб шумо дар ин донишкада таҳсил мекунед? Гуфтам оре. Гуфт дар бахши ҳунарпешагӣ? Гуфтам бале. Дар бахши тоҷикӣ? Бале, гуфтам. Пас ту ба мо лозимӣ. Фардо ба «Мосфилм» биё, барои интихоб дар як нақш санҷиш (кастинг) мегузаронем, – гуфт ў.
Дар санҷиш иҷрои саҳначаеро талаб карданд, саҳнаро бозӣ кардаму рафтам. Ҳеҷ умед надоштам, ки маро дар нақши асосӣ интихоб кунанд, чун қабл аз ман чандин кас дар кастинг ширкат карда, ноком шуданд. Рўзе ба донишкада телеграмма омад, ки шумо дар нақши Мансур Абдураҳимов, филми «Қиссаи зиндони Павиак» тасдиқ шудед. Ҳайрон шудам, намедонистам хурсанд шавам ё не, бовар кунам ё на. Чунки муаллимонамон барои нақшофарӣ дар филмҳо иҷозат намедоданд. Профессори донишкадаи мо Бибиков мегуфт: «Синамо ҳунарпешаро вайрон мекунад, чун шумо он ҷо равед, ҳунарпешаҳои рус ҳатман ба шумо шароб медиҳанд ва шумо майзада мешавед. Набояд ба он ҷо рафт». Боз имтиҳонҳо дар пеш буд. Назди устодам Борис Владимирович Бибиков рафтаму гуфтам устод телеграма гирифтам. Пурсид чӣ гуна телеграмма? Гуфтам маро дар нақши асосӣ, Мансур Абдураҳимов филми «Қиссаи зиндони Павиак» тасдиқ намуданд.
– Ҳоло ҳамин тавр? Дигаронро иҷоза намедиҳам, аммо азобҳои туро, ки медонам, рухсат медиҳам. Аз соли аввали донишҷўӣ то ҳол кор мекунӣ, бисёр азоб кашидӣ. Аммо ту бояд шартномаро биёрӣ, ки бубинам, дастмузди хуб медиҳанд ё на. Агар маблағи хуб диҳанд, иҷоза (механдад). Шартномаро овардам, тақрибан 2000 суми он замон буд. Тасаввур кунед, соли 1970 ин пули калон буд, хеле калон. Устод маблағи шартномаро дида, гуфт азизам ин барои ҳунарпешаи навкор хеле пули калон аст.
Тамоми имтиҳонҳоямро фаврӣ супоридаму рафтам филмбардорӣ. Аввал шаҳри Вилнюс, баъд шаҳри Каунас. Дар ин шаҳр конслагер буд. Филмбардорӣ дар зиндонҳо оғоз шуд. Ва ҳамин тавр аввалин нақшам дар синамо нақши асосӣ буд.
– Аз хотироти донишҷўӣ бигўед.
– Беҳтарин лаҳзаҳост донишҷўӣ. Шумо аз саратон гузарондед, медонед. Гарчанд душвор буд бароям. Зимистони сард буд. Ду соли аввал хиёбонҳоро меруфтам, соли сеюм шабона телеграмма мекашондам. Тасаввур кунед, тамоми шаб хоб намерафтам, телеграмаҳои фаврӣ мебурдам. Барои ҳамин чашмонам заиф аст. Бештари он телеграммаҳо хабари бад медоданд: фалонӣ мурд, фалонӣ маъюб шуд.
Дар почта кор мекардам, ки аксарашон пирзанҳо буданд. Телеграмаҳое, ки мебурдам, дарднок буданд. Аксарашон хабарҳои бад доштанд. Ронандае, ки маро мебурд, мегуфт фалон даромадагоҳ, фалон хона, мебароӣ ин телеграмаро месупорӣ. Баъзан зимистонҳои хунук, лифт кор намекард, то 20 ошёнаро пиёда мебаромадам.
Боре телеграма мебурдам, шумхабар дошт. Ягона писар ба модараш менавишт: Модар, маро бо аробачаи маъбӣ пешвоз гир. Пойҳои маро буриданд. Гуфтам худоё ин хабарро чӣ хел мерасонам? Шамоли сахт буд, барф меборид. Зимистони яхбандон. Вақте аз ошёнаҳо ба боло мебаромадам, поям лағжиду мактубҳо аз дастам афтида, парешон шуданд. Аламам карду гиря кардам. Гуфтам дар Москав ҳама хобанд, Исфандиёр, ту чаро ин қадар ҷон меканӣ? Гиряву нола карда, омадам назди ронанда Ира Василевна. Ин ронанда ниҳоят зани хуб буд. Гуфт чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? Гуфтам Ира Василевна, афтидаму барқияҳо пош хӯрданд, пайдо карда натавонистам. Гиря накун, меравем, дубора чоп мекунанд, гуфт. Рафтем он ҷо ин қиссаро ба пирзанҳо нақл кардам (механдад). Даррав қаҳваву хурданӣ оварданду гуфтанд бихӯр, баъд бирав. Ғамгин нашав, дар зиндагӣ ин гуна ҳолатҳо мешавад. Маро тасаллӣ доданд. Телеграмаро ба 19 ё 20-ум ошёна пиёда бурдам. Занг задам, касе дарро боз накард. Соат 3-4 –и шаб буд. Оқибат кист гуён садои асабиёнаи пирзане шунида шуд. Гуфтам хат овардам. Дарро боз накард, гуфт бихон. Гуфтам писаратон аз шумо хоҳиш кардааст, ки бо аробачаи маъюбӣ ўро пешвоз гиред. Дарро кушоду дид, ки ман донишҷўям. Ба ман нигоҳ кард, ки мегирям, маро оғӯш карду чунон гирист, ки … ман аз вай зиёдтар мегиристам. Гуфтам ором шавед, муҳим, ки ў зинда аст. Намедонистам дигар чӣ гўям, чӣ тасаллӣ диҳам ин бечораро. Баъд омадам, Ира Василевна гуфт хайр чӣ тавр? Дид, ки гиря дорам. Мефаҳмам, ин хеле душвор аст, модар бо писари маъюбаш чӣ гуна зиндагӣ мекунад. Он ҷавон дўстдухтар дошт, ҳоли ў чӣ хоҳад шуд, гўён маро тасалло дод.
Аз ин гуна телеграмаҳо зиёд мебурдам. Хушбахтона, соли чоруми донишҷўӣ кори сабуктар пайдо кардам, дар почта нигаҳбон кор мекардам. Пас аз дарс кор мекардам. Метавонистам каме бихобам, ҳарчанд ҳақ надоштам барои хоб кардан.
– Замони донишҷўӣ чӣ намоишҳо таҳия кардед?
– Давоми 5 соли хониш бо профессор Олга Ивановна Пижкова ва Борис Владимирович Бибиков, Михал Петрович Шестяков ва Галина Георгиевна Герохина 5 намоиш омода кардем: “Табиби зуракӣ”, “Пирии пурзаҳмат”, “Ҳалокати умед”, “Тангнои ҷиноятӣ”, “Як пула савдо, сад пула ғавғо”. Инҳо кори дипломии мо буданд. Вақте ба Тоҷикистон омадем, ин намоишҳоро дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро кардем. Бинандаҳо хеле хуб истиқбол намуданд, чунки мо аз мактабе гузаштем, ки беҳтарин муалимин дарс мегуфтанд, воқеан як мактаби олие буд. Дар асоси ин студияи мо театри давлатии Ҷавонон таъсис ёфт.
Баъд чандин намоишҳои дигар руӣ саҳна омад ва аввалин саркоргардони театри Ҷавонон Ҳабибулло Абдураззоқов буд. Чандин коргардонҳо дар он ҷо саҳми худашонро гузоштанд. Масалан Венямин Яковлевич Ланге, аз руи асари Чапек як намоиши олие гузошт бо номи “Модар”. Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳамчунин Масафоев. Баъд аз Озарбойҷон як коргардон омада буд. Воқеан кор кардан бо чунин коргардон барои ҳунарпеша як мактаби олие буд, чунки он кас мегуфтанд ҳунарпеша бояд аз уҳдаи ҳамаи нақшҳо барояд. Шумо 5 сол таҳсил кардед, ин ҳунарро омўхтед. Новобаста аз он, ки нақши мардона аст ё занона, драма аст, фоҷиа ё мазҳака, аз уҳдаи иҷрои онҳо бароед ва обутоб ёбед.
Меҳрубон Назаров ягона вазире, буд, ки ҳамеша намоишҳоро медид
– Дар театр аввалин нақшатон кадом буд?
– “Мануки шикорчӣ”. Дар он нақши шоҳдухтарро бозидам. Вақте муаллимон вазифа медоданд, ки ин намоишномаро омода кунед, дур мегурехтам, ки нақши шоҳдухтарро ба ман надиҳанд. Зеро ришам ниҳоят сахт аст, вақте риш мегирифтам, хун меомад. Оқибат чанд кас аз имтиҳон нагузашт, гуфтанд Исфандиёр барои чӣ ту намехоҳӣ аз санҷиш гузарӣ? Порчаро доданд. Дар хона машқ кардам. Гуфтанд нақши шоҳдухтарро бозӣ мекунӣ.
Меҳрубон Назаров ягона вазире, буд, ки ҳамеша намоишҳоро медид, хоҳ намоиши кўдакона бошад, хоҳ барои бузургсолон. Барои қабули намоиш ба театр омада буд. Ёдам ҳаст вақте омаданд, мо бозӣ кардем, баъд барномаи намоишро диданд, гуфтанд ин ҷо иштибоҳ шудааст. Дар барномаи намоиш навиштед дар нақши шоҳдухтар Исфандиёр Ғуломов аст. Масафоев гуфт охир иштибоҳ нашудааст, балки дар ҳақиқат ҳам Исфандиёр Ғуломов бозӣ кард. Ў тааҷҷуб карду гуфт: “имкон надорад, чӣ хел?”
Пас аз иҷрои нақш хостам либосҳои саҳнавиямро иваз кунам ва пардозамро пок кунам. Муйҳои дарозу ороишамро гирифтанӣ будам, ки гуфтанд вазир туро даъват дорад. Рӯи саҳна омадам, гуфтанд канӣ бо садои худат гап зан. Каме ҳарф задам, ки дигар бовар карду офарин хонд. Баҳои вазири фарҳанг ва боз вазире чун Меҳрубон Назаров, ки худ драматурги шинохта буд, бароям арзиши баланд дошт.
– Чаро аз театри Лоҳутӣ рафтед?
– Пас аз рафтани Масафоев мо ба рукуд рафтем. Коргардонҳо намегузоштанд филмбардорӣ равам. Ҳамсабақ ва дўстам Зафар Ҷаводов гуфт, ки Исфандиёр ба театри ман биё, ҳар рўз метавонӣ филмбардорӣ равӣ. Вақти бештарам бо филмбардорӣ мегузашт. Пас аз филми “Қиссаи зиндони Павиак” бисёр коргардонҳо телеграмаҳо фиристода, маро ба филмҳояшон даъват мекарданд. Афсўс, ки телеграмаҳо ба дастам намерасид. Саркоргардони театр иҷоза намедод, чун дар намоишҳо банд будам.
– Муҳити театр аз синамо бо чӣ фарқ мекунад?
– Синамо экрани кушод аст, милионҳо одамон шуморо мебинанд. Синамо санъати бузург аст. Имконият аст. Бисёр дўстонам қисса карданд, ки “Қиссаи зиндони Павиак”-ро дар Лаҳистон бо забони лаҳистонӣ, дар Олмон бо забони олмонӣ дидаанд. Бароям ифтихорофарин буд, ки филми “Тоҷикфилм” дар тамоми давлатҳо паҳн шудааст. Азбаски ин аввалин нақшам дар синамо буду таҷриба надоштам, воқеан душвор буд. Коргардон Суҳбат Ҳомидов шахси фаҳмида ва мутолиадида буд. Маслиҳатҳои муфид медод. Камбудҳо хеле зиёд буд, вале новобаста ба ин аз муаллимонам маслиҳат мепурсидам, ки кадом китобҳоро хонам барои аз худ кардани нақшам. Китобҳоро варақ мезадам, меомўхтам, ки дар он давра фашизм тоза шуруъ шуда буд.
Аз фазилати устодон. Борис Владимирович Бибиков
– Оё бароятон замони тӯлонӣ лозим аст, ки дар пусти қаҳрамонатон дароед?
– Муҳити театр аз синамо фарқ дорад. Иқрор мешавам, рўзҳои аввал сахт буд. Охир актёр ҳам ҳис мекунад, ки камера аз кадом нуқта мегирад, ту саъй мекунӣ, ки бештар ҳамон камераро ҳис кунӣ. Медонед, бозигар набояд аз муҳити гирифтани филм, фарз кардем, ана ҳамин хона аз ҳамин чаҳорчуба берун набарояд. Баромадӣ, аз навор берун мешавӣ. Дар ҳамин муҳити кўчак шумо бояд бозӣ кунед нақшатонро. Дар илми синамо намои баста (крупный план), намои боз (общий план), намои миёна (средний план) ҳаст. Масалан агар шуморо бо намои баста бигиранд, дар ин мавридҳо ҳаракати зиёд лозим нест. Танҳо чашмонатон бояд маънӣ дошта бошанд, ки ҳолатро дода тавонад. Хушбахтона, бо мурури вақт кам-кам пеш мерафтем.
Дар «Ҳалокати умед» пирмард Кобусро бозӣ мекардам. Ба хотири ин нақш зимистон сарамро тарошидам. Бадбахтона, дар хобгоҳ кулоҳамро дуздиданд. Сарамро латтапеч карда дарс омадам. Борис Владимирович Бибиков, ки чашмаш хира медид, нигоҳ карду пурсид, ки он ҷо кӣ нишаста аст? Гуфтам устод манам Ғуломов. Бо худат чӣ кор кардӣ, азизам, гуён пурсид. Бачаҳо гуфтанд кулоҳашро дуздиданд. Гуфтам ба хотири нақш муйҳоямро қурбон кардам.
– Охир фасли зимистон аст, писарам, дар ин сармо чӣ гуна мегардӣ? Ба хамсараш Олга Ивановна Пижова гуфт шумо дарсро идома бидиҳед, ҳозир бармегардам. Рафта аз хонааш кулоҳи худашро оварду ба сарам пӯшонд. Ҳамин гуна муаллимони хайрхоҳ доштем, моро дўст медоштанд, равоншинос буданд. Фарз кардем агар гурусна дарс меомадем, номаълум, ки дигарон нафаҳманд дар киссамон пул меандохтанду мегуфтанд: зуд рафта чебурек хурда ба дарс биё.
Мо давида рафта ягон чӣ мехурдему меомадем. Муаллимонамон меҳрубону ғамхор буданд.
Боре Мирзо Турсунзода ҳамроҳи Меҳрубон Назаров, Сотим Улуғзода, Валаматзода ба донишкадаи мо омада буданд. Борис Владимирович Бибиков ба толори бузург омаданду гуфтанд: Фарзандони шумо дар ин ҷо гуруснагӣ мекашанд, наход ҷумҳурии шумо пуле надорад, ки ҳунармандони ояндаашро таъмин карда натавонад? Маро хезонду гуфт: Ғуломов дар куҷо кор мекунӣ? Гуфтам шабона телеграмма мекашонам. Розиқов ту куҷо кор мекунӣ? Роҳ мерубам. Мамадиев ту дар куҷо кор мекунӣ? Нигаҳбон. Ҳамин тавр як-як моро хезонду пурсидан гирифт. Сипас ба намояндагони тоҷик рў оварду гуфт: Дидед? Онҳо ин ҷо дарсхонӣ омаданд. Наход ҷумҳурӣ таъмин карда натавонад? Идрорпулии ночиз мегиранд, 25 суму 60 тин. Ин чӣ мешавад?
Онҳо хеле сурху сафед шуданду кӯшиш мекунем гуфтанду се моҳ ба мо 15 сумӣ равон карданд (механад). Баъд аз он ҳамин кумакашон ҳам қатъ шуд. Муаллимамон рўзе пурсид, ки қумакпулӣ мефиристанд? Гуфтем 3 моҳ фиристоданду тамом.
– Қабл аз ин, ки ба Донишкадаи театрии шаҳри Маскав (ГИТИС) дохил шавед, овоз мехондед. Ин ҳунаратонро дар ягон филм ё саҳнаи театр ба кор бурдед?
– Бале. Дар «Ромкунии духтари саркаш» суруд хондам, гарчанде суруд ба забони узбекӣ буд (механдад). Ва дар филми «Расстанемся, пока хорошие»-и коргардон Мотиля ман тоҷири юнониро мебозидам. Дар он ҷо суруд хондам, калимаҳояш бисёр зебо буд. Ҳамчунин дар филми «Дарвеши ланг».
– Театр барои шумо чист?
– Театр ватанам аст. Театр ойинаи зиндагист, ки мардум меоянд як лаҳзаи ҳаётро мебинанд. Дар «Ромкунии духтар саркаш» аз рўи асари Шекспир пирмардеро бозӣ мекардам, ки мехоҳад духтари аз худаш хеле ҷавонро ба занӣ гирад. Пас аз анҷоми намоиш як корманди сохтори қудратӣ омаду гуфт, медонед, шумо нақши бобои маро бозӣ кардед. Бобоям 90 сола буд, мехост зан бигирад, духтари 25 соларо. Пурсидам ҷиддӣ мегўед? Гуфт бале, ба Худо рост мегўям. Пурсидам издивоҷ кард? Бале, розӣ кунондем духтарро. Баъд аз 3 соли издивоҷ бобоям мурд, гуфт он бинанда (механдад). Гуфтам бобоятон ба орзуяш расид. Ман дар нақш ба орзуям нарасидам. Дар намоиш мегўям, ин самбўсаи мо хом монд, яъне дар намоиш ба орзуям нарасидам.
– Аз ҳамкориҳо бо Аслӣ Бурҳонов, Носир Ҳасанов ва Бурҳон Раҳмонов чӣ ёдҳо доред?
– Танҳо намоишҳояшонро медидам ва лаззат мебурдам. Он вақт хеле ҷавон будам, хусусан нақшҳои Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Тутӣ Ғаффорова, Туҳфа Фозиловаро тамошо менамудам. Хушбахтона, Носир Ҳасанов дар театри мо кор мекард. Ҳамсўҳбат будем, нақшҳояшонро аз наздик медидам. Бароям ифтихорофарин буд, ки дар як замон бо чунин ҳунармандони барҷаста зиндагӣ мекардам. Хушбахтам, ки бо Ато Муҳаммадҷонов ҳамкорӣ доштам дар синамо. Хеле инсони наҷиб, ҳунарманди барҷаста ҳам дар синамо ҳам дар театр. Ин қадар озод аст, мисли моҳӣ дар баҳр.
– Шумо бо коргардонҳои зиёде ҳамкорӣ доштед. Бо кадоме кор кардан осон буд?
– Кор кардан бо Вениамин Яковлевич Ланге, Масафоев, Музаффар Хаёлов, Барзу Абдураззоқов, Султон Усмонов, бароям боиси ифтихору шараф аст. Қурбони Собир низ як намоиш гузошта буд, бо ў ҳам кор кардам.
Вениамин Яковлевич Ланге, ки саркоргардони театри Маяковский буд, дар театри мо низ як намоиши хеле зебо монд “Модар” аз рўи песаи Карел Чапек. Нақши Тони, писари хурдии модарро бозӣ мекардам. Асари фоҷиавӣ аст. Тамоми фарзандони модар ба ҷанг рафта ҳалок мешаванд. Замони ҷанг аст, писари охиринаш мегўяд модар иҷозат деҳ, ки ба ҷанг равам. Модар иҷозат намедиҳад. Гулсара Абдуллоева модарро бозӣ мекард. Бо тамоми ҳиссиёт мебозид. Маро сахт оғӯш мекарду намегузошт, ки равам. Қалбам реш-реш аст, тамоми фарзандонам, бобоям, шавҳарам ба ҷанг рафтанду нобуд шуданд. Охир ҳама дўстонам рафтанд, ман бояд Ватанро ҳимоя кунам, модар мегӯям. Модар ҳарчанд розӣ намешавад, аз радио садои ровӣ баланд мешавад, ки ҳама бояд ба ҷанг сафарбар шаванд. Охир туфангро ба дастам медиҳаду мегӯяд: Рав писарам.
– Бо шодравон Хушназар Майбалиев чӣ ҳамкориҳо доштед?
– Мутаасифона, ҳеҷ ҳамкорие муяссар нашуд. Ҳамсўҳбат будем.
– Чӣ шахсияте буд?
– Шахсияти фаҳмида, мутолиакарда, таҳсилдида, аз суханашон маълум буд, ки касби худашонро хеле дўст медоранд. Бо чунин шахсон ҳамсўҳбат шудану чизе омўхтан бисёр муфид аст.
Ёдҳо аз падар
– Аз падар чӣ хотира доред?
– Падарам шахси хеле бомаърифат буданд, ҳамеша ва ҳамеша китоб мехонданд. Қиссаҳои ҷолибе мегуфтанд, дар бораи қаҳрамонҳои асарҳо. Китобҳоро хонда, мегуфт бубинед чӣ гуна хислатҳо доранд, азбаскӣ ин ҷо ягон хешу табор надорам, мехоҳам шумо инсонҳои хуб шавед. Насиҳати падарамро гӯш мекардем, чунки мусофир буданд ин ҷо.
– Чӣ тавр падаратон аз Эрон ба Тоҷикистон омаданду дар ин ҷо мустақар шуданд?
– Падарам ошиқи духтаре мешавад, бениҳоят якдигарро дўст медоштанд. Падарам хеле ҷавон буданд, падари духтар ризоият намедиҳад, ҷавон ҳастӣ, бузург шав мегўяд. Падарам қаҳр карда, шабона аспсавор аз деҳи Искил наздики шаҳри Зобул то Машҳад меравад. 2 сол сарбоз мешавад. Шоҳи Эрон фармон медиҳад, ки бо туркманҳои Эрон, ки боҷ намедиҳанд, ҷанг кунеду андоз ситонед. Падарам бо туркманҳои Эрон ҷанг мекунад ва онҳо мутеи Эрон мешаванд. Баъд падарам ҳамроҳи Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар генералҳо дар бораи сотсиализм ва шуравӣ гап мезананд, мегӯянд чӣ давлати хуб аст на шоҳ аст на гадо. Хуб мешуд мо ҳам чунин давлате дошта бошем. Таблиғот мебаранд. Падарам аъзои ягон ҳизб набуд, фармонбардор буд. Ҷанг мекунанд, чандин шаҳрҳоро мегиранд. Шоҳи Эрон тарсида, аз шоҳи Англия кўмак мехоҳад. Давлати Англия чандин ҳавопаймоҳои ҳарбӣ мефиристад ва падарамро низ қатори дигарон таъқиб мекунанд. Инҳо ақибнишинӣ мекунанд. Лоҳутӣ ба Сталин нома менависад, ки чӣ кор кунем. Сталин мегуяд биёед замини Шуравӣ, мо аслиҳа медиҳем, барои сарнагун кардани шоҳ равед. Лоҳутӣ аз тариқи Боку, падарам ва чандин нафар аз марзи Ишқобод мегузаранд тарафи Душанбе. 73 нафар буданд, ки савод доштанд, донишгоҳ ва омўзишгоҳ хонда буданд. Онҳоро Точикистон мефиристанд. Аз ҷумла, падарамро. Онҳо дар СКА, радио телевизион, мактабҳо кор мекарданд. Чанд сол бо босмачиҳо ҷангиданд. Падарам старшина буданд. Нусратулл Махсум ба падарам мегўянд, ки Ҳасани Ғулом шумо бояд мактаб кушоед ва ба мардум савод омўзед. Падарам мардумро ҷамъ мекунанд ва ҳашар карда, мактаб боз мекунад, ба бачаҳо дарс меомўзад. Он вақт босмачиҳо муаллимонро қатл мекарданд. Аз паи падарам мешаванд. Падарам нақл мекунанд, ки маҷбур будам шабро дар туғайзор бо як аслиҳаи панҷтира рўз кунам, саҳар меомадам дарс медодам. Як мавриде буд, босмачиҳо омаданд деҳаро гирифтанд, занҳо байни тахти курпаҳо падарамро пинҳон карданд. Кофтанд, касеро пайдо накарданд. Занҳо гиря мекарданд, гўё касе мурдааст. Босмачиҳо ҳам нафаҳмиданд. Аспи падарамро гирифта рафтанд.
Вақте маро аз зери об бароварданд, зери пул дармондам
– Аз падар гуфтед, ҳоло биёед боз аз ҳунар ҳарф занем. Синамо ба Шумо чӣ дод?
– Синамо чун ҳунарпеша маро на танҳо ба бинандаи тоҷик, берун аз марзи Тоҷикистон муаррифӣ кард.
– Ҳунар аз худ гузаштан аст. Шумо чиро қурбон кардед?
– Ҳамаро. Аз худам гузаштам. Масалан, дар филми «Гирдбод»-и коргардон Бақо Содиқ, ки дар он нақши шоирро мебозидам, ду лаҳзаи хатарноке буд, ки бояд онро каскадёр иҷро мекард. Ба Бақо Содиқ пешниҳод кардам, ки худам иҷро мекунам. Директори филм аз ман забонхат хост (яъне агар бо ман чизе шуд, ў ҷавобгар нест) ва ман навиштам. Дар филм ду лаҳзаи сангин ва хатарноке буд, ки бояд филмбардорӣ мешуд. Яке шоирро сарозер аз ду пояш баста аз болои пул ба рӯдхона овезон кардан ва саҳнаи дуввум шоирро байни ду куҳ овезон намудан.
Рўдакиро кўр карданд, Фирдавсиро азият карданд. Дар ин филм низ шоирро сардори қабила амр мекунад, ки азияташ кунанд ва ба рӯд сарозераш кунанд. Бовар мекунед, ҳеч фикр намекардам, ки оби Зарафшон ин қадар сард аст. Ба ҳадде сард буд, ки баъд аз ғӯтидан ба он об ва берун кашидан аз об муддати тўлонӣ матнеро, ки бояд мегуфтам, гуфта наметавонистам.
– Фикр намекардед то ин ҳадд сахт аст ба ҷои каскадёр низ нақшофарӣ кардан?
– Бале (механдад), албатта. Аммо фикр намекардам об ба ин ҳадд сард бошад. Вале саҳнаҳое, ки дар «Белорусфилм» ва дигар филмҳо ё аз асп меафтидам ё аз поям ба сутун овезон мекарданд ва ман сураи «Алҳамд»-ро мехондам.
Дар филми «Сарҳади давлатӣ» қисми 4-ум низ азобҳо кашидам. Вале дар филми «Гирдбод» бештар азоб кашидам. Ва баъд аз об берун шудан эътирози худро гуфтам ва сабт карданд. Вале боз маро фурӯ медодад даруни об, бо банд даруни мошин баста буданд. Ҳар вақт мошин пеш мерафт, маро аз об мебаровад ва ҳар вақт қафо мерафт ба даруни об медаромадам. Дар ин муддат чӣ қадар об хурдаму чӣ қадар нафасгир мешудам. Худатон медонед чандин дубл мегиранд дар синамо, такрор ба такрор. Ҳис кардам, ки оҳиста-оҳиста аз ҳуш меравам. Тасаввур кунед, нафас кашида наметавонӣ, дохили об ҳастӣ. Аҷоиб он буд, ки ман дар ин ҳолат танҳо гиряи занҳоро мешунидам. Вақте маро аз зери об бароварданд, зери пул дармондам. Касе ҷуръат намекард маро аз он берун кунад. Худашон ҳам метарсиданд, ки мабодо дар об афтанд.
Барои нақши каскадёрро низ иҷро карданам 14 рубл ҳаққи қалам. Гуфтанд ин корро бо ихтиёри худат кардӣ.
Суҳбати Раҳима Аъзам