Иштироки намояндагони Китобхонаи миллӣ дар онлайн-конфронси байналмилалӣ

онлайн-конфронси16-уми сентябри соли 2025 намояндагони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагони шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасони КМТ дар онлайн-конфронсе, ки  дар доираи лоиҳаи байналмилалии “Кӯдакон дар бораи Ғалаба” байни  китобхонаҳои давлатҳои гуногун баргузор шуда буд, иштирок карданд.

Дар конфронс ҳамчунин намояндагони Китобхонаи марказии кӯдаконаи шаҳрии ба номи Сапаргали Бегалини шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасон ба номи К. Баялинови шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Китобхонаи вилоятии президентӣ барои кӯдакон ва наврасони Федератсияи Русия, Китобхонаи марказии ба номи Янка Купалаи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, Китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия ва Китобхонаи вилоятии Владимир барои кудакон ва ҷавонони Федератсияи Русия ширкат доштанд.

Ҳамоишро директори Китобхонаи вилоятии Владимир барои  кӯдакон ва ҷавонони Федератсияи Русия Татяна Алексеевна Сдобникова ва Мутахасиси калони бахши ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия ифтитоҳ намуд. Дар нишаст намояндагон аз Китобхонаи марказии кӯдаконаи шаҳрии ба номи Сапаргали Бегалини шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баромад намуданд. Хонандагони синфи 7 уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии гимназияи №8 шаҳри Алмато, Рамина Кобжасарова, Алексей Суркова ва София Ким шеъру ҳикоя ва қиссаҳо дар бораи қаҳрамонҳои Қазоқистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қироат намуданд.

Сипас, хонандагони Китобхонаи ҷумҳуриявӣ барои кӯдакон ва наврасон ба номи К. Баялинов, шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон,  Китобхонаи вилоятии президентӣ барои кӯдакон ва наврасони Федератсияи Русия, Китобхонаи марказии ба номи Янка Купалаи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, Китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия ва Китобхонаи вилоятии Владимир барои кудакон ва ҷавонони Федератсияи Русия дар бораи ба ҷанговарон ва қаҳрамониҳои ҳаммилатонашон дар ҷанги Бузурги ватанӣ шеърҳо қироат намуда, ҳамчунин ҳикояҳои ҷолибро нақл карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии конфронс хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ Нозанини Шӯҳрат, Фарҳод Худойназаров ва Абубакр Нигматов баромад карданд.

Нозанини Шӯҳрат – хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ғолиби озмуни байниадабии «Китобхонаи таърихи Тоҷикистон — Россия», (Библиотека историй Таджикистана Россия) ғолиби масири байналмилалии Озмуни умумирусиявии «Тағйири калон», (Большая перемена) иштирокчии Озмуни сеюми адабии насри кӯтоҳ, ва иштирокчии Озмуни байналмилалии «Бидуни мурури замон” мебошад. Ӯ дар конфронс дар бораи иштироки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл намуда гуфт, ки Ҷанги Бузурги ватанӣ (1942-1945) дар таърихи инсоният яке аз фоҷиабортарин ва даҳшатноктарин руйдодҳост. Дар солҳои душвори ҷанг, халқи тоҷик якпорча шуда, баҳри ҳифзи Ватан ва мубориза бар зидди фашизм саҳми беназири худро гузошт.

онлайн-конфронсиҲамчунин Фарҳоди Худойназар хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе, қисса бо номи “Ҷавонмардони ватан”-ро ҳикоя намуда, зикр намуд, ки  Қаҳрамонони ҳақиқӣ ин ҳамон ҷавонмардоне буданд, ки аз деҳаҳои мо ба ҷанг рафта, барои ҳар як ваҷаб хоки Ватан ҷонбозиҳо карданд.

Абубакр Негматов хонандаи синфи 5-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз рӯи наминатсияи адабиёти ҷаҳон, шеъри Михаил Лерматов “Бородино”-ро қироат намуд.

Директори Китобхонаи вилоятии Владимир барои  кӯдакон ва ҷавонони Федератсияи Русия Татяна Алексеевна Сдобникова бо ташакуру сипосхои беандоза ба иштирокчиён Конфронсро ҷамъбат кард.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории нишасти онлайнии мазкур бедор намудани завқи ватандӯсти ва дар замири кӯдакон коштани тухми меҳру муҳаббат ба Ватан-модар мебошад. Хонандагони наврас бо хондани шеъру ҳикояҳо хотироти ҷанговаронро зинда намуданд. Таъкид гардид, ки хотироти онҳо ҳамеша ҷовидони асту  ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа