Иштироки Салима Раҷабзода дар Форуми ҳамгироӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода бо мақсади иштирок дар Форуми ҳамгироӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии китобхонаҳо, бойгониҳо ва осорхонаҳоро бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Санкт-Петергурги Русия қарор дорад.  

Тавре ки Фонди Байнидавлатии Ҳамкории Башардӯстонаи Давлатҳои аъзои ИДМ хабар медиҳад, аз 25 то 27 ноябри соли 2025 Китобхонаи президентии Департаменти маъмурии Президенти Федератсияи Русия бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё Форуми ҳамгироӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии китобхонаҳо, бойгониҳо ва осорхонаҳоро бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор намуд.

Дар ин ҷаласа намояндагони китобхонаҳо, бойгониҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар Форуми ҳамгироӣ баррасии масъалаҳои кӯчонидани муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, дороиҳои фарҳангӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз минтақаҳои хатти ҷабҳа дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳаёти фарҳангӣ ва кори китобхонаҳо ҳангоми эвакуатсия; вазъи кунунии осорхонаҳо ва ёдгориҳои бахшида ба эвакуатсия; ва лоиҳаҳое, ки ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихии эвакуатсия дар муҳити рақамӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Дирӯз иштирокдорони ҷаласа дар доираи барномаи Форум дар якҷоягӣ бо Консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург дар пояи муҷассамаи  “Родина -Мать” ба хотири нафароне, ки дар ҶБВ ҷони худро бо мардонагиву ҷасорат аз даст додаанд, гулчанбар гузоштанд.

Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.