Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон
Китоби «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таълифи номзади илмҳои сиёсӣ, муҳаққиқ ва шоир Абдуллоҳи Раҳнамо, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст, Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия додааст.
Собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар сарсухан ба китоби мазкур навиштааст: Китобе, ки дар даст доред, ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои давлатдории муосири тоҷикон, яъне таҳкими суботу амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар шароити мураккаби таърихӣ, сиёсӣ ва геополитикие, ки имрӯз давлати мо дар он қарор дорад, масъалаи ҳифзи суботу амният боз ҳам ҳассосу ҳаётӣ шуда, таваҷҷуҳи васеи илмию сиёсиро ҷалб намудааст.
Муаллифи китоб, масъалаи расидан ба истиқлоли фикриро дар маркази баҳс қарор дода, дастёбӣ ба онро ҳамчун пояи устувори истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ таъкид менамояд. Ӯ ба ин масъала аз диди нави амалгароёна нигариста, дар шароити истиқлолияти давлатӣ таърифи воқеъбинонаи мафҳумҳои калидие чун «давлати миллӣ» ва «амнияти миллӣ»-ро пешниҳод мекунад.
Нуқтаи меҳварии китоб иборат аз он аст, ки муаллиф дар он муносибати «омили динӣ» ва «амнияти миллӣ»-ро аз ҷанбаҳои гуногун омӯхта, дар бораи паҳлуҳои назарӣ ва амалии масъалаи таносуби ин ду мафҳум муҳокимарониҳои ҷиддӣ намудааст. Чизе, ки аҳаммияти китобро меафзояд, ин аст, ки муаллиф ба масъалаҳои зикршуда маҳз аз нигоҳи муносибати онҳо бо суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар нигариста, дар раванди таҳлил ҷиҳати таҳкими амнияти миллии кишвар андешаю пешниҳодҳои мушаххасро ироа менамояд.
Албатта, баъзе пешниҳодҳо ва фикрҳои навоваронаи шахсии муаллифро метавон мавриди баҳс қарор дод, вале аз саросари китоб метавон дарёфт, ки муаллиф дар он маҳз дар сатҳи масъулияти миллӣ андешида, аз мавқеи давлатӣ фикр ва мавзеъгирӣ мекунад….
Ин китоб давоми мантиқии ду китоби дигари муаллиф дар мавзуъҳоест, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ чун як масъалаи ҷиддии илмию сиёсӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор доранд. Боварӣ дорем, ки кулли хонандагони соҳибандеша масъалаҳои китобро мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, дар таҳқиқи ин масъалаи барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти стратегӣ дошта саҳмгузор мегарданд.
Хонандагон метавонанд китоби «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Маҳмадвалӣ Зиёев,
таҳиягар сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»