Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб

Кабӯтари  бесабр(Аз  Калила  ва  Димна)
Кабӯтари бесабр

Рӯзе буду рӯзгоре буд. Як ҷуфт кабӯтар буданд, ки дар айёми Наврӯз ҳамсару ҳамхона шудаву дар гӯшаи киштзоре, дар пояи дарахти гул лона сохта ва ба хубӣ зиндагӣ мекарданд, дар моҳҳои баҳор, ки бориш зиёд буд як рӯз кабӯтари мода гуфт:

– Ин хона хеле бо рутубат аст ва бояд ҷои беҳтаре пайдо кунем.

Кабӯтари нар гуфт:

– Ҳоло тобистон дар пеш аст ва ҳаво рӯ ба хушкӣ меравад, сохтани лонаи бузург мушкил аст.

Ҳамон ҷо монданд ва аз аввали тобистон, ки дар саҳрову киштзорҳо гандуму биринҷ ва дигар донагиҳо фаровон буд, ҳар рӯз пас аз ин ки дона ва ғизои худашонро дар саҳро мехӯрданд, миқдоре ба хона ҳам меоварданд ва барои зимистон захира мекарданд, то ин ки анборашон аз донаҳои намдор ва биринҷҳои тоза лабрез шуд. Он вақт хушҳол шуданду бо ҳам гуфтанд, ки зимистони имсол бо доштани хӯрок осуда хоҳем буд.

Чанде гузашт ва дигар донаҳои захираро нигоҳ накарда буданд, то ин ки тобистон ҳам ба поён расиду дона дар саҳро камтар шуд ва чанд рӯз кабӯтари мода, ки барои парвоз нотавонтар буд, дар хона мемонд ва кабӯтари нар ба саҳроҳои дурдаст мерафту миқдоре барои ҷуфташ ҳам дона меовард.

Рӯзе, ки аввалин борандагии тирамоҳӣ шурӯъ шуд ва натавонистанд ба саҳро бираванд, ба ёди донаҳои захиракардаашон афтоданд ва ин донаҳо, ки бар асари гармии тобистон хуб хушк шуда буд, аз он чи пештар буд, камтар менамуд.

Кабӯтари нар вақте дид, ки анбор мисли собиқ лабрез нест, ҷуфти худро маломат карда гуфт:

– Бефикрӣ ва шикампарастии туро бубин! Мо ин донаҳоро барои фасли зимистон захира карда будем, зеро вақте ки барф меборад ва дар саҳро дона пайдо намешавад, гурусна намонем, вале ту дар ин чанд рӯз, ки дар хона будӣ, ниме аз донаҳои захираро хӯрдӣ ва фардо зимистону сарморо фаромӯш кардӣ.

Кабӯтари мода ҷавоб дод:

– Донаҳоро ман нахӯрдаам ва намедонам чӣ шудааст.

Кабӯтари нар гуфт:

– Ту чунин мегӯӣ, вале донаҳо кам шудааст, вагарна донаҳо пару бол надоштанд, ки парвоз кунанду бираванд.

Кабӯтари мода, ки худаш ҳам аз кам шудани донаҳо тааҷҷуб мекард қасамҳо ёд кард ва гуфт: «ман аз он рӯзе, ки анбори захира пур шуда буд, то ҳол ҳатто ба он нигоҳ ҳам накардаам, чӣ расад ба ин ки хӯрда бошам ва худи ман ҳам аз кам шудани онҳо тааҷҷуб мекунам. Ҳоло беҳуда нороҳат нашав ва ба ман низ тӯҳмат назану сабр кун, то боқимондаи донаҳоро бихӯрем. Шояд замини анбор фурӯ рафта бошад ё сӯрохии муш пайдо шуда бошад ва ё каси дигар бурда бошад. Дар ҳар ҳол набояд зуд қазоват кард ва агар сабр кунӣ, ҳақиқат маълум хоҳад шуд».

Кабӯтари нар гуфт:

– Хуб-хуб, лозим нест барои ман фалсафа бофӣ ва насиҳат кунӣ, ки дар қазоват саросема нашав. Ман ин гапҳоро қабул надорам, зеро дар ин ҷо ҷуз ману ту касе набуд ва агар ҳам буд, ту беҳтар медонӣ. Агар ту дона нахӯрдаӣ, бояд росташро бигӯӣ, ки донаҳо куҷо рафтаанд, ман наметавонам сабр кунам, маро фиреб накун, хулоса агар чизе медонӣ ҳамин ҳоло бигӯ, вагарна ҳар чи мебинӣ аз худат мебинӣ.

Кабӯтари мода, ки чизе намедонист, ба гиря шурӯъ ва қасам хӯрду таъкид кард, ки ман донаҳоро нахӯрдаам ва намедонам чи тавр кам шудааст ва бояд сабр кард, то ҳақиқат маълум шавад.

Оқибат корашон ба ҷанг расид ва кабӯтари нар, ки хеле асабонӣ шуда буд, ҷуфти худро аз хона берун кард ва ҳарчи кабӯтари мода илтимос карду бар бегуноҳии худ далел овард, гӯш надод. Пас аз он ҷо парвоз карду гуфт:

– Ба ман туҳмати беҷо задӣ ва дар қазоват саросемагӣ кардӣ. Рӯзе пушаймон хоҳӣ шуд, вале суде нахоҳад дошт. Ва рафт, то ки ба ҷое паноҳ бибарад ва аз қазо дар саҳро ба хотири дона, дар дом афтоду гирифтори шикорчиён шуд.

Кабӯтари нар ҳам дар хона танҳо мондаву хушҳол буд, ки фиреб нахӯрда ва дурӯғгӯиву хиёнати ҷуфти худро фаҳмидааст. Аммо чанд рӯз, ки гузашт, ҳаво боронӣ шуд ва осори рутубат аз дару девор зоҳир шуд, донаҳои гандуму биринҷ ҳам дубора нам кашиданд ва дурушт шуданду ба мисли рӯзи аввал анбор пур шуд.

Он вақт кабӯтари бесабру саросема фаҳмид, ки дар ҳаққи ҷуфти бегуноҳи худ чи зулме карда ва ҳарфҳои ӯро дурӯғ донистааст, пушаймон шуд, ки чаро муддате сабр накарда ва дар қазоват саросема шудааст. Аммо пушаймонӣ суде надошт ва гуноҳи бадбахт шудани кабӯтари мода ҳам ба гардани ӯ монд ва то охири умр аз бесабрие, ки карда буд, ғамгин буд

Ин ҳикоя аз ҷилди якуми силсилаи «Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб» аст ва нигорандааш Маҳдии Озарияздӣ (1922- 2009) мебошад. Нависанда дар ин ҷилд мунтахаби 25 қиссаи хубро аз китоби «Калила ва Димна» овардааст. Қиссаҳо барои хонандаи тоҷик, яъне шумо, содаву фаҳмо карда шудаанд.

Хонандагон метавонанд, китоби «Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб»-ро дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова
шуъбаи адабиёти кудакон ва наврасон