Қиссаҳои таърихӣ дар насри тоҷикии замони истиқлол

Қиссаҳои таърихӣБо чунин унвон рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.01-адабиёти тоҷик; равобити адабӣ, ки аз ҷониби Мунира Раҳимзода навишта шудааст, дар бойгонии шуъбаи рисолаҳои илмии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.

Ҳадафи таҳқиқ пажӯҳиши ҷойгоҳи қиссаҳои таърихӣ дар насри замони Истиқлол ва моҳияту вежагии тасвири бадеӣ, муайян намудани ғояву бадеияти он, дарёфти натиҷаҳои илмӣ доир ба вазъи инкишофи қиссаи таърихӣ ва дурнамои он дар адабиёти ин давр маҳсуб меёбад. Вазифаҳои рисола аз баррасӣ ва таҳқиқи мушаххасси масъалаҳои зерин иборат аст, ки он барои ҳалли пурраи мавзуъ ва натиҷабардориҳои илмӣ мусоидат мекунанд:

  • тавсифи мухтасари ибтикороти ҳунарии нависандагон дар насри замони Истиқлол;
  • баррасии қиссаҳои таърихии замони Истиқлол ва тамоюлҳои навпардозӣ дар он;
  • замина ва ангезаҳои таваҷҷуҳи адибони муосир ба воқеаҳои таърихӣ;
  • усули истифодаи манбаъҳо ва маъхазҳо дар қиссаҳои таърихӣ;
  • сарнавишти шахсиятҳои адабӣ дар қиссаҳои таърихии замони Истиқлол;
  • пойгоҳ ва нуфузи тасвири шахсиятҳои ҳунарманди таърихӣ дар қиссаҳои муосири тоҷик;
  • ҷойгоҳи повести таърихӣ дар адабиёти муосири тоҷик ва падидаҳои навгароӣ дар он;
  • заминаҳои пайдоиши қиссаҳои таърихӣ дар насри тоҷик;
  • принсипҳои таснифоти қиссаҳои таърихӣ дар насри замони Истиқлол;
  • тасвири воқеаҳои таърихӣ дар осори нависандагони таърихнигор (Равшани Ёрмуҳаммад, Атахон Сайфуллоев, Давлатшоҳ Тоҳирӣ, Мубинҷон Юсуфӣ);

Муаллифи рисола зимни омӯзиш ва пажӯҳиши сарчашмаҳои адабиву таърихӣ, осори нависандагони муосири тоҷик, шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ ва намояндагони адабиёти замони Истиқлолро мавриди мутолиа қарор додааст.

Муаллиф мавзуи пажӯҳишро масоили марбут ба мухтассоти жанриву мавзӯӣ ва сабкии қиссаҳои таърихии даврони Истиқлол ташкил медиҳанд. Асосҳои назариявии таҳқиқ ба равишу усулҳои пажӯҳишии олимони ватанӣ, чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Атахон Сайфуллоев, Худоӣ Шарифзода, Носирҷон Салимӣ, Абдухалиқ  Набавӣ, Худойназар Асозода, Маҳмадюсуф Имомзода, Матлубаи Мирзоюнус, Шамсиддин Солеҳов, Аламхон  Кучарзода, А.Муллоев, З.Ӯлмасова, Сироҷиддин Эмомалӣ ва афкории назарии олимони хориҷӣ, аз ҷумла В.Г.Белинский, В.В.Бартолд, Е.Э.Бертертелс ва дигарон такя мекунанд.

Дар рисола бо дарназардошти таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни қиссаҳои таърихӣ ва вобаста ба масъалагузории мушаххас аз методҳои таърихӣ, таърихӣ-муқоисавӣ, таҳлили таърихӣ-типологӣ ва таҳлили сохтории матни адабӣ истифода шудааст.

Муаллиф пажӯҳишро дар заминаи қиссаҳои таърихии Равшани Ёрмуҳаммад “Хоб ва бедорӣ”, Атахон Сайфуллоев “Ҷасорати Борбад,” Давлатшоҳи Тоҳирӣ “Деваштич”, “Ситораи Рӯдак”, Мубинҷон Юсуфӣ “Фурӯғи ишқ”, “Роҳи Содирхон” ва манобеи адабиву илмии дигар анҷом додааст.

Муҳтавои асосии рисола дар 9 мақолаи муаллиф дар маҷмуаҳои илмӣ, маводи конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ ба нашр расидаанд. Аз инҳо 5 мақола дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Рисола аз муқадима, се боб, шаш фасл, чаҳор зерфасл, хулоса ва рӯйхати адабиёти истифодашуда иборат аст. Ҳаҷми умумии диссертатсия 170 саҳифа мебошад.

Шоёни зикр аст, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боиси таҳаввулоти куллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла фарҳангу адабиёт гардидааст. Дар ин давра адибони тоҷик рӯ ба тафаккури таърихии миллӣ ва озодии эҷодиёти бадеӣ овардаанд. Насри таърихӣ ҳамчун мавзуи меҳварӣ дар жанрҳои адабии ҳикоя, қисса роман ва драма рушд ёфт. Нависандагон дар қиссаҳои таърихӣ бо офаридани чеҳраҳои шинохта ва шарҳи бадеии рӯзгори мардуми тоҷик дар марҳалаҳои гуногуни таърих тавфиқ ёфтаанд. Рӯйкарду бозтоби корнамоиҳои сиёсӣ, адаби ва ҳунарии Борбади Марвазӣ, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Носири Хусрав, Содирхон Ҳофиз ва симоҳои дигари таърихӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Ҷанбаҳои дигари рисолаи мазкурро метавон ба риштаи таҳлил кашид, аммо бо ҳамин гуфта хотима мебахшем ва хоҳишмандонро барои шиносоӣ бо муҳтавои рисолаи илмӣ ва автореферати он ба шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ мехонем.

Манижа Шерхонова, сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ.