Истиқлол меваи ҳаёт

Вақте ки сухан дар бораи озодӣ, ободӣ, некўаҳволии ин ё он миллат ё халқе меравад, пеш аз ҳама тарзи зиндагӣ ва дар куҷо, дар кадом сарзамини он пеши назар меояд. Миллатҳо ё халқҳое, ки як пораи замини падарӣ, модарӣ ва аҷдодии худро надоранду, ҳама вақт дар сарсонию беватанӣ азият мекашанд ё муборизаҳои шадид мебаранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо чӣ илоҷ, тақдири миллаташон аз азал чунин будааст.

Гарчанде миллати тоҷик хеле куҳанбунёд бошад ҳам, барои нигоҳ доштани порчаи замини аҷдодии худ тохтутозҳои хеле шадид ва хонумонсўзро аз сар гузаронидааст, қариб ба нестӣ расида, боз эҳё шудааст, ҳамин тавр дар давоми қарнҳо бо мубориза Ватани худро дифоъ кардааст. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 миллати тоҷик аввал ба ҳайси ҷумҳурии худмухтор соли 1924 пазируфта шуд. Баъдан соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии алоҳида арзи вуҷуд кард, яъне дар ин солҳои нисбатан ҳассоси муборизаҳои байниқабилавӣ мавҷудият ва рушди худро идома дод. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлолият буд. Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ин истиқлолият комил набуд.

Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида сохтори давлатдориро дар ҳайати давлати абарқудрат ба номи ИҶСШ дар муддати зиёда аз 70 сол чун як оилаи бузург идома дод. Дар давоми мавҷудият дар ин ҳайат Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанберо пойтахти худ интихоб карда, дар як муддати на он қадар тўлонӣ ба шаҳри ободу зебо ва маркази дўстии халқҳо табдил дод. Илму маориф низ босуръат пеш рафт. Саводнокии ҷосеа баланд шуд. Шумораи мактабҳо афзуд, некўаҳволии халқ боло рафт, аммо ин дер давом накард. Олимони гитлерӣ ҷанги хонумонсўзро бар зидди Давлати Шўравӣ оғоз намуд. Дар ин ҷанг аз Тоҷикистони Шўравӣ низ зиёда аз 300 ҳазор фарзандонаш қаҳрамониҳо нишон доданд ва дар якҷоягӣ бо дигар халқҳои шўравӣ фашистони хунхорро шикаст доданд ва ғалабаи умумибашариро таъмин намуданд.

Дар баробари ҳамаи муваффақиятҳои мавҷуда дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ як чиз намерасид. Дар ҳайати ин иттиҳод ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ бо иҷозати роҳбари аввали Давлати Шўравӣ сиёсати дохилии худро амалӣ мекард. Сиёсати хориҷӣ бошад, мутлақо монополияи Маскав буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мавҷудияти худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба комёбиҳо ноил гашт. Новобаста ба ин Тоҷикистон амчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шўравӣ дар нимаи 2-юми солои 80-уми қарни XX ба вуҷуд омадани вазъи буҳрониро эҳсос мекард. Шартномаи иттифоқӣ аз соли 1922 амал мекард, ки он воқеиятро инъикос наменамуд. Бо паси ҳам дигар шудани сардорони аввалини иттиҳод вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ поён рафтан гирифт ва норозигии ҷумҳуриҳо афзун шуд. Масалан, аз солҳои 80-ум сар карда ҷумҳуриҳои назди Балтика, баъдан Қафқоз ва Осиёи Марказӣ кўшиши аз ҳайати иттиҳод берун шуданро карданд.

Дар Тоҷикистон нишонаҳои пайдошавии истиқлолият аз замони ба сари қудрат омадани котиби генералии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ М. С. Горбачев сарчашма мегирад. Аз соли 1985 бо баробари ҷорӣ шудани бозсозӣ, озодии сухан, демократия, ошкорбаёнӣ фикру ақидаҳои истиқлолиятхоҳӣ авҷ гирифт. Ниҳоят 22 июли соли 1989 забони модарии мо ба таври қонунӣ мақоми давлатӣ гирифт. Ин барои тезонидани ҷараёни ба даст овардани истиқлолият замина гузошт.

Аз 20-уми августи соли 1991 сар карда, ҷумҳуриҳои Эстония, Украина, Белоруссия, Озарбойҷон, Ўзбекистон худашонро соҳибистиқлол эълон карданд. Дар Тоҷикистон бошад, истиқлолият 9-уми сентябри соли 1991 эълон карда шуд. Гарчанде истиқлолият хеле осон ба даст омада бошад ҳам, барои истиқлолияти комил ҳоло дур буд. Зиддияту кўшишҳои ҳокимиятталошии гурўҳҳои манфиатҷўй мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Зиёда аз 1 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ Ватани аҷдодии худро тарк намуда, дар ғарибиҳо умр ба сар мебурданд.

Барои ба эътидол овардани вазъи ниҳоят муташанниҷ ҳамаи намояндагони парлумони Тоҷикистон, роҳбарони ҷумҳурӣ бояд ҷамъ меомаданд ва тақдири халқи худро ҳал мекарданд.

Хушбахтона, он рўз фаро расид ва 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид ва ин имконият дод, ки ҳамаи тақдири халқу Ватан муайян карда шавад. Дар давоми як ҳафтаи фаъолияти иҷлосия роҳбар ва тамоми сохтори давлати нави Тоҷикистонро интихоб намуд. Дар ин давраи ҳассос роҳбари давлат як ҷавони нерўманд Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти овозҳо интихоб карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо баробари ба минбар баромадан ба вакилони халқ барои боваришон арзи сипос намуда, баъдан чунин суханҳои фаромўшнашавандаро баён намуд, ки ман бо шумоён дар якҷоягӣ бояд Ватанамонро аз вартаи ҷанг озод кунем, ҳама гурезаҳоро ба Ватан баргардонем. То вақте, ки охирин гурезаи берун аз ватан ба Тоҷикистон барнагардад, ман худамро ором ҳис намекунам ва барои оромиву хушбахтии Ватан ҷони худро дареғ намедорам.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар муддати на он қадар тўлонӣ бо кўшишҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат барқарор шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил ба вуҷуд омад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдираш бо дасти хеш навишта равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард.

Имрўз миллати тоҷикро тамоми дунё чун миллати бузург эътироф мекунад. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дўстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама самараи бузурги истиқлол аст…

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, базургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ аст. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувийят, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ: “Файзи Истиқлол – 25”  Душанбе, “Маориф” 2016
Муаллиф: Устоев Мирзо

Таҳияи Дилрабо Салимова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ.