“Истиқлол”навишт: Ҷашни китоб дар Китобхонаи миллӣ
Имруз 4 сентябри соли равон,дар назди “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил гардид.
Рузи китоб бо ибтикори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи китоб, аз ҷониби КВД ТС “Китоб” намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриётҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адиб”, СИ “Энциклопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адабиёт ва бачагона” ва нашриётҳои дигари кишвар баргузор шуд.
Дар намоиш-фурӯши китобҳо, осори адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон ба ҳаводорони китоб пешниҳод гардид. Ҳамзамон, намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби як қатор ширкатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои пойтахт пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин, Рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ эълон карда шуд, ки он ду рӯз идома хохад ёфт. Ҳунарнамоии ансамбли бачагонаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз дигар бахши Рӯзи китоб буд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи китоб дар Точикистон аз 4- сентябри соли 2007 таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки 4-уми сентябри соли 2007 – рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ – Рӯзи китоб эълон шавад. Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз, 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ буда, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро ифода мекунад.
Муассиса барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар маводи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст.
Абдураҳмон РАҲМОНОВ,
хабарнигори “Истиқлол