Истиқлол ва китоб дар суҳбати олими китобшинос Сафар Шоҳсаидзода дар барномаи “Олами китоб”-и Радиои Фарҳанг

Сафар-ШоҳсаидзодаИмрўз дар барномаи «Олами китоб»-и Радиои фарҳанг мушовири директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шоҳсаидзода ширкат намуд.

Ў дар мавзуи дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ суҳбат намуда ба ин суолҳои ровии барнома Раҳима Аъзам посух дод:

Чӣ гуна заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар замони Истиқлол барои рушди соҳаи китобдорӣ гузошта шуд?

Барномарезии давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ аз кай оғоз шуд?

Чӣ гуна барномаҳо қабул шуданд?

Китобхонаи миллӣ бо кадом созмонҳои маъруфи сатҳи байналмиллалӣ ҳамкорӣ дорад?

Масъалаи омода намудани кадрҳо ва такмили ихтисос  онҳо дар кадом поя қарор дорад?

Вазъи бо китоб таъмин намудани китобхонаҳои кишвар чӣ гуна аст?

Марказҳои омодакунии кадрҳо бо нерўи илмӣ-педагогӣ таъмин аст?

Инҳо суолҳое буданд, ки гардонандаи барнома аз мушовири директори Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шоҳсаидзода Сафар пурсид.

Ёдовар мешавем, ки барномаи «Олами китоб» мустақим буда ҳафтае як мароттиба пахш мегардад. Ва дар он мавзуъҳои китобу китобхонаву китобхонӣ матраҳ меградад. Ин барнома муаррификунандаи шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллӣ буда, доир ба китобхонаҳои дигари кишвар низ иттилоъ медиҳад. Шоҳсаидзода Сафар, мушовири директори Китобхонаи миллӣ дар дуввумин барномаи мустақими «Олами китоб» меҳмон буд. То ин дам барномаи мазкур таври зинда ба эфири радио намерафт, бо танзим шунавнда мешуд.

Ин барнома мустақим имрӯз соати 13:20 дақиқа аз тариқи Радиои Фарҳанг пахш гардид.