Истиқлол ва рушди соҳаи китобдорӣ

1-(55)Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди онро дар маркази фаъолияти хеш қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллӣ дониста, китобдорию баҳрабардорӣ аз китобро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат арзёбӣ карданд.

Воқеан, китобдорӣ яке аз соҳаҳои муҳимтаринест, ки рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин мекунад. Дар даҳсолаи охир иттилоот, ки дар соҳаи мазкур мавқеи калидиро ишғол мекунад, аҳамияти махсус касб намуда, захираи стратегии ҷомеа маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, таъмини сифати захираҳои иттилоотӣ, ташкили раванди истифодаи оқилонаи онҳо дар китобхонаҳо яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор  пайдо кард.

Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати маорифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфтанд ва дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақому мавқеи устувор пайдо намуданд.

Мусаллам аст, ки дар роҳи татбиқи тамоми ҳадафҳои стратегии миллӣ нақши китобхонаҳо басо бузург аст. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар тамоми мулоқоту суҳанрониҳои хеш ба масъалаи мутолиаи китобҳои гуногун ва табдил додани китобхонаҳо ба марказҳои асосӣ ва муҳимтарини илму фарҳанг эътибори ҷиддӣ дода, ба масъулони мақомоти марбутаи давлатӣ пайваста дастур медиҳанд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Мавриди зикр аст, ки бо истифода аз фазои созгори даврони истиқлолият соҳаи китобдорӣ дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба даврони шуравӣ дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназир мебошанд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, имкон фароҳам овард, ки соҳаи китобдорӣ беш аз пеш рушд намояд.

Бо дарки муҳиммияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 млн. сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Илова бар ин, бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ, даҳҳо биноҳои наву замонавии китобхонаҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таҷлили “Рӯзи китоб”, анъана гардидани баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва боз чандин тадбирҳои созандаи Пешвои миллат ёдовар шуд.

Шоистаи зикр аст, ки раванди омўзишу баррасии масъалаҳои муҳимтарини соҳаи китобдории даврони истиқлол ҷиҳати аз нигоҳи илмӣ ошкор намудани нақш ва мавқеи созандаи китоб дар таъмини рушди устувори кишвари азиизамон  Тоҷикистон ва мақоми шоиста пайдо кардани он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Замира Ҳомидова корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.