Истиқлол ва сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ
Мусаллам аст, ки дар оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забон, ки яке аз унсурҳои меҳварии давлату давлатдорӣ маҳсуб меёфт, аз зарбаҳои гуногун асарҳои ногуворе бардошт. Тавонмандии забони тоҷикӣ ва имкониятҳои бепоёни он то андозае заиф гардиданд. Забони тоҷикӣ, ки акнун ҳамчун забони давлатӣ эътироф шудаву омилҳои пешрафти он муқаррар гардида буданд, ба туфайли омилҳои айниву зеҳнӣ аз рушду нумуъ бозмонд.
Маҳз дар ҳамин айёми басо нозук ва ҳассос забони тоҷикӣ ба пуштибонии соҳибонаш ниёз дошт, ки кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто чашмгир ва қобили таваҷҷуҳ мебошад. Пешвои миллат дар китоби худ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» басо дақиқ зикр карданд, ки «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ва ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нишон додани он сар мешавад».
Шахсиятҳои огоҳ ва донишмандоне, ки дар кашфи муаммоҳои умумибашарӣ нақши арзанда доранд, дар ҳифзу дифои забони модарӣ низ саҳмгузоранд. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки соли 2008-ро Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон кунанд. Ин иқдоми арзанда ва саривақтӣ ба ривоҷу равнақ ёфтани забони тоҷикӣ мусоидат кард, зеро гузаронидани ҳамоишҳои бонуфузи илмӣ ва дигар тадбирҳои муҳими вобаста ба масъалаи бузургдошти забони тоҷикӣ имконият фароҳам овард, ки ин забон чун забонҳои дигари дунё мақом ва манзалати вижаеро касб намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси соҳибзабон ва миллатдӯст омилҳои рушди забони тоҷикиро дар суханрониашон борҳо дақиқ муқаррар карда буданд, ки мо шоҳиди амалан ба субут расидани ин гуфторҳо мебошем.
Ҳанӯз дар идомаи эълони соли забони тоҷикӣ муҳимтарин омилҳои рушди забони миллиро Пешвои миллат ба таври зайл муқаррар намуда буданд:
– танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;
-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;
-таҳқиқ ва нашри Грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;
-таҳия ва нашри Грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;
-нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;
-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.
Бешак, имрӯз мо бо гузашти наздик ба даҳ сол аз ин пешниҳодот шоҳиди он ҳастем, ки аксаран ин ҳадафҳои созандаи рушди забони миллӣ бевосита бо сарпарастии худи Пешвои муаззами миллат ҳамчун пуштибони забони давлатӣ амалӣ гардиданд, ки таълифи китоби мондагори «Забони миллат–ҳастии миллат» аз тарафи Сарвари давлат рӯшантарин санад дар амри расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ба шумор меравад. Дар канори ин, сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат оид ба забони миллӣ сабаб шуд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз забонҳои байналмилалӣ аз тамоми минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ садо диҳад, ки, бешак, суханрониҳои худи Сарвари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ бо забони давлатӣ шаҳодати шарафи ин мақоми бузурги забони миллӣ ба шумор меравад.
Баробари ин, бояд эътироф намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони адабиёт, илму маориф ва ифодакунандаи маҷмӯи назокатҳои лафзии фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Эҷоди осори оламгиру чашмрас аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат баёнгари равшани он аст, ки дар вусъати вожаи калимот ва муҳтавои ин забони нодиртарин дастовардҳои ақлонии башарият ғунҷоиш ёфтаанд, ки ба ин метавон аз осори безаволе чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, силсиламаснавиҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва амсоли инҳоро ёдовар шуд. Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур ҳодӣ ва равшангари на фақат халқи тоҷиканд, балки роҳнамои тамоми аҳли башар гаштаанд. Ҳамин тариқ, арзишмандии забони тоҷикӣ аз ҷониби муҳақкиқони ватаниву хориҷӣ бо зикри маводи қотеъ ба субут расида, боз чанд омили дигаре мавҷуд аст, ки тавонмандии ин забон замина мегузорад.
Ниҳоят, яке аз нишонаҳои муҳими даврони Истиқлолияти давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтани забони тоҷикӣ мебошад, ки, бешак, ба кору пайкори беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мегирад. Маҳз, тавассути пайкорҳои давлатмардонаи ин фарзанди фарзонаи миллат на танҳо дар ин даврон сиёсати давлатии забон ба шоистагӣ мавриди амал қарор гирифта, он дар паноҳи давлат аст, балки тавассути анҷом додани ибтикори шоён, аз ҷумла таълифи китоби «Забони миллат–ҳастии миллат» барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳидоятномаҳоеро манзур намуданд, то ҳар як шаҳрванд, ҳар як соҳибзабон аз онҳо илҳом гирифта, дар амри ҳифзи арзишҳои бузургу бемисли ин забон ва шинохти мақому ҷойгоҳи таърихии ин ганҷинаи нодири таърихи миллат саҳмгузор бошанд.
Зоҳид Қӯрғонов,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Аз китоби “Забон ва ҳувияти миллӣ”,Душанбе, с. 2018.
Таҳияи Салимова Дилрабо
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ