«Истиқлол ва таҳкими ҷойгоҳи бонувон  дар ҷомеа»

бонувон  дар ҷомеаДар  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил таҳти унвони «Истиқлол ва таҳкими ҷойгоҳи бонувон дар ҷомеа”  бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни давлатӣ ва кормандони китобхона баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Шурои бонувони Китобхонаи миллӣ барпо шуд.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим оғоз намуд. Номбурда зимни суханрониаш хамаи бонувони дар ҷаласа иштирокдоштаро бо 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ табрику шодбош намуд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Бунафша Файзиддинзода, ходими давлатӣ собиқадори меҳнат ва иштирокчии бевостаи иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ Рафиқа Мӯсоева, ходими давлатӣ собиқадори меҳнат Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  Салима Раҷабзода суханронӣ намуданд.

Салима Раҷабзода Салима Раҷабзода ҳамчун мизбон қадами меҳмононро хайру мақдам гуфта, аз номи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба ифтихори наҷибтарин дастоварди таърихии миллат –  Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.

СипосномаДар поёни ҳамоиш зумрае аз ширкаткунандагон, меҳмонон ва бонувони фаъоли пойтахт, кормандони Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Ганҷина Ҷолаева, мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.