Истиқлоли кишвари озод

Тоҷикон аҳди аз қадим халқи  озодихоҳу озодипараст буданд. Асрҳо дар дил орзуи мустақилиятро мепарвариданд. Истиқлоли худро ба даст овардан мехостанд. Халқи тоҷик пас аз интизориҳои зиёд соли 1991 ба орзуи худ расид. Албатта, Истиқлол барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи меҳнаткаши тоҷик чӣ рӯзҳои сангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ душвориҳоро таҳаммул намудаанд.

Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони поку фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд. Хушбахтона, халқи тоҷик бо неруи хирад ва роҳбарии Сарвари оқилу донояш Эмомали Раҳмон тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуда парчами сулҳу ваҳдатро дар кишвари азизамон барафрохтаанд.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ҷашн мегирад. Мардуми сарбаланду сулҳофарини тоҷик  бо шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун 9-уми сентябр, яъне ин санаи муқаддасро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирад.

Маҳз фазои мусоид ва сулҳпарвари тоҷикон имкон дод, ки дар фосилаи начандон тулонӣ душвориҳои мавҷударо бартараф дар самти ободкориву созандагӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардем. Сохтмони роҳҳои бузурги мошингард, бунёди як қатор иншоотҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ғайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии ҳукумат ба соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб меёбад. Бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, марди ватандӯсту оқил ба чунин рӯзҳои серу пур, тинҷу осуда расидем.

Дар олам бузургтар аз неруи озодӣ қуввае нест ва саодати  баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургвори тоҷик поянда ва саодати он ҷовидон бимонад.

Истиқлоли комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ ҳамеша насиби Ватани – Тоҷикистон азизамон бошад.

Ҳошимова Саодат,
мутахассиси шуъбаи
рисолаҳои илмӣ