Истифодаи шабакаҳои беноқил дар системаи автоматикунонидашуда”
Муаллифи китоби “Истифодаи шабакаҳои беноқил дар системаи автоматикунонидашуда” Муродӣ Ҳ., Юсупов З.Н., Исмоилов К. А. мебошанд.
Комплекси таълимӣ – методӣ дар асоси Барномаи стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумхурии Тоҷикистон барои донишҷуёни ихтисосҳои технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) ва системаҳои автоматикунонидашуда таҳия ва пешбинӣ карда шудааст. Дар комплекси таълимӣ-методӣ мақсад ва вазифаҳои фанни ташкили МЭҲ, системаҳо ва шабакаҳо ва мавқеи онҳо дар ҷараёни таълим нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар он бораи омўзгорон ва донишҷўён оид ба гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, кори мустақилонаи донишҷуён бо роҳбарии устод, конспекти лексияҳо ва маводҳо барои дарси семинарӣ ва кори мустақилонаи донишҷў бо роҳбарии устод, саволномаҳо барои худомўзӣ, супоришҳо (масъалахо) ва саволномаи тестӣ тавсияҳои методӣ оварда шудаанд.
Рў овардан ба системаҳои телекоммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онхо дар ҷомеа яке аз эҳтиёҷҳои замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, истифодаи системаҳои иттилоотии автоматикунонида- шудаи телекоммуникатсионӣ шабакаҳои беноқил дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъала-ҳои муҳимми замони муосир мебошад.
Гузариши иқтисодиёт ба муносибатҳои бозорӣ, шаклҳои нави корхо- наҳо, вусъатёбии робитаҳои дохиливу берунии корхонаҳо ба афзоиши ахбор оварда расонд. Татбиқи компютерҳо ва дигар воситаҳои техникӣ дар ҷараёнҳои ахбории иқтисодиёт ба баландшавии сифат ва фаврияти қабули қарорҳои идоракунӣ оварда мерасонад.
Аз ҳамин сабаб ҳар як мутахассис дар соҳаи телекоммуникатсия бояд дорои донишҳои соҳаи коркарди ахбор ва малакаҳои кор бо компютерҳои муосир бошад. Дигаргуниҳои иқтисодиёт гузариш ба муносибатҳои бозориро ба миён овард, ки он талаботи мутахассисонро ба ахбори гуногуни тиҷоратӣ, молиявию ҳуқуқӣ ва ғайра зиёд мегардонад. Ҳамаи ин иқтисодчиёни ояндаро водор менамояд, ки барои кор дар шароитҳои нав омода бошанд, асосҳои технологияҳои нави ахбориро донанд ва ҷараёнҳои ахборию технологии фаъолияти идоравии худро дуруст ба роҳ монда тавонад. Истифодаи васеи компютерҳои фардӣ, воситаҳои алоқа озодона истифода намудани базаи маълумот ва технологияи системаи интеллектуалӣ мутахассисонро барои иҷрои вазифаҳои идоракунӣ пухта месозанд. Ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ягон мушкилӣ садди роҳи онҳо шуда наметавонанд.
Махсудова Г.
мутахасиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ
ва илмҳои дақиқ.