Иван Бунин – охирин классики адабиёти рус (Ба ифтихори 155-солагии И.А.Бунин)

Иван Алексеевич Бунин22 октябр ба таваллуди Иван Алексеевич Бунин(1870-1953), нависанда, шоир, мутарҷими барҷастаи рус, аввалин барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт 155 сол пур шуд. Иван Алексеевич Бунин 22 октябри соли 1870 дар шаҳри Воронежи Русияи подшоҳӣ дар оилаи ашрофзодагони камбағал таваллуд ёфтааст. Айёми бачагиаш дар вилояти Орёл дар мулки бобоӣ сипарӣ гашта, ки ин давра дар эҷодиёти ояндаи нависанда хеле равшан таҷассум меёбад.

Бояд гуфт ки хонаводаву пайвандони Бунин ҳама номдору обрӯманд буданд, ба Ватан хидмат карда, илму фарҳангро ривоҷ медоданд. Вале Алексей Николаевич замони ба дунё омадани писари хурдиаш Иван Бунин имкони нигоҳубини оилаи бузургашро қариб, ки надошт. Бо маоши ночизе, ки дошт, таъмини оилаи ҳафтнафара барояш басо мушкил буд. Аз падар ба Иван Алексеевич Бунин одоби ашрофона ва қомати зебо ба мерос монд. Аз ин рӯ, Иван Бунини хурдсол аз маълумоти хубу дастгирии падар маҳрум шуд. Вай таҳсилро ба таври хусусӣ ва дар гимназияи Елетс гирифта бошад ҳам онро тамом накардааст. Иван Бунин дар синни ҳаштсолагӣ ба навиштани шеър шурӯъ карда, соли 1887 аввалин шеърашро дар як нашрияи Санкт-Петербург чоп намуд. Дар айёми ҷавонӣ дар редакцияҳои рузномаю маҷаллаҳо кор кардаву сафарҳои зиёде карда, тадриҷан ба доираҳои адабии Петербург ва Москва дохил шуд. Ин аст, ки дар синни 18-солагӣ сармуҳаррири як рӯзномаи вилоятӣ шуд.  Дар охири солҳои 1890-ум ба ҷомеаи адабӣ ворид шуда, ҳамчун шахси хушмуомила ва фаъол обрӯ пайдо кард, аммо танҳо пас аз 30-солагӣ шӯҳрат пайдо кард.

Сараввал ӯ бо шеърҳои лирикиву ҳузнангезаш ҳамчун шоир шӯҳрат пайдо кард, ки бо муҳаббат ба табиат фарқ мекарданд. Бо вуҷуди ин, Иван Бунин аз охири солҳои 1890 бештар ба наср рӯ овард. Повесту ҳикояҳояш аз ҷиҳати руҳиву равонӣ, тасвири дақиқи ҳаёти рӯзмарра ва зебоиҳои табиат, инчунин нигоҳи фоҷиавӣ ба ҳаёти деҳоти рус ҷолиби диққатанд. Худи Бунин чунин менависад: “Барои ман табиат мисли одамон муҳим аст. Шояд муҳимтар ҳам бошад. Ва ҳамеша чунин буд. Чанде пеш ёддоштҳои айёми ҷавониамро хондам. Ман онҳоро танҳо барои худам навишта будам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки онҳоро ба касе, ҳатто бародарам Юлиус нишон диҳам. Тавсифи шамол, абр, алаф, ҷангал – чӣ вохӯриҳое бо табиат! Ман дар бораи табиат назар ба одамоне, ки дучор шудаам, бештар навишта будам. Табиатро дӯст медоштам, ман ошиқи  табиат будам. Мехостам бо он омехта шавам, осмон, абр, санг, баҳр, шамол шавам. Аз он ки ин муҳаббатро бо сухан баён карда наметавонистам, азият мекашидам. Саҳар бо ҳаяҷон ба ҷангал мерафтам, гӯё ба мулоқоти ошиқона меравам. Он қадар ҳаёт ва тамоми мавҷудоти зиндаро дӯст медоштам.”

Дар ибтидои солҳои 1900 Иван Бунин аллакай ҳамчун нависандаи шинохта пазируфта шуд: соли 1903 ба дарёфти ҷоизаи адабии Пушкин мушарраф гашта, соли 1909 ба унвони узви ифтихории Академияи улуми Руссия баргузида шуд.

Ҳаёти Иван Бунин бо Санкт-Петербург зич алоқаманд буд. Ҳарчанд ӯ дар он ҷо доимӣ зиндагӣ намекард, вале мунтазам ба ин шаҳр меомад. Маҳз дар шаҳри соҳили Нева классик сазовори эътироф гардида, асарҳояшро нашр кард ва бо шахсиятҳои маъруфи адабиёт робита пайдо кард.

Бунин бо ҳамсараш Вера Николаевна аз тирамоҳи соли 1917 то баҳори соли 1918 дар кучаи Поварская, 26 зиндагӣ мекард. Аммо нависанда Инқилоби соли 1917 ва ба сари ҳокимият омадани болшевиконро қабул накард. Сабтҳое, ки нависанда дар ёддоштҳои ҳамондавраи худ ҷой додааст, баъдтар асоси китоби «Рӯзҳои нафриншуда»-ро ташкил медиҳанд. Муносибати ӯ ба воқеаҳои дар мамлакат рӯйдода дар саҳифаҳои китоби «Рӯзҳои нафриншуда» пурра инъикос ёфтааст. Ин сабтҳо ҳуҷҷати муҳими давр гардиданд, зеро Бунин Инқилоби Октябрро фоҷиаи маданияти миллии рус шуморида, шадидан маҳкум намуд ва Ҳокимияти нави Советиро комилан рад кард. Нависандаи классик ба пойтахт маротибаи охирин моҳи апрели соли 1917 омада буд. Вай дар асари худ “Рӯзҳои нафриншуда  шаҳрро дидаю дониста Петербург  номид, на Петроград, зеро номи нави онро қабул надошт.

Соли 1918 Бунин бо ҳамроҳии ҳамсараш аввал ба Одесса, баъдан, соли 1920 ба Фаронса кӯчиданд ва то охири умр дар ҳамон ҷой зиндагӣ карданд.

Иван Алексеевич Бунин 8 ноябри соли 1953 дар Париж даргузашт ва дар қабристони русии Сент-Женевев-де-Буа дар наздикии Париж ба хок супурда шуд.

Эҷодиёти Бунин мухтасар, дақиқ ва шоирона навишта шудааст. Насри ӯ садои мусиқӣ дорад, ҳар як калима вазнноку пурмазмун аст. Ӯ барои тозагии забон ва ҳақиқати равонӣ талош кардааст. Романи “Зиндагии Арсенев”, повесту ҳикояҳое, ки дар маҷмӯаҳои “Хиёбоҳои тира”, “Суходол”, “Деҳа” ва ёддоштномаи “Рӯзҳои нафриншуда” гирд оварда шудаанд, аз ҷумлаи асарҳои асосии у мебошанд. Бояд гуфт ки осори муҳоҷирати Бунин беҳтарин осори ӯ ба шумор меравад: “Роза Иерхона”(1924), “Ишқи Мити”(1925), “Офтобзадагӣ”(1927), “Сояи паранда”(1931), “Дарахти Худо”(1931), “Ашъори баргузида”(1928), “Кӯчабоғҳои соясор”(1937-1944).

Иван Алексеевич Бунин соли 1933 аввалин нависандаи рус гардид, ки сазовори Ҷоизаи Нобел дар адабиёт шуд. Бунинро асари “Зиндагии Арсенев”,  ки таи солҳои 1927-1933 таълиф шудааст, барандаи ҷоизаи Нобел кард. Романи мазкур дар осори Бунин мавқеи махсусеро пайдо  кардаву зиндагиномаи худнавишти нависанда аст. Таваҷҷуҳи нависанда дар роман на танҳо ба зиндагии қаҳрамони асосии асар – Алексей Арсёнов равона гаштааст, балки шаклгирии шахсияти қаҳрамон ва рафторҳои печидаи ӯ бо атрофиёнаш мебошад.

Дар зимн, ҷоизаи Нобел мувофиқи меросномаи Алфред Нобел (27-уми ноябри соли 1895) таъсис ёфтааст. Дар соли 1901, нахустин ҷоизаҳои ин бунёд эҳдо шуд. Тибқи васияти ӯ, панҷ ҷоиза ба таври солона дар риштаҳои физика, химия, физиология ё тиб, адабиёт ва тарғиби сулҳ дар тамоми дунё ба афроде дода мешавад, ки бештарин хидматро ба мардум карда бошанд. Дар тӯли таърихи беш аз садсолаи ҷоизаи Нобел панҷ нависандаи рус барандаи ин ҷоиза гаштаааст, ки ин рӯйхат бо номи Иван Алексеевич Бунин оғоз мегардад:

  1. Иван Бунин (1933) – «Барои маҳорати ҷиддие, ки вай анъанаҳои насри классикии русро инкишоф медиҳад».
  2. Борис Пастернак (1958)
  3. Михаил Шолохов (1965)
  4. Александр Солженитсин(1970)
  5. Иосиф Бродский (1987)

Зимнан таъкиди ин нукта бамаврид аст, ки аз адибони маъруфи рус бори аввал Лев Николаевич Толстой шаш маротиба ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод шуда буд ва худи адиб қотеъона онро рад кард. Ҳатто аз дӯст в атарҷумони осораш Арвид Ярнефелт хоҳиш кард, ки ба ҷониби шведӣ расонад, ки ба ӯ ин ҷоизаро надиҳанд.

Бунин бо услуби худ, зебоии забон, назокати андеша ва ишқу эҳсоси инсонӣ тавонист адабиёти русро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад.

Ногуфта намонад, ки Бунин бори аввал соли 1922 ба гирифтани мукофоти Нобел пешбарй шуда буд. Баъдан солҳои 1926, 1930 низ номзад ба ин ҷоиза буд. Ва инак, 10 декабри соли 1933 дар Стокгольм шоҳи Швеция Густави V ба Бунин «Барои маҳорати ҷиддие, ки анъанаҳои насри классикии русро пеш бурдааст» дипломи барандаи мукофоти Нобелӣ ва медали тиллоро супурд.

Бунин дар таърихи адабиёти рус ҳамчун классике, ки суннатҳои асри 19-ро бо кашфиёти бадеии асри 20 пайваст карда тавонистааст ва ҳамчун нависандае, ки асарҳояш то ҳол бо самимияту  маҳорати хос ба хонандагон таъсир мерасонанд, боқӣ мондааст.

Махфират Муҳиддинова,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.

 ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ АЗ ИВАН БУНИН ИН КИТОБҲОРО МЕТАВОН ХОНД:

  • Бунин И.А.       Темные аллеи. 2013
  • Бунин И.А.        Окаянные дни. 2013
  • Бунин И.А.        Митина Любов. 2004
  • Бунин И.А.        Жизнь Арсеньева. Юность
  • Бунин И.А.        Стихотворения.Повести.
  • Бунин И.А.        Рассказы. 2002
  • Бунин И.А.        Легкое дыхание.
  • Бунин И.А.        Деҳа  1991
  • Бунин И.А.        Избранные произведения 1991
  • Бунин И.А.        Повести и рассказы.  1990
  • Бунин И.А.        Антоновские яблоки. 1990
  • Бунин И.А.        Лишь слову жизнь дана.
  • Бунин И.А.        Деревня.          1990.