Қиёмуддини Абдуллозода: “Пас аз гузашти солҳо”

Қиёмуддини АбдуллозодаИн китоб соли 2009 бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ, ва корманди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон Саид Каримзода чоп шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Тавре дар муаррифии китоб омадааст, Қиёмуддини Абдуллозода аз зумраи адибонест, ки фалсафаи зиндагиро хеле хуб дарк карда, онро дар асарҳояш ба риштаи таҳрир моҳирона ва бо ҷуръати тамом кашида тавонистааст. Қиссаву ҳикояҳояш хонандаро ба сўи тафаккури навин кашида, дили ўро ба ҳаёти пурмоҷаро ва сангини имрўза гарм медорад ва ба оянда бо назари нек менигаронад. Қисса ва ҳикояҳои «Пас аз гузашти солҳо» хеле ҷолиб, хонданбоб, заминӣ, саршор аз алфози содаву сареҳу равони мардумӣ буда, гановату таровату тавоноии забони ноби тоҷикиро собит месозанд. Ҳам хонандаи одӣ ва ҳам олимону муҳаққиқони таъриху забони мо аз ин китоб бебаҳра нахоҳанд монд.

Муаллифони сарсухан аз ҷумла навиштаанд, ки китоб аз маҷмўи ҳикояву қиссаҳои шўрангезу диловез ва содаву хонданбоб буда, қаҳрамонҳояш дар зиндагӣ ҳеч гоҳе ноумед нашудаанд. Зеро дар ҳама бурду бохтҳояшон Худованди мутаол ҳамроҳашон будааст.

Қиссаи «Гуландом» аз талхтарин қиссаҳои ин китоб аст, ки хонандаро ба солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ сохта, ҳаёти камбағалона ва бесаробонаи мардуми тоҷиро хеле ҷолиб ва ҳақиқатгарона тасвир менамояд. Гуландом дар зиндагб таҳқирҳои зиёд мебинад, аммо сабрро пеша мекунад ва оқибат ба мақсад мерасад. Он ки дар ҳаққаш бад кард, охир дар чоҳи абад меафтад.

Қиссаи «Пас аз гузашти солҳо» аз ҳаёти дўст ва рафиқи солҳои бачагӣ, ҷавонӣ ва имрўзи муаллиф шахси бисёр хоксору заминӣ Додихудо нақл карда, дар симои ў муаллимеро тасвир мекунад, ки ҳамабину ҳамадон, ҳамакору ҳамафаҳм, доною оқил ва дар айни замон хеле ҳалиму сабур ва дилсўзу меҳрубон аст, дар ҳаёти пур аз моҷаро тезрафтору тезгуфтор, нотарсу далер, якраҳаву устувор, одамшиносу хушсўҳбат ва ҳатто варзишӣ буда, барои хонандаи имрўз қаҳрамони дўстдоштанист.

Лаҳзаи вохўриашро бо «Булбули машриқзамин» Аҳмад Зоҳир нависанда дар қиссаи «Ҳирот» хеле ҳассосона тасвир намуда, дар бораи мардуми Афғонистон, ки чандин солҳо он ҷо ифои вазифа карда буд, маълумотҳои аҷибе медиҳад. Тасодуфҳои ҳаёташро, ки борҳо аз дами аҷал раҳо ёфтааст, танҳо аз Худои азза ва ҷалла медонад. Ҳамеша шукри ёру диёр, зиндагӣ ва фарзандонашро мекунад.

Қиссаи «Даравгар» аз ҳаёти як даравгари захматкаш ва ҳалолкори тоҷик Алимардон нақл кард, чӣ тавр дарси ибрат ба дигарон намоиш медиҳад. Нависанда ҳангоми офариниши симои қаҳрамон тамоми ҷузъиёти зиндагиро паҳлу ба паҳлу нишон дода, аз дурдонаҳои забони бою ноби тоҷикӣ моҳирона истифода кардааст. То ба ҳол фарҳангҳои мо вожаҳое мисли ғабдал, сатирӣ, сарпачала, залич, зарбулмасалу мақолҳои нодири забони тоҷикӣ истифода нашуда буданд ва ё хеле ба нудрат истеъмол мешуданд. Абдуллозода бо як истеъдоди волои нависандагӣ онҳоро дар мавридашон корбурд карда тавонистааст.

«Ишқи кўдакии ман» беҳтарин қиссаи хонданбоби нависанда маҳсуб мешавад, зеро рўзгори як ҷавони мардикори мусофиреро, ки баъди 20 сол бахти гумкардаашро дар кишвари бегона бо амри тасодуфи ҳайратоваре пайдо намудааст, хеле устокорона ба риштаи таҳрир кашидааст ва ҳеч хонандае хондани ин қиссаро ба соати дигар во нахоҳад гузошт.

Дар ҳикояи «Арўс» бошад, адиб ду арўси ду миллатро дар ду макон бо ду диди назар тасвир кардааст. Яке зоҳиран арўс асту дигаре ботинан. Яке либосҳои фохираи арўсӣ ба бар дораду ботинаш ҷандапўш, дигаре либосҳои одии аҷдодӣ дар тан, вале ботинаш зебову ҳарир. Ҳар дуро Малика ном аст. Вале анҷоми кор не каст. Ҳарду ҳам бахташонро дармеёбанд.

Ҳикояи дигари Абдуллозода «Доғи модар» ном дошта, аз сарнавишти талхи модари зоре қисса мекунад, ки тамоми умри ширинашро дар азоби фарзанди нохалаф ва ноҷавонмард сарф кардаву боре ҳам ўро дуои бад накардааст. Нависанда дар ин ҳикоя то чӣ андоза бузург будани қалби модарӣ ва меҳри модариро пеши назари хонанда ҷилвагар месозад.

Ҳикояи «Ватан обу ҳавоят нўши дунё» анҷоми китоб аст. Нависанда дар он хотираҳои сафарашро ба Амрико рўи қоғаз оварда, рушду пешрафти он кишварро бо Ватани худ Тоҷикистон қиёс мекунад, иллатҳои ақибмонии мардуми мусулмонро нишон дода, орзуи ободии Ватан як лаҳза ҳам аз хаёлаш дурнест. Ба хулоса меояд, ки ҳама айб дар мусулмонии худи мост. Ислом дини поку мубин ва ҷаҳонсоз аст.

Қиёмиддин Абдуллозода барҳақ нависандаи хеле моҳир ва нуқтасанҷ буда, хондани қиссаву ҳикояҳояш касро ба дарёи андешаҳо ғутавар месозад. Маслиҳати мо ин аст, ки ғурур ифтихори миллӣ, дарси худогоҳию хештаншиносиро пеши қаҳрамонҳои Абдуллозода бояд сабақ гирифт, зеро онҳо сабақи худро аз рўзгор гирифта, омўзгори хуби зиндагист.

Чун намемонад ҷаҳони беқарор,
Номи некў беҳ, ки монад ёдгор.

(Саъдӣ)

Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шўъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.