Изҳори ҳамдардӣ

Абдулқодири РаҳимМо – кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон иттилоъ дарёфтем, ки шоири хушном, адиби нуктасанҷ ва инсони фозилу комил устод Абдулқодири Раҳим, аз олам чашм бастааст.

Устод Абдулқодири Раҳим тамоми умри хешро сарфи сухани пок, андешаи баланди миллӣ, хидмати созандаи адабӣ барои ҷомеа ва тарбияи маънавии наслҳо намуд. Ӯ аз ҷумлаи он адибоне буд, ки ҳам бо шеър ва ҳам бо наср, ҳам бо публитсистика ва ҳам бо тарҷума, саҳми назаррасе дар адабиёти муосири тоҷик гузоштааст.

Осори арзишманду пурмазмуни ӯ, бо номҳои «Рӯшноӣ», «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Фиреби меҳр», «Дигар дурӯғ нест», «Нусхаи парешонӣ», «Ашки сари мижгон», «Шод зӣ, шод!», «Падар» ва дигарон ба дасти хонандагон расида, дар махзанҳои адабии Китобхонаи миллӣ ҳифз мешаванд ва ҳамарӯза аз онҳо хонандагон ва ҳаводорони каломи ноб истифода мебаранд.

Абдулқодири Раҳим дар баробари адиб будан, инсони фурутан, боҳиммат, покнажод, дорои виҷдони баланди иҷтимоӣ ва дӯстдори Ватан буд. Ӯ бо қалами ростин ва дили гармаш аз дарди халқ мегуфт, ба масъалаҳои рӯз мароқ дошт ва роҳи адолатро дар сухан ҳамеша ҷустуҷӯ мекард. Ҳар як нигоштаи ӯ дар қолаби жанрҳои публитсистӣ баёнгари як бахши зиндагии халқ буд ва барои ҳамеша осори ӯ дар саҳифаҳои адабу фарҳанги кишвар ҷовидонӣ хоҳанд монд.

Марги ин шахсияти барҷаста талафоти бузурге барои ҷомеаи фарҳангии кишвар ва тамоми дӯстдорони каломи бадеъ мебошад. Ӯ дар хотираи наслҳо ҳамчун адиби ватандӯст ва қаламкаши ҳақшинос боқӣ хоҳад монд.

Мо – кормандони Китобхонаи миллӣ ин талафотро ба наздикону пайвандони марҳум тасаллияти амиқ гуфта, худро шарики андуҳи гарони онҳо медонем.

Руҳашон шод, ёдашон бо хайр ва номи некашон ҷовидон бод!