Изҳори назари профессор Ҷумахон Файзализода дар “Мароми пойтахт”. Саҳми пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ
Миёни халқу миллатҳои сершумори олам Тоҷикон аз ҷумлаи мардумони соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсолаи худро то кунун нигоҳ доштаанд. Дар ин масир шоирон мо бо шеъри оламгири худ тавонистан ин забонро бо гуишу сабке нигоранд, ки то ба ҳол онро баъдинагон ба хубӣ ва зудӣ дарк карда метавонанд.
Метавон аз устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро ба ин феҳрист шомил кард. Бо ин забони фасеҳу шоирона ҳазорҳо китобҳои гаронмоя, шоҳасарҳои мондагори илмӣ навишта шудааст, ки асрҳои аср барои мардумони олам таъйинкунандаи меъёрҳои ахлоқи ҳамида, ҳаёти шоистаи инсонӣ, фарҳанги муоширату давлатдорӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мебошанд.
Албатта, мо медонем, ки забони модарии мо дар вартаи тайнамудаи чандин тохтутозҳои аҷнабиён қарор гирифтаву аз ин фарҳангдуздӣ ва парокандагӣ наҷот ёфтаву то даврони мо расидааст. Дар замони истиқлол бошад, забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуд ва ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, тадриҷан ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ табдил ёфт ва инак, аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ садо дода, мояи ифтихору сарафрозии тоҷикони ҷаҳон гаштааст. Бунёди рушди ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ фароҳам гардид.
Дар тамоми мулоқот ва суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаб дар ҷашнҳои ба муносибати Рўзи забони давлатӣ тамоми масоили марбут ба татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба забони давлатиро рушану боризона матраҳ мекунанд ва таъкидҳои гиреҳкушои Сарвари давлат барои мо шаҳрвандони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистони азиз бозгўкунандаи вазъи имрўзаи татбиқи Қонуни забон ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба пояи забони илми муосир расонидани он мебошад. Тасдиқ шудааст, ки устувории ҳар давлату миллат аз бақои забони он вобастагии амиқ дорад. Яъне забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти давлат ба шумор меравад. Аз ин рў, муайян кардани муносибати давлат бо забон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Мо дар муддати 32 соли Истиқлолияти давлатӣ нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нигаҳбонии забони тоҷикӣ барҷаста мебинем ва он дастуру супоришҳои мушаххас ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо, милликунонии забони технологияҳои навин, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо назардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта, такмил ва ба чоп пешниҳод сохтани луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷик то нимаи дуюми соли 2020, ба вуҷуд овардани “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он, эҳёву танзими номҳои миллии тоҷикӣ ва номҳои ҷуғрофӣ, ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ – таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илмро метавон гувоҳи ин гуфтаҳо донист. Чуноне ки Пешвои миллат мегўянд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Ин сатрҳо дар шумораи имрӯзаи ҳафтаномаи “Мароми пойтахт” чоп шудаанд.