Изҳори таслият ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо ҳамдардии амиқ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусиббату андуҳ ба наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.
Кароматуллоҳи Мирзо аз зумраи нависандагони хушкалом ва сермаҳсули адабиёти тоҷик буда, дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, дар ғанӣ намудани фонди китобии Китобхонаи миллӣ саҳми бориз дошта, осори пурғановати ӯ рафҳои китоби ин боргоҳи муқаддасро рангину мукаммал гардонидааст.
Руҳи нависандаи сермаҳсул ва адиби тавонои тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо шод ва манзили охираташон обод бошад!
МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛ
КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас, муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990—2004) будааст.
Солҳои 2007 то 2015 сармуҳарририи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро бар зимма доштанд. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсат ва раиси Шурои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ буданд. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
ЭҶОДИЁТ
Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш — қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва муаллифашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод Садриддин Айнӣ ва давомдиҳандаи кори Сотим Улуғзодаю Ҷалол Икромию Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр намудаанд. Радиои ҷумҳурӣ дар асоси қиссаи «Дарди ишқ» ва қисмати аввали романи «Дар орзуи падар» радиотеатр офаридааст, ки писанди ҳамагонанд.
Аз даврони шӯравӣ Киностудияи «Тоҷикфилм» аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рӯи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифтааст, ки то имрӯз ҷолиби диққати тамошобинонанд. Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат сериали ҳамноме танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон, маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.
Вобаста ба мавзуи романи «Марги бегуноҳ», қиссаи «Нишони зиндагӣ» силсилафилм ва ҳикояи «Меҳри модар» филм омода ва пешкаши умум гардидааст. Муаллифи филмномаҳо ва радиотеатрҳои дар заминаи асарҳои нависанда таҳиягардида Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдист, ки бо эҷодиёти адиб хуб ошноӣ ва бо ӯ ҳамкорӣ дошт.
Китоби қиссаҳои «Дарди ишқ»-аш таҳти унвони «Муки любви» соли 1989 дар Маскав (ба забони русӣ), романи «Дар орзуи падар» соли 2002 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфтаанд.
Осори гуногунаш дар 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ба чоп расидаанд. Асарҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, ба забонҳои инглисӣ, чехӣ (тарҷумон Иржи Бечка), туркманӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.