Ёде аз адабиётшиноси маъруф Абдувалӣ Давронов, ки имрӯз 68-сола мешуд…

Имрӯз, 29-уми май ба таваллуди адабиётшиноси маъруф ва яке аз пажӯҳишгарони мумтоз Абдувалӣ Давронов 68 сол мешавад. 12 сол пеш (5-уми январи соли 2013) бар асари беморӣ тарки олам карда буд.

Як самти фаъолияти илмии Абдувалӣ Давронов таҳқиқи равобити фарҳангиву адабии Тоҷикистон ва Арманистон, бахусус иртиботҳои адабиии ин ду халқ буд. Чор сол пеш аз реҳлаташ китоберо ҳам бо номи “Равобити адабии халқҳои тоҷику арман” мунташир карда буд.

Салоҳ донистам ба зодрӯзи донишманди шинохта порчаеро аз ин китоб орем ва таваҷҷуҳи мутахассисон, пажӯҳишгарони адабиёти хориҷиро ҷалб кунем.

Ёди Абдувалӣ Давронов гиромӣ бод!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР МУҲИТ ВА АФКОРИ АДАБИИ АРМАНИСТОН

 

Аз шахсиятҳои дигари барҷаста Мирзо Турсунзода буд, ки эҷодиёти ў дар сарзамини Арманистон маъруфияти тамом дорад.

Дар Арманистон номи устод Мирзо Турсунзодаро на танҳо аҳли илму адаб, балки одамони одии меҳнатӣ медонанду ёд мекунанд. Офаридаҳои безаволи устодро бо забони модарии худ мехонанд. Дар симои устод Мирзо Турсунзода на танҳо шоир, балки ходими намоёни ҷамъиятӣ ва арбоби барҷастаеро, ки бо эҷодиёти гуногунпаҳлуи худ тамоми дунёро ба сулҳу амонӣ даъват кардааст, тасаввур мекунанд.

Ба ин поя расидани шўҳрати як нафар намояндаи адабиёти даврони нави Тоҷикистон, шоири тоҷик дар Арманистон бесабаб нест.

Устод Мирзо Турсунзода дар тули ҳаёти пурсамари худ борҳо ба сарзамини Қафқоз, аз ҷумла ба Арманистон меҳмон шудааст. Ҳар як сафари шоир ба ин сарзамини зебо нақши худро гузоштаанд.

Аввалин сафари арманистонии устод ба нимаи аввали рўзи 8 январи соли 1952 рост меояд. Ў дар ин рўз, дар Ҳайати комиссия оид ба мукофоти Ленинӣ ба сифати узви ҳакамони умумииттифоқ ҳамроҳи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Алексей Дмитрович Попов ва оҳангсоз Новиков омадааст. Бегоҳии ҳамон рўз дар толори хонаи адибон вохўрии аҳли адиби арман бо Мирзо Турсунзода барпо мегардид. То ин вақт ҳам Турсунзодаро чун шиор ва ходими давлатӣ, чун инсони комил ва сарояндаи дўстии халқҳо халқи арман аллакай шинохтаву эътироф карда буд. Хусусан, тавлиди силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и шоирро на танҳо дар хоки Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он, аз ҷумла дар Арманистон хуш истиқбол намуданд. Бесабаб нест, ки то омадани шоир ба ин сарзамин ашъори ў ба туфайли хидмати тарҷумонҳо Паруйр Микаэлян ва Ағавнӣ ба дили хонандаи арман раҳ ёфта буд.

Вохўрӣ бо шоир Мирзо Турсунзода дар он шоми саид дар хотири адибони арман сахт нақш бастааст. Маҳз ҳамон шаб шоир Гурген Борян ва адабиётшинос Акоп Салоҳян аз саҳифаҳои ҳаёт ва фаъолияти Турсунзода гузориш ва нақлҳо мекунанд. Баъд, чун анъана, навбати шеърхонӣ фаро расида, шоирони арман Наири Зарян, Ашот Граши, Ҳмаяк Сирас, Соғомон Таронси, Силва Капутикян, Рачия Ованесян тарҷумаи шеърҳои шоирро бо забони арманӣ мехонанд.

Аввалин сафари Мирзо Турсунзода ба Арманистон панҷ рўз давом мекунанд. Бегоҳи 12-уми январ дар театри драмавии ба номи Сундукян «Ҷасорат-и ном песаи драматург М.Ф.Овчинниковро тамошо ва муҳокима мекунанд, ки оид ба ин песа ва муваффақиятҳои муаллиф Мирзо Турсунзода фикрҳои худашро баён кардааст. Дертар, худи ҳамин сол, таҳиягари песа Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Вагарян ва 4 нафари дигар аз актёрон барандаи ҷоизаи Ленинӣ мегарданд.

Устод Мирзо Турсунзода бори дуюм ба Арманистон 27 сентябри соли 1957 сафар мекунад, ки дар ин рўзҳо халқи арман 60-солагии яке аз саромадони назми арман шоир Еғише Чаренсро бо тантана ҷашн мегирифт. Ҳамон рӯз, дурусттараш, 28-уми сентябр мақолаи Мирзо Турсунзода дар матбуоти Арманистон дар бораи адабиёти арман ва назми дилошўби намояндаи он Еғище Чаренс ба табъ расида ва худи ҳамон бегоҳ дар толори калони Филармонияи давлатии Ереван, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ин санаи муборак чунин гуфта буд: «Дар тақдири халқи Арманистон ва назми он ман бисёр наздикӣ ва монандиро дар муқоиса бо тақдири халқи худ ва инкишофи адабиёти тоҷик мебинам. Ва вақте ки шеъру достонҳои ҳаяҷоновари Еғище Чаренсро мутолиа мекунам, боз ҳамон манзара – тамоми ҳаёти гузаштаи Арманистони зебо пеши назарам ба ҷилва меояд».

Халқи арман бори сеюм 11 – сентябри соли 1973 вакилон – иштирокдорони Симпозиуми байналхалқии шоирони мамлакатҳои Осиё ва Африқоро таҳти сарварии раиси Кумитаи Шўравии Якдилии халқҳои Осиё ва Африко  Мирзо Турсунзода пешвоз мегирад.

Бегоҳи 13 – уми сентябр Мирзо Турсунзода бо ҳамроҳии гурўҳи адибон, вакилони симпозиум Барри Файнберг, Абдул Ҷаббор Сихими,  Алекс ла Гума, Ҷон Атуквей Окой, Мустафо-ал-Форсӣ, Степан Алаҷаҷян ба воситаи телевизиони Ереван баромад мекунанд.

Аз масъалаҳои асосие, ки фазои фарҳангӣ ва муҳити адабии моро ба таври пайваста фаро гирифтааст, тарҷумаи бадеист. Вазъи тарҷума ва сатҳи маърифати таърихи халқҳо ҳамеша ифодагари ҳолати маънавӣ ва самти тамоюлоти инкишофи адабиёт ҳам будааст. Ҷараёни тадқиқи таърих ва назарияи тарҷума, ҳамчунин нақди он аз мушкилоти дигари адабиёт ва ҳифзи ҳақиқати таърихи он муқаддасоти деринаи фарҳангӣ аст. Ин шохаи адабиёт набзи замонии онро ҳам муайян мекунад. Аз ин рў, ҷараёни инкишофи адабиёт ва мадду ҷазри он дар дарозои асрҳо ва замонҳо ҳамеша аз тарҷума ва ҳолатҳои огоҳии халқҳо аз додугирифти адабиву фарҳангӣ алоқаманд будааст. Ба ин маънӣ, масъалаи асосие, ки дар назди мутарҷим меистад, тавассути тарҷума ба халқе ва кишваре расондани шоҳкориҳои адабиёти халқи дигар аст.

Ба ин маънӣ ба тарҷумаи асарҳои Мирзо Турсунзода дар Арманистон ҳанўз аз солҳои 40-уми асри ХХ сар карда будаанд, ки чунин амал минбаъда боиси ба муҳит ва афкори адабии Арманистон паҳн гардидани ному осори Мирзо Турсунзода гардидааст. Аввалин тарҷумони асарҳои шоир дар Арманистон муҳаққиқи назарияи тарҷума, шоир Паруйр Микаэлян будааст, ки ба қалами ў тарҷумаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Боғи муаллақ» ва «Тара Чандри» мансуб аст.

Ба воситаи ин тарҷума шоир Паруйр Микаэлян ба сайри эҷодиёти Турсунзода дар Арманистон асос гузошт, ки минбаъд ин анъана давом ёфт ва хонандаи арман бо намунаҳои нав ба нави эҷодиёти Турсунзода шинос шудан гирифт.

Ягона тарҷумаи ба асл наздик, ки бевосита аз забони тоҷикӣ ба арманӣ гардонда шудааст, шеъри устод Турсунзода «Муҳоҷир» аст, ки тарҷуммаш ба қалами нависанда ва мутарҷим, донандаи хуби адабиёти тоҷику форс Сергей Умарян тааллуқ дорад. Тарҷумаи ин шеър чунин воқеъ шудааст. 27 сентябри соли 1957 Турсунзода дар тантанаи ҷашни 60 – солагии Еғище Чаренс иштирок карда буд. Ҳангоми танаффус шоири арман Ашот Граши Сергеи ҷавонро ба назди Мирзо Турсунзода оварда ва муаррифӣ кардааст. Он ҷо Сергей Умарян аз дасти шоир ҳамин шеърро мегирад ва баъди чанд рўз, дурустараш, аввалҳои моҳи октябр нахустин тарҷумаи шеъри шоир аз забони тоҷикӣ ба арманӣ эҷод шудааст.» Баъди ин фаъолияти тарҷумонии Сергей Умарян аз адабиёти тоҷик сар шуд. Ў то ин дам аз дурдонаҳои адабиёти классикии тоҷику форс бисёр асарҳои тарҷума намудааст, ки «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ, ғазалиёти Рўдакиву Ҳофизу Саъдӣ, намунаҳои рубоиёти Ибни Сино ва Хайём аз ҳамин қабиланд.

Бори аввал тарҷумаи шеъри «Муҳоҷир» – ро хонандаи арман аз китоби «Мунтахаби адабиёти халқҳои СССР”.(Ереван, 1958, с.241-242) хонд. Тарҷумаи хуб гувоҳи он аст, ки то соли 1980 панҷ маротиба, аз ҷумла, 6 июни соли 1972 дар рўзномаи «Банвор» («Коргар»)-и Ленинакан, 10 сентябри ҳамин сол дар газетаи «Комунист»-и Боку (ба забони арманӣ), соли 1973 дар маҷмўаи «Тоҷикакан кнар» (с.26-28), 22-июни соли 1977 ва 10 сентябри соли 1980 боз дар газетаи «Коммунист» (Боку) ба табъ расидааст. Вале тарҷума дар шакли пуррааш фақат дар маҷмўаи зикршуда ҷой дода шудааст. Аз ин ҷо мулоҳозаҳои худро бо порчае аз хотираҳои нависандаи муосири арман Серо Хонзодян доир ба тарҷумаи ин шеър ҷамъбаст мекунем»: …. Бори дуввум ба Душанбе соли 1972 омадам. Албатта, ман ҳамоно ба назди дўсти меҳрубонам Мирзо Турсунзода равон шудам. Маълум шуд, ки вай саҳл нотоб будааст. Ҳа, нотоб, хаёлам, ки дар шахси ў назми Шарқ бемор буд. Чӣ хел ғамангез… Ман ба Мирзо Турсунович гуфтам, ки бисёр шеърҳояш ба забони арманӣ тарҷума шуданд.

      – Кӣ тарҷума кард?

      – Силва Капутикян, Ваҳагн Каренс, Сергей Умарян.

      – Тарҷума чӣ хел?

Ба фикрам, бад не, – ҷавоб додам ман.

Албатта, агар шоирони мо забони форсиро медонистанд, тарҷума боз ҳам хубтар мебаромад. Ман дубайтиеро ёдовар шудам, ки Мирзо Турсунзода онро дар яке аз шеърҳояш (шеъри «Муҳоҷир» аст, ки дар борааш сухан меравад – А.Д.) ҳамчун эпиграф овардааст ва Умарян (онро) ба забони арманӣ гардондааст. Дубайтӣ чунон саҳеҳ тарҷума шуда буд, ки ман онро бо забони буррои худам хондам. Ана он дубайтӣ:

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,

        Ба оби дида биншондам дарахте.

        Шамол омад, дарахтам решакан шуд,

        Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.

Идомаи ин мақолаи ҷолибро шумо, хонандагони азиз, аз китоби Абдувалӣ Давронов ”Равобити адабии халқҳои тоҷику арман” бихонед.  Ин китоб соли 2008 аз ҷониби нашриёти “Адиб” чоп шудааст.

Китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёф мебошад.

Таҳияи Маҳбуба Алиева, мутахассиси пешбари шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва  таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.