Ёде аз Амир Хусрави Деҳлавӣ

Амир Хусрави ДеҳлавӣЭй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он зеботарӣ.

Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.

Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,

Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.

Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,

З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.

Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,

Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?

Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар шаҳри шумо,

Бошад, ки аз баҳри Худо, сӯи ғарибон бингарӣ.

Ин ғазали хуб, ки бо чанд оҳанг ҳам суруда шудааст, моли Амир Хусрави Деҳлавӣ – шоири маъруфи форсзабони Ҳинд аст. Яке аз тавонотарин шоирони форсигӯ дар қораи Ҳинд буд, ки аз худ осори гаронмоя ва бузурге боқӣ гузоштааст.

Амир Хусрави Деҳлавӣ соли 1253 дар шаҳри Патёлии соҳили дарёи Ганг ба дунё омадаст. Шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон мебошад. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз шаҳри Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард. Хусрави Деҳлавӣ дар 20- солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори ҳокимони Банголаю Деҳлӣ дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст.

Хусрави Деҳлавӣ аз 7-8 солагӣ ба шеъргўи пардохта, дар 12- солагӣ шеърҳои пухта гуфтааст. Дар шеърҳои аввалинаш «Султонӣ» тахаллус доштааст. Зиндагии Хусрави Деҳлавӣ дар яке аз давраҳои хеле ноором ва пур аз кашмакашиҳои сиёсии Ҳиндустон гузаштааст. Ў шоҳиди бевоситаи бисёре аз ин ҳодисаҳо буда, қисми зиёди онҳоро дар осори худ инъикос кардааст.

Шоир 52-соли ҳаёташро дар муҳити адабии дарбор ва хидмати ҳокимону султонҳо гузаронида, қабоҳати ҳаёти феодалӣ ва дасисакориҳои дарбориёнро бо чашми худ дидааст. Хусрави Деҳлавӣ бо вуҷуди номусоидии рўзгор ва гирифториҳои муҳити дарбор аз худ осори гаронбаҳои манзуму мансури зиёде боқи гузоштааст. Муаллифони сарчашмаҳои  адабӣ нависандаи ниҳоят сермаҳсул ва соҳиби таълифоти бисъёр будани ўро таъкид намуда, мероси бадеиашро ба «баҳри беканора» монанд кардаанд. Хусрави Деҳлавӣ қариб дар тамоми навъҳои маъмули шеъри классикӣ, аз қабили ғазал, қасида, рубой, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ ва ғайра асарҳо манзуму хурду калони зиёде офарида, доир ба масъалаҳои таърих, тасаввуф, назарияи назму наср, сабки адабию санъатҳои бадеӣ, инчунин дар фанни мусиқӣ як қатор китобу рисолаҳои пурқимати илмӣ таълиф намудааст. Хусрави Деҳлавӣ баъзе шеъру таълифоти худро ба забонҳои урду ва арабӣ эҷод кардааст ва муҳаққиқони ҳинду ўро асосгузори назми урдузабон мешуморанд.

Хусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки панҷ девони ашъор тартиб дода, ба ҳар кадоми онҳо шеърҳои дар давраҳои гуногун эҷодкардаашро дохил карда, ба онҳо мувофиқи давраҳои ҳаёташ номи махсус гузоштааст. Ҷомӣ, Навоӣ, Мушфиқӣ ва дигар шоирон ин анъанаро давом дода, 3, 4 ё 5 девони ашъор тартиб додаанд.

Девони якуми Хусрави Деҳлавӣ «Туҳфат-ус-сиғар» соли (1273) ашъори дар сини 16-19-солагӣ навиштаи шоирро  дар бар мегирад. Ин девон аз қасоид, тарҷеот, қитаот, ғазалиёт, рубоиёт ва маснавии хурде иборат буда, 3000 байтро ташкил медиҳад.

Девони дуюм «Васат-ул-ҳаёт» соли (1285) 4401 байт дошта, шеърҳои дар 20-34-солагӣ эҷодшудаи ўро фаро гирифтааст.

Девони сеюм «Ғуррат-ул-камол» соли (1297) 8800 байт шеъри аз 34 то 43-солагӣ навиштаи шоирро дар бар мегирад. Аксари қасидаҳои калони фалсафию ирфонии Хусрави Деҳлавӣ дар ин девон ҷой гирифтаанд.

Дар девони чаҳорум «Бақияи нақия» соли (1318) 8360  байт ашъори дар давраи 43-65-солагӣ сурудаи ў ҷамъ оварда шудааст.

Девони панҷум «Ниҳоят-ул-камол» соли (1325) дар ҳаҷми 4084 байт муратаб шуда, ашъори баъди соли 1318 навиштаи шоирро дар бар мегирад.

Хусрави Деҳлавӣ инчунин мусиқишиносу оҳангсози маъруф буда, роҷеъ ба назарияи мусиқӣ се рисола таълиф намуда дар асоси омезиши оҳангҳои мусиқии ҳиндӣ бо мусиқии Осиёи Миёна ва Афғонистону Эрон як силсила савту оҳангҳои дилнишин офаридааст. Ихтирои оҳангҳои мусиқии «Муҷир», «Созгорӣ», «Ушшоқ», «Мувофиқ», «Ғозон», «Фарғона», «Зилоф», «Хаёл», «Нигор», «Басит», «Шоҳона», инчунин асбобҳои мусиқии дилрубо, сарангӣ ва сато (сетор) ба ў нисбат дода мешавад.

Амир Хусрави Деҳлавӣ 27 сентябри соли 1325 аз олам чашм пушид.

Бо истифода аз Энсик. миллии тоҷик ва сарчашмаҳои дигар таҳияи Баргигул Наботова, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахмони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ.