Ёде аз Мирзо Маҳмуд – шоири ҳаҷвнигори тоҷик дар садумин соли таваллудаш

Мирзо Маҳмуд Мирзо Маҳмуд яке аз шоирони намоёни адабиёти муосири мо буд, ки бо қалами тези худ ҳама он норасоиҳо ва камбудиҳоро зери тозиёнаи танқид қарор медод. Устод Мирзо Маҳмуд шоири ҳаҷвнигор, хушгуй ва ҳозирҷавоби мумтоз буданд. Вақте ки бо ашъори шоир шинос мешавед ва ба дуёи рангини ў роҳ меёбед, аз нозукии тарзи баён, тарзи ифодаи мавзўъҳо  бисёр дардманди ҷомеа ошкор мешавад ва аз килки бисёр буррои шоир ба ваҷд меоед.

Шоир бахусус, дар жанри мураккаби ҳаҷв устоди забардаст буда, дар замони зиндагиаш маҳбуби дилу дидаҳо гашта буд. Осори Мирзо Маҳмудро варақ зада кас бо як бори дигар мафтун ва шайдои тарзи байёни ширини шоир мегардад. Паҳлуҳои эҷодиёти шоир хело рангоранг буда, тарзи баёни бисёр шево ва хушгўиҳои адиб ба кас ҳаловати маънавӣ мебахшад.

Мирзо Маҳмуд 10-уми марти соли 1926 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон  омадааст. Дар омўзишгоҳи омўзгории Панҷакент, Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе, Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил, дар колхоз ва идораҳои мухталифи ноҳия кор кардааст. Шоири ҳаҷвнигор буда, гулчини офаридаҳояш дар маҷмўаи аввалини ашъораш «Ҷияни тағо» (1971) бо пешгуфтори устод Боқӣ Раҳимзода ба табъ расидааст.

Баъдан маҷмўаҳои «Илтимос» (1975), «Хоби хушомадгў» (1982) ва «Як мушт ханда» (1990)-ў ба чоп расидаанд. Шеърҳои ҳаҷвие, ки аз қалами Мирзо Маҳмуд таровидаанд, ҳар як ба сари худ маъною мазмуни нав, дилнишин ва завқбахш доранд. Шоир ба баъзе иллатҳое, ки бар такомули ҷамъият ва шахсият монеъ мешаванд, бо истеҳзо механданд. Касро ба роҳи зиндагии ҳалолу пурбаҳра ҳидоят мекунанд. Осори ў бо номи «Илтимос» ҳамчун маҷмўаи дуюми шеърҳои ҳаҷвии Мирзо Маҳмуд буда, дар он хушомадгўён, коргурезҳо, порахўрон ва дигар ашхоси ба ҷамъияти мо бегона ҳадафи тири ҳаҷв гаштаанд.

Мирзо Маҳмуд соли 1988 дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ ин китобҳои шоир қобили дарёфт ва мутолаа мебошанд:

Илтимос: шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 64 с.
Хоби хушомадгў. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 80 с.
Як мушт ханда: маҷмуаи шеърҳои ҳаҷвӣ. – Душанбе: Адиб, 1990. – 128 с.

Уғул Бобораҳимова
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ