Ёде аз Назира Кароматуллоева
Олими варзида ва китобдори маъруфи кишвар Назира Кароматуллоева солҳои 1935-2014 зистааст ва бо кору пайкор, ҳалимиву меҳрубонӣ ва сарварии оқилона миёни кормандон шоистаи эҳтиром буд.
Вай соли 1959 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Ҳамон сол ба ҳайси сарбиблиографи шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобҳонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ба кор шурўъ мекунад.
Солҳои 1975-1981 сарварии шубаи зикршударо ба ўҳда дошт. Саҳмаш дар ҷамъоварӣ ва таблиғу ташвиқи осори хаттиву чопии ниёгон танзиму ба низом даровардани феҳристҳои алифбоӣ ва соҳавӣ, баргаҳои мухталиф, таблиғу ташвиқи осори гаронбаҳои гузаштагонамон ва хидматрасонӣ ба хонандагон чашмрас аст.
Соли 1972 ў таҳти роҳбарии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар мавзўи «Дубайтӣ ва шаклҳои он дар адабиёти тоҷик» рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифо мекунад.
Дар давраи дар китобхонаи асосии ҷумҳурӣ кор карданаш вай беш аз 10 феҳристу дастурҳои библиографӣ ва 150 мақолаҳои илмиву омавиро доир ба фаъолияти ин даргоҳ дар матбуоти даврӣ ва Энциклопедияи советии тоҷик ба табъ расонидааст.
Ў дар таҳриру тарҷумаи дастуру тавсияномаҳои методию библиографӣ низ фаъолона ширкат варзидааст. Ба қалами ў чунин китобномаҳои шарҳиҳолӣ ба монанди «Рўдакӣ», «Шарифҷон Ҳусейнзода», «Тўрақул Зеҳнӣ», «Раҳим Ҳошим», «Расул Ҳодизода» ва нишондиҳандаи адабиёти «Тоҷикистон дар матбуоти Эрон ва Афғонистон” дахл доранд.
Барои муҳақиқон ў ҷилдҳои 2-3-и «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ –форсии Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ва рисолаи илмии «Мавқеи дубайтӣ дар адабиёти тоҷик»-ро пешкаш кардааст.
Мавсуф бо ифтихорномаҳо, медалҳои «Барои меҳнати шоён” ва «Собиқадори меҳнат» мукофонида шудааст.
Сабоҳат Иброҳимова,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт