Ёде аз профессор Баврак Ғафуров дар рӯзи мавлудаш
90 сол пеш 15-уми октябр профессор Баврак Ғафуров ба дунё омада буд. Аз вафоти олими шинохта 10 сол гузаштааст. Ӯ муаллифи 180 таълифоти илмӣ буд. Ёдаш ба хайр.
ҒАФУРОВ БАВРАК ҒАФУРҶОНОВИЧ 15-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Билисуфи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Биолог, доктори илмҳои биология (1992), профессор (1994), узви Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ (1995), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1983). Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ, 1961). Лаборанти калон, ассистент, муаллими калон, дотсент (1961-76), мудири кафедраи физиологияи одаму ҳайвонот (1976-86) ва декани факултаи биологияи ДМТ (1993-2003) буд. Солҳои 2003-2004 дар кафедраи физиологияи ҳайвоноти ДМТ кор кардааст. Мудири кафедраи анатомия ва физиологияи ДДОТ (2005-11) буд. Баврак Ғафуров оид ба физиологияи мағзи сар ва физиологияи таҷрибавӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 180 таълифи илмӣ дорад. Зери роҳбарии Ғафуров даҳҳо нафар шогирд рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Иштирокчии бисёр конфронсҳои илмии умумииттифоқию байналмилалӣ дар шаҳрҳои Ленинград (ҳоло Санк–Петербург 1978), Новосибирск (1981), Тошканд (1983), Чернигов (1985), Кишинёв (1987), Будапешт (1987; 1990), Прага (1991), Теҳрон (1991) ва ғайра буд.
Бо ордени Шараф (1998), Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо сарфароз гаштааст.
Ғафуров Баврак Ғафурҷонович 8-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Бо истифода аз матлаби “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 64-65.
Муаллифон: А. Мухторов, Р. Набиева.
Ин матолиб аз Баврак Ғафуров ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад:
Ташнагӣ ва рафтор дар шароити экстремалӣ. – Душанбе, 1995.
Дар борааш
Олимони донишгоҳ. – Душанбе, 1998, С. 38-39;
Морозова Н.Б., Профессор Ғафуров Баврак Ғафурович. – Душанбе, 2005.
Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Душанбе: Деваштич, 2008. – С. 82-83.
Таҳияи Шаҳноза Садирзода,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.