Ёде аз профессор Додихудо Саймиддинов дар Китобхонаи миллӣ
Рӯзи 24-уми июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бо номи “Сипаҳсолоре дар илми забоншиносӣ” баргузор шуд, ки ба фаъолияти яке аз донишмандони маъруфи соҳа Додихудо Саймиддинов бахшида шуда буд. Ин ҳамоиш бо ҳузури гарми ҷамъе аз донишмандони шинохтаву варзидаи соҳа, аз ҷумла Сайфиддин Назарзода, Рустам Шодиев, Бибиосия Аюбӣ, Мирзоҳасан Султонов, Бобохони Бобоназар, Мастура Абдураҳмонова, Амирхӯҷа Абдураҳимов, фарзанди марҳум Додихудо Анаҳита ва дигарон доир шуд.
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ аз саҳми беназири Додихудо Саймиддинов дар рушди забоншиносии тоҷик изҳори назар намуд.
Дар мизи мудаввар гуфта шуд, ки хидмати Саймиддинов дар даврони истиқлолияти кишвар дар соҳаи забоншиносӣ собиқа надорад. Ӯ аз ҷумлаи мардони кору пайкор буд, ки дар ислоҳи ғалатҳои роиҷи забони тоҷикӣ талошҳои фаровон кард, дар корбурди дурусти вожаву ибораҳо бо назардошти пешинаи таърихии онҳо талошҳои зиёд кард.
Додихудо Саймиддинов чун донишманди беназири забонҳои қадим ва нави эронӣ ва чанде аз забонҳои имрӯзи минтақа сареҳан бар пояи далелҳои таърихи забон ва меъёрҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикӣ дар ин ҷода тағйироти муҳимро рӯйи кор овард.
Дар ин мизи мудаввар олимону донишмандон ва мутахассисон, аз ҷумла, Сайфиддин Назарзода – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзўъи «Умре, ки дар роҳи илм сарф шуд», Мирзоҳасан Султонов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор «Сухан гуфтани паҳлавонӣ-ш буд», Бибиосия Аюбӣ Оймаҳмадзода – директори Маркази омўзишӣ ва дастгирии бонувони роҳбар ва лаёқатманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Варо тӯша аз ростӣ буду бас (ё чанд хотираҳо аз ҳамкорӣ бо донишвари ростойин ва некманиш)» ва Рустам Шодиев декани факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент «Асари бунёдии Додихудо Саймиддинов – Вожашиносии забони форсии миёна» маърўза карданд.
Дар ҳошияи маърӯзаи донишмандон сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Зулфониён, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоназар Бобохонов, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мастура Абдураҳмонова, Ҳофизаи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, таҳлилгар ва рӯзноманигори варзида Аҳмадшоҳ Комилзода дар бораи устоди зиндаёд Додихудо Саймиддинов андешаву хотироти худро иброз доштанд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ баргузор шуд.
Гуфтанист, ки Додихудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омадааст, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи имллии Тоҷикистон)-ро хатм кардаву ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст. Муддати ду сол (1974-1976) коромӯзи бахши ленинградии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳудудан чор сол (солҳои 1976-1979) аспиранти ҳамин институт будааст.
Баъди хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома додааст.
Аз соли 1995 то 2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тӯли солҳои 2000–2005 Директори ҳамин Институти буд.
Чор соли дигар (2005-2009) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва тӯли ин муддат Кумита оид ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони парламони кишварро ба уҳда дошт.
Соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва моҳи декабри 2013 синнаш ба нафақа расид ва аз ин вазифа канор рафт.
Маҳз замони сарварии ӯ дар Кумита Қонун дар бораи забони давлатӣ дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ин қонун мансабдорони тоҷикро ба ҳатмӣ донистани забони давлатӣ вазифадор кард. Фурсате баъд боз ҳам дар замони сарварии ӯ имлои нави забон қабул шуд.
Соли 1982 дар мавзуъи «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва соли 1999 дар мавзуъи «Вожашиносии забони форсии миёна» рисолаи докторӣ дифоъ кард.
Додихудо Саймиддинов дар масоили мухталифи забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин, забони тоҷикӣ пажуҳишҳои арзишманд анҷом додааст. Аз ҷумла, «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013).
Барои пажуҳишҳояш «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» сазовори Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ– форсӣ шудааст.
Мақолаҳояш бо забонҳои русиву инглисӣ, фаронсавӣ тарҷума ва дар маъруфтарин нашрияҳои Маскав, Санкт-Петербург, Порис, Шветсия ва дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон Афғонистону Эрон чоп шудаанд.
Як асари пажуҳишии ӯ бо номи «Вожашиносии забони форсии миёна» беҳтарин асари таҳқиқотӣ дар эроншиносии хориҷӣ эълон гардид ва дар Ҷумҳурии исломии Эрон китоби сол унвон гирифт.
Ҳамзамон бо ин Додихудо Саймиддинов яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ба шумор меравад, ки нашри дуввум ва мукаммали он соли 2006 нашр шуда буд.
Додихудо Саймиддинов чун олими донишманд эътироф шудааст ва ҳоло бештар аз 20 нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд.
Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
Заҳамоташ дар илми тоҷик бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла бо ордени “Шараф”, дараҷаи 2 қадр шудааст.
Ёду хотираи олими барӯманд, инсони комил Додихудо Саймиддинов дар қалби дӯстону пайвандон, шогирдон, кулли фарҳангиёни кишвар ва аҳли илму адаб боқӣ мемонад.
Бибираъно Ҷӯразода, Сардори Шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ.