Ёде аз шӯриши Восеъ. Таърих набояд фаромӯш шавад
“Ҳангоме, ки таърихро мехонем аз миёни ҷангҳои подшоҳон ва воқеаҳои рангоранги сиёсӣ садоҳои пинҳон мешунавем-садоҳое, ки гоҳе ба нола ва гоҳ бо фарёд шабеҳ аст, -менависад олими забардасти Эрон Меҳрдоди Меҳрин ва меафзояд: – Ин садоҳо, ки аз аъмоқи (ниҳонхонаи) таърих шунида мешавад, садои эътирози мардум бар зидди ҳайати ҳокимҳои ситамгар аст, ки зери ливои адолат ҷиноятҳои ваҳшатнок муртакиб мешуданд (содир менамуданд). Ин садо гоҳе хафа мешавад, вале гоҳе дар сурати мусоид будани вазъият ба сурати тўфони ваҳшатноке буруз (зуҳур) мекунад ва хушку тарро месўзонад”.
Шўриши Восеъ низ яке аз чунин садоҳоест, ки аз қаъри дили мардум ҷаста дар шакли омиёнае шакл гирифта. Аммо дар рафти исён моҳиятан таълимотро тавлид кард, ки муқобили ҷабру зулм ва сохти ҷамъиятӣ нигаронида шуда буд ва иродаи мардуми меҳнаткашро таҷассум менамуд.
Восеъ худ зодаи деҳаи Дараи Мухтор амлоқдории Ховалинг буд, он ҷо зиста ва ҷувозкашӣ мекард. Аз тамоми азобу шиканҷаи замона бархурдор буд. Ў медид, ки кишоварзон аз меҳнати сахту сангин ва иҷборӣ, андозҳои миёншикан ба дод омадаанд. Бузургии Восеъ аслан аз он аст, ки рўҳияи мардуми заҳматкашро дарк карда тавонист ва онҳоро бар муборизаи зидди разолату ҷаҳолат даъват намуд. Шўриши ҳақиқатан ҳам халқӣ тайёр шуда ҷараён гирифт. Сараввал деҳқонон ҳавлии амлоқдори Ховалингро ба хок яксон карданд. Пас Восеъ ба қишлоқҳои Балҷувону Кўлоб кас фиристода, онҳоро ба мубориза хонд. Дар муддати кўтоҳ шумораи тарафдорони Восеъ-садҳо нафар дар атрофаш ҷамъ омаданд. Онҳо бо сарварии Восеъ роҳи Балҷувонро пеш гирифтанд. Беки Балҷувон хост бо як ҳамлаи навкаронаш мардумро парешон созад. Аммо Восеъ қобилияти хуби лашкаркашӣ зоҳир намуда, деҳқононро саф ороста, аввал худро аз зарба муҳофизат намуд, баъд якбора ба ҳуҷум гузашта, сарбозонро гурезонду қалъаи беки Балҷувонро ишғол намуд. Баъд деҳқонон кўрхонаро кушода аслиҳаро байни худ тақсим намуданд. Се шабонарўз қалъа дар дасти исёнгарон монд. Хатогии асосии шўришгарон он буд, ки барои васеъ намудани шўриш чораи зарурие наандешидаанд. Аз ин истифода намуда, беки Балҷувон ба Кангурт расида, аз бекҳои ҳамсоя ёрӣ хост. Бо кумаки сарбозони Кўлобу Ҳисор қалъаро аз дасти шўришгарон кашида гирифтанд. Восеъ ақибнишинӣ карда, сипас аҳолиро ҷамъ намуда бори дуюм қалъаи Балҷувонро ишғол намуда заминҳои Ховалингу Кангуртро низ соҳиб шуданд.
Зимни нишондоди таърихчиён тобистони соли 1888-ум ҳуҷуми якҷояи қушунҳои Ҳисор бо сарбозону амалдорони маҳаллӣ шўришро ғарқӣ хун карданд. Васеъ бо роҳи хиёнату фиреб дастгир карда шуда, дар тоқи нимвайронаи Оқсарой бо фармони амир Музаффар ба дор кашида шуд.
Қатли пешвои шўриш-Восеъ деҳкони тоҷикро рўҳафтода накард. Муваффақиятҳои рўзҳои аввалини шўриш аз қалъаи Балҷувонро фатҳ кардани шўришгарон мардумро мутмаин сохт, ки муборизаи зидди тартиботи феодалӣ беоқибат нахоҳад буд.
Дар бораи қаҳрамонии марди шўҷоъ, миёни мардум ҳикояту достонҳо ба вуҷуд омаданд, ки рўҳи ин марди муборизро шод хоҳанд кард. Хотираҳо дар бори Восеъ аз даҳон ба даҳон то замони мо расидаанд. Соли 1939 мўйсафеди 72 сола Пирназар Тағой дар бораи чӣ хел дастгир шудани Восеъ чунин нақл мекунад: “Халқа ҷафо кардиян, халқҳо баромада зориву тавалло кардиян, ҳокимо ки фуромада биёя, калонаш мекунем гуфта, ҳамин қатӣ хобанда овардияну гарданашда ҷел, дасташда буғак, пояш таги лағати аспда бастияну гирифта бурдиян. Қушуни бисёр қатӣ, то Ҳисора ягон 50 кас бурдагӣ”.
Шўриши Восеъ бузургтарин хурўҷи деҳқонон буд, ки пояи аморатро ба ларза овард. Чун дар бораи шўриш бо тамоми ҷузъиёташ чанде пеш мақолаҳо баррасӣ шуда буданд, мо аз тасвири пурраи он тибқи адабиёти мавҷуда худдорӣ мекунем.
Аммо зарур медонам чанд андешаи худро перомуни саршавии шўриш изҳор бикунам. Бисёриҳо бар ақидаанд, ки шўриш баҳори соли 1888 оғоз ёфта аст ва инро ба он асос мекунанд, ки аслан хироҷу закот дар баҳор ситонда мешуд ва ҳамин тавр бо сабаби бераҳмона талаб ардани андоз баҳори зикршуда мардум ба исён бархост. Аммо чуноне аз бисёр навиштаҳо бармеояд ва мантиқи таърихӣ тасдиқ мекунад, миқдори ҳосил дар сари замин ё хирман муайян ва соҳибӣ карда мешуд. Яъне, ки падида шомил аст ба тирамоҳ. Ва бо хулосаҳои зер натиҷа бармеояд, ки фикри баҳори соли 1888 оғоз ёфтани шўриш чандон саҳеҳ нест. Аввал ин ки агар дар ҳақиқат соли қаблӣ хушксолӣ бошад, пас ба ҳеҷ ваҷҳ ситондани ҳосил ба соли дигар гузошта намешавад, ки сабабҳояш маълум аст. Сониян, айни нигоштан шароити табии кўҳистон ба эътибор гирифта нашудааст, вагарна дарк намудан душвор нест, ки зимистони он хеле тўл мекашад ва баҳор нисбатан дер ба кўҳистон меояд ва аслан замони бештари кишти мардуми кўҳистон гармиҳост. Бо вуҷуди ҳамин ин саршавии шўришро баҳори соли зикршуда шуморем ба эътибори ин исёни мардумӣ зиён мерасад. Баъдан, тасаввур намудан душвор аст, ин ҳосили бардошта бо чӣ дастур ва чӣ гуна деҳқонон то соли дигар нигоҳ медоштанд. Ҳол он ки чоҳҳои махсус барои нигоҳ доштани ғалладонагӣ танҳо ба одамони осудаҳол мансуб буд.
Ба ин мо гуфтанием, ки оғози шўриш бояд тирамоҳи соли 1887 бошад, на баҳори соли 1888.
Халқи тоҷик қаҳрамонию диловарии фарзанди диловари худро фаромўш намекунад. Дар пояи муҷассамаи Восеъ, ки ба муносибати 50 солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1974 бунёд намуданд, чунин сатрҳо сабт ёфтааст: “Ба фарзанди халқи тоҷик, муборизи роҳи озодӣ ва адолат, аз наслҳои муташаккир”.
Бале имрўзиён нисбат ба тақдири қакҳрамонони халқӣ бетараф нестанд. Ҳамин буд, ки мардуми Ховалинг ба тамоми аҳолии ҷумҳурӣ 100-солагии исёни Восеъро чун рамзи озодию истиқлол ҷашн гирифта, ба хотираи фарзанди мубоиз пайкарае бунёд намудаанд, ки дар тарбияи ватандўстии насли ҷавон аҳамияти бағоят калон дорад.
Ба вуҷуди шикасти шўриш, вай беоқибат намонд. Ларзаи тахти амир то дер давом кард. Минбаъд тариқаи муносибати аморат чашми мардуми авомро кушод.
Сарфи назар аз ҳамаи ин ба қавли В.Г. Лирский тадқиқотчӣ- рустанишиноси русӣ мардуми кўҳистон “бо одияти пайғамбарона” зистан дошт.
Аз китоби Ҷонибеки Асрориён
“Кишвари пешорӯи Хуршед”
таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахасисси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ
Хонандагони азиз китоб Ҷонибеки Асрориён “Кишвари пешорӯи Хуршед”-ро метавонанда дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.