Ёде аз Ҳусейн Насриддин  

Аз ҷумлаи сарояндагони мумтозест, ки бо гузашти солҳо сурудаҳояш маҳбубияти худро аз даст надодаанд. Омӯзгор буд ва худро водор мекард бештар панду насиҳат сарояд. Ин аст, ки дар барномаҳои вай панд мавзуъи асосӣ шуд. Аз даргузашташ муддати зиёд ҳам сипарӣ нашудааст, таронаҳояш ба он ҳад миёни мардум маъруфанд, ки гӯё ҳоло ҳам зида аст ва месарояд.

 Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элоки ноҳияи Ҳисор таваллуд  ёфтааст. Сарояндаи машҳури даврони Шӯравии тоҷик, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон (1963). Овозаш тенори лерикӣ.

Ҳунари сарояндагиро аз  падараш Насриддин  Ғафуров омӯхтааст. Омўзишгоҳи педагогии райони Орҷоникидзеобод (1953) ва Инстетути давлатии  Педагогии шаҳри Душанберо хатм  кардааст (1971). Ҳангоми  таҳсил дар дастаи  ҳаваскорони  санъати мўзишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Иштирокчӣ ва барандаи ҷоизаи  азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъат (соли 1952, шаҳри Душанбе). Аз соли 1954 иштирокчии  дастаи ҳунарии ноҳияи Ҳисор.

Шуғли асосии Насриддинов муаллимӣ буда, дар суруду оҳангҳои интихобкардааш бештар мавзўъҳои  панду ахлоқӣ  ва тарбиявӣ бартарӣ доранд. Ў ҳангоми таснифи сурудҳояш аз ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ  илҳом  гирифта мекўшид, ки лаҳну зарби  сурудҳои  иҷрокардааш дилчаспу форам ва таъсирбахш бошанд.

Насриддинов ба 40 мухаммаси шоирони классикии тоҷик (Нозим, Шавкат, Саййидо, Васлӣ ва дигарон), инчунин баъзе қисматҳои достонҳои  панду ахлоқии машҳур (ба монанди “Қумринома”-и  Ҷалолуддини Румӣ “Насиҳатнома”-и  Носири Хисрав, аз “Бўстон”-и Саъдӣ ва ғайра) оҳанг бастааст.

Сурудҳои машҳури  классикии “Муноҷот” (ғазали Ҳайрат), “Муғулчаи Дуғоҳ” (муҳаммаси Васлӣ бар ғазали Соиб), “Ироқ”(шеъри Ҳ.Назаров)  ва ғайра дар иҷрои Насриддинов хеле хуб садо медиҳанд.

Сурудҳои Нсриддинов аз ҷиҳати  мавзўъ ва мазмун гуногун буда, бештар ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, меҳри Ватан ва  лаҳзаҳои  ҳаёти  имрўзаро  тарранум  мекунанд.

Насриддинов  Ҳусейн   соли 2016   аз олам даргузашт.

             Бозчоп аз Энсиклопедияи  адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 1989. –  Ҷ.3.- С. 429. 

Муаллиф: Азизқулов,Ҷ.

Дар бораи Ҳусейн Насриддинов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Рабиев, Н. Суруди шукрона: Дар бораи Ҳофизи Халқии  РСС Тоҷикистон Ҳ.Насриддинов // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 22 октябр.

Мирзоев, К. Мероси бобоӣ: Очерк // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 20 апрел.

Саидова, М. Ҳофизи  халқӣ 70-сола  шуд: Дар бораи ҳофизи  мардумӣ  Ҳусайн Насриддинов / /Садои мардум. – 1999. – 3 декабр.

Султон, С. Омўзгор ва ҳофизи  мардумӣ Ҳусайн Насриддинов // Садои мардум. – 1999. – 26 феврал.

Ҳусейн Насриддинов 75-сола шуд: Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Садои мардум. – 2004. – 18 декабр.

Устод Ҳусайн Насриддин аз марги  ҳамсарашон  басо ғамноканд”: Мусоҳибаи  Р. Мубориз бо як нафар марди ҳунар – Ҳусайн Насриддинов // Чархи гардун. – 2007. – 25 апрел.

Маҳкамов,С. Ҳунарманди аст: Роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов // Паёми Душанбе. – 2015. – 8 июл.

Шарифӣ,И.(Иноятулло) Соҳибсухан гузашт: Шеър Дар сўгвории Ҳусейн Насриддин // Ҳисори шодмон. – 2017. – 11ноябр.

Шуъбаи библиографияи миллӣ