Ёде аз Василий Белан
Белан Василий Георгиевич 15 августи соли 1923 ба дунё омадааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Вай соли 1947 ба Тоҷикистон омада, дар Комиҷроияи ноҳияҳои Данғараю Пахтаобод кор кардааст. Соли 1959 шўъбаи ғоибонаи факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омўзгории пойтахтро ба итмом расонида, муддате дар макотиби олии ҷумҳурӣ ба донишҷўён забони англисиро омўзонидааст.
Солҳои 1963-1984 дар вазифаи мудири шўъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор кардааст.
Соли 1973 дар мавзўи «Адабиёти советии тоҷик дар мамлакатҳои сотсиалистии Булғория, Лаҳистон,Чехословакия: 1948-1970»рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои филолигия шудааст.
Василий Георгиевич Белан доир ба забону адабиёт, таърих , фарҳанг, иқтисоди Тоҷикистон, робитаҳои он бо дигар давлатҳо фаъолияти китобхонаҳои мамлакат, хусусан, Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ, ҳаёту фаъолияти адибони муосири тоҷик, дигар халқҳои дунё, театри тоҷик беш аз панҷсад мақола навиштааст.
Василий Белан бидуни шак як тарҷумони чирадаст буд. Тарҷумаи қариб 50 китобу мақолаҳои бадеӣ ва илмию техникӣ аз забонҳои тоҷикӣ, инглисӣ, булғорӣ, словакӣ ба русӣ ба қалами ӯ мутааллиқ аст.
Ҳамзамон ба китобҳои тозанашр тақризҳои зиёд навиштааст.
Саҳмаш дар таблиғу ташвиқи осори шарқшиносони хориҷӣ ва кишвар хеле калон аст.
Асари бисёрҷилдаи ў “Тоҷикистон дар адабиёт ба забонҳои хориҷӣ» аҳамияти илмию библиографиашро то ҳол гум накардааст.
Хидматаш дар ташаккули китобшиносии Тоҷикистон шоистаи таҳсин аст.
С. Иброҳимова,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт.