Ёди марди нек ва корҳои неки ӯ. Абдураҳим Раҳимов
Бистусе сол аз марги нобаҳангому фоҷеабори вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов мегузарад. Ному ёдаш гиромӣ боду манзили охираташ нуронӣ.
Абдураҳим Ҳамроевич Раҳимов (1952-2001), номзади илми педагогӣ, профессор. Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ- равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Колеҷи фарҳангии н. Рўдакӣ) соли 1970 ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро (1974) хатм намуда, фаъолияташро дар ин Донишкада шурўъ кард, зинаҳои омўзгор, омўзгори калон, дотсент, декани факултаи китобдорӣ (1983-1990), муовини ректор оид ба корҳои илмӣ (1990-1994), профессори кафедраи библиографияшиносӣ (1994-1997), муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ (1997)-ро паймудааст.
Сипас дар вазифаҳои директории Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот (1997-1998), мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон (1998-2001) ва аз моҳи январи соли 2001 то поёнии умр (8 сентябри соли 2001) ба ҳайси Вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.
Номбурда дар шаклгирию рушдёбии илми библиографияшиносии тоҷик, ҳаллу фасли муаммоҳои баҳсталаби китобдорию китобшиносӣ саҳми босазо гузоштааст. Тарзи баёну хулосабарориҳояш аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар пешбурди таҳқиқи илмӣ дорои сабку услуби хос буд.
Таълифоташ оид ба масоили пайдоиши китобу китобдорӣ, нақши китобхонаҳо дар оммавигардонии китобхонаҳои қаламӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби захираҳои китобхона, саҳми донишкадаҳои китобдорӣ дар таълиму тарбияи ихтисосмандони ришта, ташаккули фарҳанги иттилоотии хонандагон бо сарчашмаҳои муайяну мушаххас асос ёфта, аз қиммати баланди илмӣ бархурдоранд.
Дар тартибу таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои соҳаи фарҳанг бевосита ширкат варзида, дар рушду такомули сиёсати фарҳангии мамлакат ҳиссаи калон гузоштааст.
Бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкории зич дошт ва бобати паҳлуҳои фаъолияти он якчанд мақола ба табъ расонидааст.
Сабоҳат Ибрагимова,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт