Ёди таърихи. Бистсолагии нашриёти “Адиб” дар як мақолаи Ато Ҳамдам

Ато ҲамдамИн мақолаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ато Ҳамдам соли 2007 дар китоби “Фурӯғи сухан”, ки маҷмуаи мақолаҳо ва хотираҳо дар бораи бист соли фаъолияти нашриёти “Адиб” бахшида шудаву, он бо талоши Фарҳоди Карим рӯи чоп омадааст, ҷо дода шудааст. Ҳоло аз ин мақола бубинем, ки дар бистсолагӣ “Адиб чӣ роҳеро тай кардааст.

«АДИБ» БО АДИБОН ЗИНДА АСТ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми арели соли 1987 дар заминаи шӯъбаҳои бадеии нашриётҳои “Ирфон” ва “Маориф” нашриёти “Адиб” таъсис ёфт.

Арзи вуҷуд намудани чунин муассиса тақозои давру замон буд. То ташкил шудани “Адиб” адабиёти бадеӣ, тарҷумавӣ, бачагона ва танқиди адабӣ дар нашриётҳои “Ирфон” ва “Маориф” ба табъ мерасиданд. Минбаъд нашриёти адиб бо мақсади бештар қонеъ намудани талабу дархости доираи васеи хонандагон ба чопи адабиёти бадеӣ барои калонсолон ва бачагону ҷавонон махсус гардонида шуд.

Аввалин раиси нашриёт узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мутарҷими шинохта, шодравон Анора Остонова буд, ки дар таъсис ва рушду камоли ин муассиса саҳми босазо гузоштааст.

Аз соли 1990 то моҳи марти 2004 ин вазифаро нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ба ӯҳда дошт.

Мувофиқи махсусияти соҳаи фаъолият ва вазифаҳои муқарраршуда, то замони истиқлол дар нашриёт шӯъбаҳои адабиёти классики тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти бадеӣ ба забони русӣ, адабиёти тарҷумавӣ (ба забони тоҷикӣ), адабиёти бачагонаи синни томактабӣ ва хурди мактабӣ, адабиёти бачагонаи синни миёна ва калони мактабӣ, адабиёти бачагона бо забони русӣ, адабиёти илмию оммавӣ амал мекарданд. Ҳоло бошад, он бори вазнину масъулиятнок ба зиммаи шӯъбаҳои адабиёт барои калонсолон ва адабиёт барои наврасону ҷавонон гузошта шудааст.

Дар ин коргоҳи табъу нашр, ки барои хонандаи ҷумҳурӣ ғизои маънавӣ – китоб пешкаш менамояд, аксари кормандон аҳли қаламанд, ки ҳар кадоми онҳоро тавассути офаридаҳояшон мардум шинохтанду мешиносанд.

Қадамҳои аввали нашриёт қатъӣ устувор ва боварибахш буданд. Нақшҳои пухтаи корӣ мураттаб гардида, ҳар сол китобҳои ҷолибу хондании зиёде ба дасти хонандагон мерасид. Нашриёт соли аввали таъсисаш 190 номгӯӣ китобро бо теъдди 4, 5 миллион нусха аз чоп баровард.

Нашриёт ҳамеша ба нашри осори классикӣ ва шифоҳӣ, ки мероси ниёгонамон аст, диққати махсус медиҳад. Маҳз дар ҳамин солҳо “Мунтахаби осор”-и Саъдӣ дар чаҳор ҷилд, баргузидаи “Девони кабир”-и Ҷалолиддини Рӯмӣ дар ду ҷилд, “Абумуслимнома”-и Тартусӣ дар ду ҷилд, “Мунтахабот”-и Сино дар ду ҷилд, “Дурдонаҳои насри классикӣ” дар се ҷилд, “Баёзи фолклори тоҷик” дар ду ҷилд, “Ҷомеъул-ҳикоёт” дар се ҷилд, “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Мунтахабот”-и Носири Бухороӣ ва ғайраҳо интишор гаштаанд.

Нашриёт ба муносбати ҷашни ҳазораи ”Шоҳнома” –и Фирдавсӣ, ки бо қарори Юнеско дар саросари ҷаҳон таҷлил гардид, корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Нуҳ ҷилди «Шоҳнома », фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» силсилаи китобҳои «Сӯги Сиёҳвуш», «Андарзи Шоҳнома», «Қиссаҳо аз рӯзгори «Фирдавсӣ», тақвим бо акси Фирдавсӣ мунташир гашта, ба дасти алоқамандони каломи бадеъ расиданд.

Ба ифтихори 1100-солагии давлатдории Сомониён нашриёт китобҳои «Шоирони аҳди Сомониён», «Насими Мӯълиён», С. Ҳалимиён – «Исмоили Сомонӣ», ва «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ»-ро ба табъ расонд.

Баробари чопи осори адабии ниёгон табъу нашри таълифоти адибони муосир низ пайваста дар мадди назар аст.Нашри китоҳои қаламкашони бузургу варзида Садриддин Айнӣ , Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода Сотим Улуғзода , Ҷалол Икромӣ, Боқӣ  Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ  Шералӣ, Гулрухсор ва дигарон яке аз бахшҳои фаъолияти нашриёт буду ҳаст.

Маҳз дар нашриёти “Адиб” дуҷилдаи “Мунтахабот”-и Абулқосим Лоҳутӣ, чаҳорҷилдаи Раҳим Ҷалил, се ҷилди панҷҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев, китобҳои Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ба табъ расиданд.

Нашриёт дар нақшҳои ҳарсолаи кории худ таълифоти тозаи шоиру нависандагони имрӯзаи Тоҷикистон аз қабили Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон Ӯрун Кӯҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фарзона, Сайдалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низои Қосим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ширин Бунёд ва дигаронро нозил карда, омодаи чоп менамояд ва ба муштариён пешкаш мегардонад.

Навиштаҳои адибони ҷавон ҳар сол аз силсилаи “Навниҳолони боғи адабиёт” нашр мешавад. Нашриёт ба чопи адабиёти тарҷумавӣ низ машғул аст. Хонандаи тоҷик имрӯз осори бисёр қаламкашони кишварҳои ҳамсоя ва дурро ба забони модариаш мутолиа менамояд, ки дар ин бобат тарҷумонҳои ҷумҳурӣ саҳми бузурге доранд.

Чопи адабиёти кӯдакон ва наврасон самти дигари фаъолияти нашриёт мебошад. Дар ин бахш корҳои хеле судмад анҷом ёфт, китобҳое зиёде дастраси бачагон гардид анд.

Солҳои мавҷудияти нашриёт “Тазкираи адабиёти советӣ барои кӯдакон” дар чаҳор ҷилд аз чоп баромад, садҳо китобҳои хубу марғуб аз силсилаҳои “Дурдона” “Таърихи ниёгон” ва ғайраҳо хонандагони худро пайдо намуданд. Солҳои гуногун асарҳои М.Миршакар, А. Баҳорӣ, У. Раҷаб, Г. Сулаймонӣ, Б. Ҳоҷӣ, М. Хоҷазод, А. Бобоҷон, О. Аминзода, Ю. Аҳмадзода, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Раҷабов, Латофат, Д. Раҷабӣ ва дигарон ба табъ расиданд.

Нашриёт ба таблиғи адабиёт ба забонҳои русию узбекӣ низ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Эҷодиёти адибони русзабону ӯзбекзабон аз қабили Сергей Сухоян, Леонид Чигрин, Мансур Сурӯш, Ӯлмас Ҷамол, Ҷамолиддин Тошматов, Ҷамшед Пиримов ва дигарон сари ҳар чанд вақт чоп мешаванд ва ба дасти хонандагон мерасанд.

Ғайр аз ин намунаҳо аз осори адибони тоҷик низ ба забонҳои русию ӯзбекӣ дар тарҷума чоп карда мешаванд.

Нашриёти “Адиб” иштирокчии доимии намоишгоҳҳои китоб мебошад. Бори нахуст соли 1987 дар намоишгоҳи байналмилалии китоб, дар шаҳри Москва барпо гардид, ширкат варзида, барои чопи китобҳои адибони булғор, чех, словак ва маҷор ба забони тоҷикӣ шартномаҳо ба имзо расонд.

Дар намоиши китобҳои адибони кишварҳои ИттиҳодиДавлатҳои Мустақил мунтазам ширкат варзида, сазовори диплому ҷоизаҳо мегардад. Масалан, соли 2004 қиссаи нависандаи оламшумул Чингиз Айматов “Пораабрисафеди Чингизхон” дар озмуни байналмилалии китоб дар шаҳри Москва ба гирифтани дипломи дараҷаи сеюм мушараф гардид, соли 2005 асари адабиётшинос Валӣ СамадШоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон унвони “Китоби беҳтарини сол” –ро гирифт ва дар озмуни байналмилалии “Санъати китоб” сазовори ҷои сеюм гашт.

Соли 2006 бошад, китоби чопнамудаи нашриёт “Шоирони Мовароуннаҳр” дар ин озмуни бошукӯҳ ширкат намуда ба гирифтани дипломи дараҷаи сеюм сазовор гардид.

Ҳамон сол ноширони тоҷик, билхоса “Адиб” боз дар як озмуни калони байналмилалӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ширкат намуда, сазовори дипломи махсус  гашт.

Месазад ёдрас намоем, ки нашриёт тули 20 соли фаъолияташ бештар аз ҳазор номгӯй китоб ва соири  маводи чопиро бо теъдоди бештар аз 15 милион нусха ба табъ расондааст.

Соли шашум аст, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон асарҳои адибони муосир рӯйи чоп меоянд.

Дар давоми панҷ соли сипаришуда аз хазинаи эҳтиётии Президент барои чопи асарҳои адибону олимони тоҷик беш аз як милён сомонӣ ҷудо шуд. Ба ин маблағ беҳтарин асарҳо рӯи чоп омаданд ва ҳаводорони зиёде пайдо карданд.

Дар соли ҷашни 20 солагии нашриёт –  яъне соли 2007 Президенти кишвар боз як ғамхории калон дар ҳаққи адибон зоҳир намуд. Барои чопи 46 номгӯй китоб аз хазинаи этиётии эшон 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Беҳтарин китобҳои адибони шинохта Мӯъмин Қаноат, Расул Ҳодизода, Ҳабибулло Назаров, Гулназар, Сайдалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Бароталӣ Абдураҳмон, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ҳоҷӣ Мурод, романи машҳури Радий Фиш “Ҷалолиддини Рӯмӣ” ва дигарон аз ҳамин ҳисоб рӯи чоп омаданд.

Маҳз соли 2007 нашриёти “Адиб” аз силсилаи “Ахтарони адаб” ба нашри 50 ҷилдаи асарҳои адибони классик ва муосир шурӯъ намуд. Барои чопи 4 китоби аввали ин силсила аз Хазинаи эҳтиётии Президенти кишвар 235 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҷилдҳои аввал иборат аз “Ашъор-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Ҳамасрони Рӯдакӣ” ва ду ҷилди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошанд, ки то охири сол ба дасти хонандагон мерасанд.

Ноширони “Адиб” ба ҷашни худ бо дастовезҳои арзанда омаданд. Дар озмуни IV байналмилалии “Санъати китоб” ки моҳи август дар шаҳри Маскав баргузор гардид, якбора 9 китоби чопкардаи “Адиб” ба даври дуюми озмун роҳҳат гирифт.

Дар анҷом, ду дастоварди адибони тоҷик – тоҷик асари олим, профессор, нависанда Карим Абдул “Мастчоҳ” (Аз силсилаи “Дар ин дунё”) дар номинатсия “Иттиҳод” сазовори ҷойи якум ва китоби дуҷилдаи адибон Ҷумъа Қуддус ва  Маҳмадраҳим Карим “Ориёно” (ҷилди аввал “Ҳасрати Зардушт” ва ҷилдди дуюм “Биҳишти гумшуда”) дар номинатсияи “Дорулмуаллимини ман” ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардиданд. Барои ба мақоми сеюм сазовор шудан ба асарҳои адибон Ато Ҳамдам ва Леонид Ҷигрин “Асрори таърих” ва “Озар из Уструшаны” танхо як хол нарасид.

Ходимони нашриёти “Адиб” ба он мекӯшад, ки беҳтару хубтар кор кунанд, асарҳое нашр намоянд, ки ҷавобгӯйи талаботи давру замон бошанд, барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Ато Ҳамдам, Раиси интишори “Адиб”, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи олии адабии Покистон.

Таҳияи: Мутахассиси пешбари
шуъбаи Хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд Наботова Баргигул