Ҷомӣ ва Навоӣ. Номаҳои номӣ

Ҷомӣ ва НавоӣҚиссаи дўстӣ ва ҳамкории Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бисёр муассир ва ибратбахш мебошад. Тимсоли чунин ошноиро таърих кам дидааст. Меҳру муҳаббати ин ду марди бузург ба дараҷае буд, ки дар ғоибу ҳозир дил ба сўи ҳам доштаанд. Агар ба тақозои рўзгор яке аз онҳо ба ҷое сафар менамуд, албатта, бо номае хотири дигареро шод мекард. Дар байни руқъаоти Ҷомӣ мактубҳои зиёде ҳастанд, ки онҳоро Навоӣ аз вилоёту шаҳристонҳои Марву Мурғоб, Балху Астаробод ва ғайра ба унвони ў фиристодааст ва ё баръакс. Ин номаҳои номӣ ба суруди дилангезе шабоҳат доранд, ки дўстӣ ва бародариро тараннум мекунанд.

Инак, намунае чанд аз номаҳо чун муште аз хирвор ба диққати хонандагони арҷманд бо андак ихтисор ва шарҳи баъзе калимот пешкаш мешавад.

Номаи Ҷомӣ 

                       Саломе карда аз «син»тездандон,

Кушода уқдаҳо аз риштаи ҷон,

Саломе аз каманди турраи «лом»

Дили соҳибдилон оварда дар дом,

Саломе хуштар аз фирдавси аъло,

«Алиф»дар вай кашид қад чу тўбо.

Ба зери он алиф аз чашмаи «мим»

Аён дар пои тўбо айни тасним:

тўҳфаи сўҳбати шариф ва ҳадяи маҷлиси маниф (пок) гардонида, маърўз он, ки чун мавлавиро шавқи рикоббўсӣ инонгир шуда буд, худро бар фитроки ў бастан воҷиб намуд. Лоҷарам ин руқъаи дақиқа ба масҳуби (ҳамроҳи) рисолае, ки ба таҷдид ба таҳрир пайваста, ба ҳузур фиростода шуд. Агар маслиҳат донанд, ба арзи ҳумоюн расонанд ва илло:

Ҳар чӣ на мақбули дили поки туст,

Боядаш аз сафҳаи идрок шуст.

Давлати оҷили (гузарони) мафазӣ (мубошираткунанда) ба саодати (олӣ) бар ваҷҳи акмал муяссар ва муҳассал бод.

Ҷавоби Навоӣ

Ниёзе, ки аз саҷдаи аз ҳад афзун

Шуда ҷабҳааш доғ аз нуқтаи «нун»,

Пас он гаҳ зи «ё» аз паи шавқи дидор

Зи рўи рақам оҳи дил карда изҳор.

Дигар аз «алиф» дар вафо буда якто,

Чу сарви чаман омада пой бар ҷо.

Зи «зо» то кунад шоми ғамро мунаввар,

Аён сохта моҳи болояш ахтар.

Баъд аз арзи чунин ниёзе, ки марқум (зеби рақам) гашт ва рафъи ихлосе, ки бар забони хома гузашт, маърўз бод…чунин истимоъ афтод, даҳ-понздаҳрўз оризае даст дода буда, моҳи тамоми сипеҳри маънӣ рў ба заъф ниҳода. Мухлисонро аз ин хабар сипеҳрвор саргардонӣ ва зарракирдор парешонӣ даст дод… Баъд аз ду ҳафта ҳамон пайкари улвихиром рў ба бурҷи сиҳат ва ҷамол оварда ва майл ба авҷи қуввату комил карда, саҷдаву шукр ба ҷо оварда, фалонро ба ҷиҳати таҳқиқи ин ҳол ва тасдиқи ин мақол фиристода шуд. Илтимос он ки ба зудӣ бозаш гардонанд ва фақиронро аз хушии он хабар ба хушҳолии тамом расонанд.

Кайфияти рисолаи аз нукот мамлув ва машҳун (пур) ва гузаштагони он дар маҷлиси ҳумоюн ба зудӣ маърўзи рои олӣ хоҳад буд. Сояи иршод бар сари бандаву озод абадӣ бод, вассалом.

Номаи Навоӣ

Наи килки ту шакари маъниро

Карда чун найшакар аз ҷавф бурун.

Хати ўро хати мушкинсурат,

Дар таҳи хат рухи зебо мазмун.

Балки ҳар донае аз нуқтаи ў

Тоҷи маъниро дури макнун.

Руқъае, ки аз рўи илтифот фиристода буданд, расид, балки гуҳаре, ки аз табъи уммонсифот берун овардаанд, расид. Ба ҳар тақдир бар тоҷи торак дўхта шуд ва хонаи чашму дил бад- он афрўхта гашт. Офтоби иршод бар сари толибони рубъи маскун (рўи замин) ва бар сарвақти қолибони ҷавфи (зери) гардун тобанда бод, вассалом.

Ҷавоби Ҷомӣ

                      Наи килки ту тифли маъниро

Ба наботи ҳасан бупарварда.

Ғурраи субҳро зи турраи шом.

Рашки рухсори навхатон карда.

Қисса кўтаҳ, шаби дарози маро

Пора-пора ба рўз оварда.

Саҳифаи шарифаи машҳун ба маонӣ ва иборати латифа наздикони дур ва дурони наздик ба ҳузурро мушарраф сохт ва дар сурати ҳар хате ҳаззе рўй намуд ва аз акси ҳар ҳарфе фараҳе партав андохт ва аз шавқи (хори) шиква ғунчаҳои шукру сано дамонид ва аз хори гила гулҳои маҳмадату дуо шукуфонид. Оре:

Гар лутфи ту бигрезад ба хористонҳо,

                     Хористонҳо шавад баҳористонҳо.

Ҳикояти гила ва шикоят бинобар он воқеъ шуд, ки эшон аз руқъаи ин фақир тасаввур кардаанд ва дар таҳти тақрир ва таҳрир оварда ва илло:

Н-омад аз ту чунин муомилае,

                       Ки касеро расад дар он гилае.

                       Нест аз ту ба ҷуз гила гиламанд

                       З-он ки лутфи туаш зи бех биканд.

Ҳаққи субҳона ба таоло ҳамвора дар назари раъфати худашон дорад ва офати назар ба худашон нагузорад.

Номаи Ҷомӣ

Дуое, ки… ба сурати ниёз нисори бисоти ҷуръат ва инбисот мегардад, майл ва шавқ ба нили шарафи мулоқот беш аз он аст, ки ба сарфи айшиёт ва узувот дар аъмоли адвоти қалам ва давот адои шамае аз он тавон кард. Лоҷарам инони азм ва нияти ҷазм аз савоби (ҷиҳати) ин амният маътуф (таваҷҷўҳ) дошта, бо ин ду байт масруф (баён) мегардад:

Зирак он кас, ки дар харобаи даҳр

                         Дари ганҷинаҳои роз занад,

                         Ҷоҳи кўтоҳ зери пой ниҳад,

                        Даст дар давлати дароз занад.

Лоязол (то абад) ниҳоли равзаи умед баруманд бод ва шохи равзаи саодати ҷовид бо он пайванд, вассалом.

Ҷавоби Навоӣ

Номае ки аз ҳарфи аввал рўи ниёз зоҳир карда бошад ва аз дувум шўълаи оташи шавқ аз дил бароварда ва аз дуи дигар ғами дил намуда ва аз панҷ сафҳаи нураш ҳамон тариқ паймуда, ба мавқифи арз расонид. Маърўз мегардад, ки дар ин вило (айём), ки руқъаи шариф омад:

Бўсида ба чашми худ ниҳодам,

                      Болои сараш мақом додам.

                      Ҳам боиси нури чашми ман гашт,

                      Ҳам фарқи сарам зи чарх бигзашт.

Қосид, ки ба суханҳои забонӣ навохт, ба ирсоли китоби муҳаббатнома ва шароби сандал мушарраф сохт, ҳар ду ба хизматаш дода шуд ва ўро ба шарафи хизмат фиристода шуд. Умед он, ки сурати меҳнати фироқ аз мутолиаи он тасаввур намоянд ва дарди ранҷи иштиёқро аз шарбати висол муолиҷа фармоянд. Зилли (сояи) олӣ бар марофиқи (фарқи) аҳли иродат лоязолӣ бод, вассалом.

Номаи Навоӣ

Эй бод, чу омадӣ зи сарманзили ёр,

Ҷон ҳам бибару ба ҷои ў соз нисор.

В-он гаҳ қадре зи хоки пояш, зинҳор,

Баҳри авази ҷони мани дилшуда ор.

Баъд аз арзи абудият (бандагӣ) маърўзи рои шарифи бандагони қудсошён он, ки аҳволи ин фақир ба тарзе гузарон аст, ки мўҷиби давлати дунёвӣ аст ва қат (дурӣ) аз мулозимати мулозимон, ки мўҷиби давлати дунёвӣ аст ва саодати ухравӣ, ҳеҷ ташвише нест. Умед он, ки он низ бо ҳусни вуҷўҳ беҳ гардад. Дигар илтимос аз бандапарвари бандагон он аст, ки гоҳе ба руқъае, ки ҳаёти ҷовидонӣ, балки сармояи зиндагӣ метавон гуфт, мубтаҳиҷ (хурсанд) ва масрур созанд ва ба дуои хайр ёд оранд, зиёд густохӣ ҳадди худ намедонад. Залли отифат (меҳрубонӣ) ва ҳидоят мухаллад (абадӣ) ва мустадом (бардавом) бод.

Ҷавоби Ҷомӣ

Эй бод, чу омадӣ зи сарманзили ёр

                      Омад ба дилам з-омаданат сабру қарор,

                      Н-омад ба қарор ҷонам аз он, зинҳор,

                      Ўро бибару бад-он, ки донӣ, биспор.

Агар на ба ҳарчанд рўзе рашҳаи қаламе аз муҷовирони он остона расидӣ ва нафҳаи гарме аз инсофи он ростон вазидӣ, ба дурмондагони ба доғи маҳҷурӣ гирифтор зиндагӣ саъб будӣ ва зиндагонӣ душвор. Умедворӣ чунон аст, ки ин робита (шабу рўз) истиқрор (қарор) гирад ва ин қоида (моҳҳову солҳо) истимрор (давом) пазирад.

                    Шодам зи нами килкат в-аз нафҳаи анфосат,

                    Гар зиндагие дорам з-ин обу ҳаво дорам.

Давлат ва саодат бардавом, вассалом валикром.

Номаи Ҷомӣ

                     Бинмуд абре зи ҷониби дашту бирафт,

                     Аз ташналабон зи дур бигзашту бирафт.

                     Бар кишти умеди мо ҷигарсўхтагон

                     Норехта нам, зи роҳ баргашту бирафт.

Ҳарчанд умеди ноумедон ба ҳусул нарасид ва муроди номуродон ба вусул наанҷомид, умед он аст, ҳар чи маслиҳати динӣ ва дунявии ходимони он остон ба он манут (вобаста) аст ва саодати суварӣ (зоҳир) ва маънавии мулозимони он давлатхона бар он марбут, бар ваҷҳи аҷмал (зебо) ва тариқи акмал маяссар гардад, вассалом.

Ҷавоби Навоӣ

Дил чун алами давлати васлат афрошт,

                       Ҷон низ хаёли ту бад-он азм гумошт.

                       Ҳар як чу бар-ин мурод наздик расид,

                       Гардун ба муроди номуродон нагзошт.

Арздошт он, ки ахтари толеъ агарчи аз матлаи иқбол ломеъ (равшан аст), аммо чӣ суд, ки аз гардиши фалаки ҳасуд ба бурҷи шараф нарасида роҷеъ гашт ё не, ки по ба роҳ ниҳода, аҳроми давлат мулозимат (сафар) бастанд ва ба силки давлатмандоне, ки ба мулозимат ҳастанд, пайвастанд; дидаи маҳрумӣ бар кафи пояшон молида ба ҷониби ўрду маовадат намуд (равона шуд)…

                       Гарчи хуршед бувад толеи рўзафзунам,

                       Нарасонид ба исонафасе гардунам.

Агар хотири анвар ва ҳиммати олӣ бад-он гуморанд, ки раъяти ҳумоюн майли намоянд ва аркони давлати рўзафзун ба ҳамроҳӣ азимат фармоянд, ки ба туфайли азизон ин хори ашкрезон низ бад-он саодат ва иқбол, яъне шарафи висол, мушарраф ва мустафид тавонад шуд, вассалом.

Номаи Ҷомӣ

Хонда ба сарири килки ту дуронро,

                       Дардода салое дили маҳҷуронро,

                       Қонуни шифо навишта ранҷуронро,

                       Биншонда ба он оташи махмуронро.

Чун вуруди руқъаи шариф аз ҳудуди буқъаи (манзил) маниф (пок) бар мухлисони сидқ… ба зуҳур анҷомид, ҳар яке аз дидаи рамаддида ва синаи камадкашида (ғамкашида) аз қалақи (ташвиши) ҳиддати марорати (тезии) фироқу изтироб ва шиддати ҳарорати иштиёқ ба мавтини улфат ва нишимани вуслат биёромид.

Ба роҳат қарин бод он дасту панҷа,

                     Ки худро бад-он макрамат сохт ранҷа.

Навишта буд аз баъзе касон, ки муддатҳо дар зилли иноят ва сояи тарбият ва риоят буданд, суханони номуносиб ва ҳикоёти номулоим сар зад. Шак нест, ки ҳар кӣ чунин бошад, аз доираи инсония берун хоҳад буд. Ҳайф бошад, ки забон ба ҳикояташ кушоянд ва даҳон ба шикояташ олоянд.

Инсон машумар хайли бадандешонро,

                    К-он мартаба нест ин дағокешонро.

                    Аз хомаи сунъ бар сари лавҳи вуҷуд

                    Ҷуз сурати инсон нарасад эшонро.

Ҷавоби Навоӣ

                   Наздик шуд аз давлати дидори ту дур,

                   К-аз ҳам гусиланд ҷисму ҷони ранҷур.

                   К-ў аз ғайбат бар бадани ҳар ду футур,

                   То манн шавам аз ҳузури васлат масрур.

Руқъае, ки назмаш ҷону дили парешонро силки интизом кашид ва насраш гуҳару дурри дидаи ашкфишонро ба рўи қаҳрабофом пошид, дар ин вило ба мухлисони давру даврон аз давлати висол ба маҳҷур расид. Паи таскини изтироби дилу ҷони ғамандўз бар синааш ниҳодам ва ба ҷиҳати ороми гиряҳои ҷонсўз болои чашми гирёнаш ҷо додам. Умедворӣ он, ки сўхтагони фироқро гоҳе ба ҳамин сиёқ ёд оранд ва дили афрўхтагони оташи иштиёқро ба навозиши руқъа шод доранд.

Манбаъ: “Садои Шарқ”, 1968, №8.
Ҳозиркунандагони чоп С.Воҳидов. ва А.Сатторов.

Таҳияи Фараҳноз Асрориён,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.