Юн Фоссе, ки Ҷоизаи Нобели адабиётро соҳиб шуд, кист?
Барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт ин бор нависандаи норвежӣ Юн Фоссе шуд ва ин ҷоизаи муътабар ба ӯ барои “намоишнома ва насри навоваронае, ки дар он чизеро садо мекунад, ки наметавон бо калимот баён кард” дода шуд.
Фоссе аз ҷумлаи маъруфтарин нависандагони ҷомеаи имрӯзаи Аврупост, ки барои мо камтар ошност. Дар намоишноманависӣ имрӯз касе пешгомтар аз ӯ нест. Пйесаҳои ӯ дар аксар театрҳои маъруфои қораи Аврупо ба намоиш гузошта шудаанд. Худи ӯ дар пурсиш мавриди ҷоиза гуфт, ки аз хабар “ҳам мутаҳаййир ва ҳам ваҳшатзада шудааст”. Вай дар аввалин вокунишҳояш ва пурсиши хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамеша дар бораи адабиёт меандешид ва ҳеч гоҳ мулоҳизоти дигаре надошт.
Театршиносон ба ин назаранд, ки маъруфияти пйесаҳои Фоссе дар он аст, ки ӯ мекӯшад сужаҳоро на бар асоси қудрати шахсиятҳо, балки бар пояи нуқоти заъфи онҳо, шак ба худ, тарс аз марг, адами эътиқоду боварӣ ба қувваи худ бисозад.
КИСТ ЮН ФОССЕ?
Юн Фоссе намоишноманавис, шоир ва насрнависи маъруфи аҳли Норвегия мебошад, ки 29 сентябри соли 1959 ба дунё омадааст. Ҳамчуноне ёдовар шудем, ӯро бештар чун намоишноманависи барҷаста мешиносанд ва театрҳои машҳури Аврупо ба пйесаҳои хуби ӯ бештар рӯи ниёз овардаанд.
Вай дар Страндебарм ба камол расид. Як ҳодисаи нохӯш дар овони ҳафтсолагӣ қариб буд риштаи ҳаёти ӯро канад ва ҳато ҳамин ҳодиса, ки умре дар ёдаш нақш баст, дар офариниши асарҳои беҳтаринаш кумак намуд.
Баъди хатми мактаби миёна вай ба донишгоҳи Берген рафт ва адабиётшиносӣ омӯхт.
Аввалин романи Фоссе бо номи “Сурх, сиёҳ” соли 1983 чоп шуд. Ва нахустин намоишномаи ӯ “Мо дигар ҳаргиз ҷудо нахоҳем шуд”, соли 1994 навишта шуд.
Фоссе адибест, ки дар корномаи адабии худ ба ғайр аз роман ва намоишнома боз миқдори хеле зиёд ҳикояву достонҳои кутоҳ, мақола ва шеър ҳам дорад.
БОЗ КИҲО ДАР ТАЛОШИ НОБЕЛИ ИМСОЛ БУДАНД?
Бино ба гузоришҳои мухталифе, ки расонаҳо чоп карданд, муддаиёни Нобели имсола боз Салмони Рушдӣ, Харуки Мураками ва Маргарет Этвут ҳам буданд. Ин се танро ҳам аз ҷумлаи шоистаҳо медонанд. Номи Фоссе ҳам дар қатори ҳамин аввалиҳо буд. Аммо мунаққидон бештар дар бораи шоистагии нависандахонуми чинӣ Тсан Сюэ, ки бо тахаллуси Дэн Сяохуа менависад, ҳарф мезаданд.
Номи нависандаи машҳури аҳли Русия Людмила Улитская низ дар рӯйхати даъвогарони эҳтимолии дарёфти Нобели адабиёт буд. Людмиларо бештар аз мавзеъгириҳояш дар қиболи сиёсатҳои Кремл ва махсус Владимир Путин шинохтанд. Ҳамон мавзеъгирие, ки ӯро водор ба фирор аз Русия карда буд.
Аз соли 2006 то соли 2022 инҳо соҳиби Ҷоизаи Нобели адабиёт шуданд:
Соли 2022: Анни Эрно (Фаронса)
Соли 2021: Абдураззоқи Ғурна (Танзания)
Соли 2020: Луиза Глюк (ИМА)
Соли 2019: Петер Ҳондке (Австрия)
Соли 2018: Олга Токарчук (Лаҳистон)
Соли 2017: Кадзуо Исигуро (Британияи Кабир)
Соли 2016: Боб Дилан (ИМА)
Соли 2015: Светлана Алексиевич (Беларус)
Соли 2014: Патрик Модиано (Фаронса)
Соли 2013: Элис Манро (Канада)
Соли 2012: Мо Ян (Чин)
Соли 2011: Томас Транстремер (Шветсия)
Соли 2010: Марио Варгас Льса (Перу)
Соли 2009: Герта Мюллер (Олмон)
Соли 2008: Жан-Мари Ле Клезио (Фаронса)
Соли 2007: Дорис Лессинг (Британияи Кабир)
Соли 2006: Орҳан Помук (Туркия)
Б.Шафеъ.