Юсуфҷон Аҳмадзода: Касе, ки бухлу кина дорад, наметавонад шоири бачаҳо шавад!

Навиштани шеъри кўдакона бисёр мушкил аст, бояд як нуқтаву вергулаш хато набошад. Як шоири бузурги рус низ гуфтааст,ки  барои бачаҳо ҳам бояд чун барои калонсолон навишт, вале беҳтар аз калонсолон. Юсуфҷон Аҳмадзода, ки дар як маҳфил дар Китобхонаи миллӣ бо кӯдакон суҳбат мекард, гуфт: Ба фикри ман шеъри кўдак бояд бениҳоят сабуку осон бошад ва чуноне, ки вақти роҳ рафтан дакка мехўрӣ, дакка нахўрда ба гўши шумо бирасад. Масалан мисли шеърҳои аввалинам:

Тухми каду шинондем,
Қад-қади ҷў шинондем.

Ин маҳфил бо номи “Дар суҳбати адиб” то зуҳри имрӯз дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд ва дар он хонандагони ин фаъоли ин шуъба ширкат доштанд. Маҳфилаз тариқи телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» низ пахш хоҳад шуд.

Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода меҳмонро хайрамақдам гуфт ва дар бораи эҷодиёти адиб мухтасар маълумот дод. Вай ба бачаҳо тавсия дод, ки бо кулли китобҳои Юсуфҷон Аҳмадзода метавонанд дар Китобхона ошно шаванд.

Юсуфҷон Аҳмадзода  соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пўлодҷони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1965 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба поён расон. Дар маҳфил дар бораи худаш нақл кард ва гуфт:

–    Падарам, ки ронанда буданд, ронанда шудан мехостам, на шоир. Аввалин шеърамро ба рафиқам бахшидам. Аввалин шеъри азбар кардаам шеъри Юсуф Вафо буд. Туфайли шоири халқ Юсуф Вафо 75 сол номи шоириро бардошта гаштам.

Юсуфҷон Аҳмадзода чанд ҳикояи тозааш «Нағз нағзиро мефаҳмад», «Духтари ҷингиламӯ» -ро барои хонандагони наврасаш мутолиа намуд.

Фаъолони шуъбаи кўдакон ва наврасон шеърҳову ҳикояҳои Юсуфҷон Аҳмадзодаро қироат намуда, ба  суолҳояшон дар робита ба рўзгору эҷоди адиби дўстдоштаашон посухҳои равшан гирифтанд. Бахусус шеърҳои «Мурчае донае ёфт», «Тоҷикистон», «Ватан», «Офтоби сар»-ро хонандагони шуъба, ки ширкаткунандагони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» низ ҳастанд, хеле зебову равон ва муассиру ҷаззоб қироат намуданд, ки писанди хотири муаллиф ва ҳозирин гардид.

Ҳамчунин дар маҳфил наврасон шеърҳои эҷодкардаашонро, ки илҳом аз ашъори Юсуфҷон Аҳмадзода аст, диклама карданд. Юсуфҷон Аҳмадзода онҳоро барои ҳамкорӣ ба хонааш даъват намуда, ваъда дод, ки дар нашри китоби онҳо кўмак намуда, сарсухани китобашонро менависад.

Дар маҳфили «Дар суҳбати адиб” Юсуфҷон Аҳмадзода ҳамроҳи ҳамсар ва наберааш ташриф оварду китобҳои навашро барои шуъбаи кўдакон ва наврасон ҳадя намуд.

Юсуфҷон Аҳмадзода бештар чун адиби кўдакон шинохта шудааст ва дар баробари навиштани шеъру ғазалу рубоӣ, суруду таронаҳо, румону ҳикоя низ навишта аст. Соли 2001 қисми якуми румони таърихии ў «Ҳафт руъё» ва соли 2010 румони «Ишқи духтари кулаҳпўш» ба табъ расидааст.

Бар замми заҳмати нависандагӣ ба тарҷумаи осори адибони бузурги ҷаҳон Бародарон Гримм, И. Бунин, Ҳ. К. Андерсен, К. Чуковский ва дигарон низ даст задааст.

Юсуфҷон Аҳмадзода дорандаи ордеши “Шараф” (2002) буда, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1999) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) мебошад.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.