Кўмаки Раёсат ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба кормандони ниёзманд дар арафаи Соли нав
Имрўз роҳбарияти ва коллективи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави милодӣ ба зумрае аз кормандони ниёзманд кўмаки моддӣ расонданд.
Маврид ба ёдоварист, ки барои Китобхонаи миллӣ ин як анъанаи дерин аст ва ҳамеша дар ҷашну маросимҳо, аз ҷумла дар рўзҳои Иди Қурбон, Иди Рамазон ба иддае аз корманди эҳтиёҷманд ёрии яквақтаи моддӣ мерасад.
Ин иқдомҳои роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ пайравӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ба анҷоми кори хайру дастгирии ниёзмандон таъкид мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми охирашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат фармуданд: “Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст”.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа