Кабутари сулҳ дар маҳфили “Дастони моҳир”
Дар маҳфили “Дастони моҳир”, ки дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, сохтани кабӯтар чун рамзи сулҳу ваҳдат супориш шуд. Ин мавзӯъ як навъ рамзест, чун гузаштагони мо ин парандаи зеборо ҳамеша ба унвони пайғомрасони сулҳу оштӣ муаррифӣ кардаанд ва ҳар ҷо агар сухан аз сулҳ равад, ҳатман дар он расми кабӯтар кашида мешавад.
Ба бачаҳо гуфта шуд, ки Тоҷикистон баъди ҷанги панҷсолаи дохилӣ 27-уми июн созишномаи Сулҳ ва ризоятӣ миллӣ имзо шуд ва ҳамаи ин бо талошҳои пайваставу пайгирони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукумфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.
Сипас хонандагон баъди саволу ҷавоб бо роҳбари маҳфил ба сохтани кабутар шурӯъ карданд.
Дар қисмати фарҷоми маҳфил хонандагон доир ба «Ваҳдат», «Ватан» ва «Тоҷикистон» шеърҳо қироат намуданд.
Фирўза Раҳимова.