Кай донистам, ки Душанберо дӯст медорам?
Дӯст доштан низ далеле, ки бурҳоне ва асолату сарчашмае бояд дошта бошад. Аз ҷумла, дӯст доштани Модар – Меҳан ҳам. Мо, инак 15 сол аст, ки аз оби рӯди Душанбе мечашему аз ҳавояш нафас мегирем, Дар ин муддат чандин шеъру тарона ба номи азизаш навишта бошем ҳам, аммо дӯстдору шайдои ин шаҳр буданамонро баъди замони донишҷӯи эҳсос кардем.
Замони донишҷӯи бо шӯру ҷунуни ҷавонӣ бигзашту дертар қадри ин обу гили муқаддасро донистем. Гумон кардем, ки пеши пайкараи Исмоили Сомонӣ акс гирифтану онро ба дигарон нишон додан, асоси муҳаббату робитаи мо ба пойтахт аст, вале оҳиста-оҳиста дарк намудем, ки ишқ ба ин шаҳр бо дигар падидаҳои ҷониву ҷавҳарӣ пайванд аст.
Дарки чунин пайвандҳои равонӣ замоне дониста шуд, ки офтобу боду борон, ҳар дарахт, ҳар гулу гиёҳ, асбоби ороишиву хидматӣ, ҳар чароғи шабонгоҳони ин шаҳри нозанин чун ҷузъи ҳавлии падару модари мо қадр пайдо кард. Забоне буд, ки агар каси ноогоҳ ё кӯтоҳандеш растаҳои гули Душанберо поймол кунад, фиғонамон ба фалак мепечид, соҳибкореву тоҷире дар девори биноҳои Душанбе овезаи пурғалат ва бемаъноеро овезон кунад, диламон фишурда мешуд, ҷавоневу наврасе нақлиёти мусофирбари шаҳриро чиркин кунад, қоғазеро ҳаво диҳад, бо ӯ сурху сафед мешудем.
Дар ҳамин гирудорҳои ҳамарӯза ба ҷон дарк кардем, ки Душанберо дӯст медорем. Душанбе аз он замон ба ин сӯ дигар як шаҳр, як макони будубош не, ҷои саёҳату тамошо не, балки ин хонаи ман аст, рӯди равонаш ҳамон ҷӯйи рустои ман аст, ҳар як чиро андохтану гардолуд кардани он мумкин нест, ин дарахтонро падари боғбони ман шинондааст, ин гулҳоро модари ман ба нури чашму ранҷи даст парвардааст, ин кӯчаҳоро хоҳари ман ман рӯфтааст, дар сохтани ин биноҳои наву замонавӣ додарону бародарони ман ҳам хишт гузоштаанд, ронандаи мусофирбар хеши ман аст, хиёбонҳои зебову назаррабояш ҷои дидори ман бо дилбар аст, боғҳову кӯчаҳояш ҷои шодмониву хандидани кӯдакони ман аст, чойхонаву ошхоноҳояш ҷои истироҳати бобову бибии ман аст, аз кабоби чойи сабзи Душанбе бӯи ризқу рӯзии фаровон мерасад, аз нонвоӣ, аз нони гарми Душанбе накҳати ҷонфизои зиндагӣ ба машом мерасад.
Маҳз дар чунин ҳолу ҳаво эҳсос кардам, ки Душанбе як гӯшаи дили ман аст, ҷоест, ки кас мехоҳад онро ҳамеша тозаву озода ва поку беолоиш нигоҳ дорад.
Вижагии нотакрори Душанбе боз ҳам дар он аст, ки ин шаҳри дилрабо меҳвари ба ҳам омадани мардумони ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон аст. Аз ин сабаб ҳам, бештар ин замини нозанинро дӯст доштем.
Бешубҳа, ин шаҳри нуқтаи беҳамтоӣ, ҳамгироӣ, пайвандгари миллат аст. Душанбе мисли оҳанрабоест, ки тоҷикону тоҷикистониён ва намояндагони ин миллати сарфарозро аз чор сӯи дунё ба оғӯшаш мехонад. Ин ҷо каси зираку дидаро метавонад аз ҳар самту сӯи кишвар дӯсту бародар, дугонаву ҳамроз ёбад ва дар зиндагии мо ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло мо аз Бадахшону Зарафшон, Хатлону Раштонзамин, Ҳисору Суғд ёрони арҷманде пайдо кардаем.
Фаротар аз ин, маркази баҳамойии порсизабони дунё ҳам Душанбест. Мебинему мешунавем, ки эрониҳову хуросониҳо, тоҷикони Ӯзбекистон чӣ гуна бо ташнаҷонӣ ба оғӯшӣ Душанбе мешитобанд, онро васф менамоянд, навор меороянд…
Дидор ва ошноии Тоҷикистон маҳз аз Душанбе оғоз мешавад. Шаҳри гулбадомони мо, шаҳри лолапӯши мо аз шоиронатарин гӯшаҳои диёр аст. Зимистонаш аз баҳораш босафотару баҳораш аз тирамоҳаш дилработар….
Чӣ гуна метавон дӯст надошт ин шаҳреро, ки бори нахуст садои тоҷик баланд шуд, ҳуҷҷати барпошавии кишвари Тоҷикистон сад сол пеш тасдиқ ёфт, Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ парфишону танинандоз гардиданд, бори нахуст пайкараи азими Исмоили Сомонӣ баланд шуд, дар соли 1991 маҳз аз ин ҷо Эъломияи Истиқлолу озодӣ хонда шуд, табли шодиву нишоти худсолорӣ зада шуд…
Бо як сухан, дӯст надоштани Душанбе барои соҳибдиле, доноеву огоҳе, ошиқеву шоире, ҳунарпешаеву оҳангсозе, таронасароеву мусаввире, имкон надорад!
Муҳаббати поки Душанбе дар дилу ҷонҳо нуҳуфтааст!
Бузургмеҳри Баҳодур,
шоир, рӯзноманигор
Аз китоби “Душанбе нусхае аз Биҳишт”, соли 2015, “Эр-граф”.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова.