Калила ва  Димна”: гуногунии тарҷумаҳои як шоҳкори адабиёти олам. Бахши авал

Дар байни ҳикоятҳое, ки ба адабиёти форсу тоҷик ба воситаи тарҷума аз мероси адабии халқҳои дигари шарқ дохил гаштааст, ҳикояти “Калила ва Димна” аз асарҳои машҳуртарин аст. Дар давоми таърихи қариб зиёда аз ҳазор сол ин асар борҳо ба қалами устодони сухан ба назм дароварда шудааст, ба сабку услуби гуногун таҳрир ёфтааст, на фақат ба эътибори талаботи ғоявии замон, инчунин бо таъсири завқу  салиқаҳои мухталифи бадеии ҳар давр тағйироти ҷиддӣ пазируфтааст. Аммо рўҳи халқӣ, ҳикмати бузурги халқии он, ки ифодаи орзуҳои нек ва хиради ҷовидонии инсоният аст, ҳамеша барқарор буд ва аз талотуму ошўби асрҳо гузашта то замони мо расидааст.

”Калила ва Димна” барои хонандагони имрўза на танҳо қимати бузурги адабӣ – эстетикӣ, балки аҳаммияти калони таърихӣ низ дорад. Ин ёдгории маданияти умумӣ-инсонӣ дар ҳама асрҳо қимати бадеӣ ва мақоми таърихии худро нигоҳ дошта, барои ҳар насл бо мазмуни худ таъсири бузурги маънавӣ расондааст.

Маншаъ ва бунёдгоҳи ҳикояти “Калила ва Димна” Ҳиндустон аст. Тадқиқоти чандинсола олимонро ба чунин хулоса овардааст, ки асли ин ҳикоят, ки дар адабиёти ҳинд бо номи “Панчатанра” (“Панҷ китоб”) машҳур аст, тахминан дар асри IV ва ба фикри гурўҳе олимон тақрибан соли 300 (яъне тақрибан 1600 сол пеш аз ин) аз тарафи муаллифи номаълуме таълиф гардидааст. Аммо асли матни ин китоб аз байн рафта ва то замони мо таҳрири қадимтарини он аз таърихи соли 1199 расидааст. Аз рўи ҳамин таҳрир “Панчатанра”аз асри ХIХ сар карда, ба бисёр забонҳои Аврупои Ғарбӣ тарҷума шуд ва дар бораи он бисёр тадқиқоти илмӣ низ анҷом гирифт. Аммо ҳанўз чандин асрҳо пеш аз тарҷумаи  ҳикояти “Панчатанра” “Калила ва Димна”бо роҳу воситаҳои дигар шўҳрати оламшумул пайдо карда, ба бисёр забонҳо тарҷума шуда буд.

Дар сарчашмаҳои таърихии адабӣ ҳикоят мекунанд, ки Хукмронии сулолаи Сосониён Хусрави Анўшервон (531-579) шунидааст, ки дар кӯҳҳои Ҳинд гиёҳе мерўидааст, агар онро ба мурда диҳанд, зинда мешудааст. Анўшервон Барзуя ном ҳакими худро ба Ҳинд мефиристад, ки он гиёҳро ба даст орад. Барзуя ба Ҳиндустон меравад ва ҳарчанд ҷустуҷўӣ мекунад, аммо аз ин гиёҳ асаре пайдо намешавад. Аз донишманди куҳансоли Ҳинд сирри ин “гиёҳи ҷонбахш” – ро мефаҳмад: гиёҳи ҷонбахш китоби “Калила ва Димна” будааст, ки онро донишмандони Ҳинд, ки чун кӯҳанд, таълиф намудаанд. Суханҳои хирадмандона ва пандомўзи ин китоб нодону бедонишро, ки чун мурдаанд, донову бино мекардааст. Барзуя ин асарро пайдо мекунад ва нусхае аз он бардошта ба Эрон, назди Анўшервон меорад.

Ин ҳикоят, ки дар муқаддимаи чанде аз таҳрирҳои “Калила ва Димна”оварда шудааст, агарчанде ранги афсонавӣ дорад, аммо холӣ ва ҳақиқат нест. Факти таърихӣ он аст, ки ин китоб дар замони ҳукмронии Хусрави Анўшервон аз забони ҳиндӣ ба забони паҳлавӣ (шояд ба қалами ҳамин Барзуяи ҳаким бошад) ба унвони “Калила ва Димна” тарҷума шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо бисёр осори тамаддун ва адабиёти халқҳои Эрону Осиёи Миёна аз байн рафт. Аммо бо вуҷуди ҳамин баъзе шоҳкориҳои адабиёт ё ба ҳукми тасодуф ё дар ивази ҷонбозиҳои ватандўстон аз ҳамлаҳои хонумонсўзи урдуҳои араб эмин монд. Чанде аз ин ёдгориҳои таъриху адабиёт дар замони ҳукмронии Аббосиён ба забони арабӣ тарҷума шуд. Дар қатори ин  ёдгориҳо китоби “Калила ва Димна” низ буд, ки дар асри VIII аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуд. Мутарҷими ин асар Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (721-757) шоир ва мутарҷими машҳури он аср буд.

Ибни Муқаффаъ аслан эронинажод буд ва қариб то охири  умр мазҳаби зардуштиро пайравӣ мекард. Ибни Муқаффаъ қисми зиёди ҳаёташро дар Басра гузаронида буд. Басра дар он замон яке аз марказҳои бузургтарини маданияти шарқ буд. Ибни Муқаффаъ дар илмҳои гуногуни замонаш дониши комиле дошт, дар забону адаби арабӣ аз саромадони рўзгор ва дар байни аҳли илму адаб ниҳоят обрўманд буд. Халил ибни Аҳмад, ки назариётчии аввалини илми арўз буд, бо Ибни Муқаффаъ дўстию рафоқат дошт.

Ибни Муқаффаъ забон ва адабиёти паҳлавӣ, таърихи гузаштаи халқҳои маҳаллиро хуб медонист. Ў бо ҳисси бузурги ватандўстӣ аз таъриху адабиёти гузаштаи халқҳои эронинажод чандин  асарҳои муҳимтаринро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Дар байни ин асарҳо китоби “Калила ва Димна”, ки аз забони паҳлавӣ бо як фасоҳату балоғати беназир ба арабӣ тарҷума карда шудааст, ҳам ба худи Ибни Муқаффаъ ва ҳам ба ин ёдгории адабиёти Ҳинд шўҳрати ҷаҳонӣ овард. Китоби “Калила ва Димна” ба воситаи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума гардид.Тақрибан соли 1081 “Калила ва Димна” ба забони юнонӣ тарҷума шуд. Юнониён номҳои Калила ва Димнаро калимаҳои арабӣ хаёл карда, онро ба юнонӣ ба маънои “тоҷдор” ва “пайгир”тарҷума намудаанд, ки бо муродифи юнонии ин калимаҳо китоби машҳур дар забони юнонӣ “Стефанит” ва “Ихнилат” номида шуд. Ин асар бо ҳамин унвон ба забони славянӣ гардонида шуд ва дар давлати Руси Москва низ шўҳрат ёфт. Соли 1250 тарҷумаи он ба забони яҳудӣ (ибрӣ) ба вуҷуд омад. Пас аз он ки “Калила ва Димна”аз забони яҳудӣ ба лотинӣ тарҷума гардид, шўҳрати он дар Аврупо зуд интишор ёфт ва ба чандин забонҳо гардонида шуд. Ҳикоятҳои ҷудогонаи он ба тарзи тамсилоти пандомўз дар асарҳои ахлоқӣ ва мавъизаю тарғиботҳои динӣ роҳ ёфт. Ба тарзи шифоҳӣ дар байни мардум паҳн шуда рафт. Ба ҳамин тариқа, вай ба 60 забон тарҷума шуд ва ҳоло зиёда аз дусад таҳрири гуногуни он вуҷуд дорад.

Он ҷо ки аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум аст, китоби “Калила ва Димна”дар асри Х бо амри вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда шуд ва аз рўи ҳамин тарҷума Рўдакӣ ин қиссаро ба шеър даровард.

Аммо достони “Калила ва Димна”дар қатори дигар осори Рўдакӣ аз байн рафта ва то замони мо нарасидааст. Байтҳои парокандаи он аз сарчашмаҳои хаттӣ гирд оварда шудааст, ки дар нашри “Осори боқимондаи Рўдакӣ” (Душанбе, 1958) дарҷ гардидааст.

Дар асри ХII дар замони ҳукмронии Баҳромшоҳи ғазнавӣ (1118-1157) адиб ва муншии машҳури он давр Абулмаолӣ Насрулло “Калила ва Димна”-ро бори дигар аз рўи таҳрири арабии Ибни Муқаффаъ ба форсӣ гардонид. Абулмаолӣ дар муқаддимааш менависад, ки ин китобро пас аз Ибни Муқаффаъ ва назми Рўдакӣ низ борҳо  тарҷума кардаанд. Аз ин маълум мешавад, ки дар асри  ХII ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба забони форсӣ чанде аз тарҷумаҳои ин китоб вуҷуд доштааст. Аммо, чунон, ки Абулмаолӣ менависад, аксари мутарҷимон аз мақсади асосии китоб, ки тарғиби ахлоқ ва панду ҳикмат аст, дур рафта, бештар ба ҳикоятҳои шавқангези он диққат додаанд.

Абулмаолӣ Насрулло тарҷумаи нави ин асарро аз рўи таҳрири Ибни Мукаффаъ ба ўҳда гирифта хостааст, ки мазмуни алоқӣ ва фалсафии онро аз нав барқарор намояд ва ин мазмунҳоро бо иқтибосоти китобҳои фалсафию илми калом ва абьёту ашъор пурқувват созад, то ин “китобро,ки мурдаи чанд ҳазор сол аст, эҳёе бошад.”

Тарҷумаи Абулмаолӣ Насрулло ҳарчанд мазмунан ба китоби Ибни Муқаффаъ наздик бошад ҳам, аммо аз ҷиҳати сабку услуб ва матонати таҳрир асари бадеии мустақилест, ки намунаи беҳтарини насри асри ХII ба шумор меравад.

Қариб пас аз сад сол шоири намоёни дарбори Салчуқиёни Рум Аҳмад ибни Маҳмуди Тўсӣ, ки тахаллусаш Қонеӣ буд, китоби “Калила ва Димна”- ро ба назм даровард.

Инак, то асри ХV дар адабиёти форсу тоҷик «Калила ва Димна» – и Абулмаолӣ Насрулло шўҳрати калоне дошт. Бо мурури замон баробари табаддулоти ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ақидаву афкори иҷтимоӣ, пеш аз ҳама завқу писанди бадеӣ низ тағйир меёбад. ”Калила ва Димна”- и Абулмаолӣ Насрулло, ки як вақтҳо намунаи олии санъати сухан дар асри бадеӣ ба шумор мерафт, аз ҷиҳати сабку услуб барои доираи ашроф ва хонандаи бонуфузи асри ХV куҳна шуда буд ва дар ин замон зарурати аз нав тарҷума ва таҳрир намудани ин асар ба миён омад. Нависандаи барҷаста, олими намоён ва воизи беҳамтои он аср Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба сабки матин ва забони зебои тарҷумаи Абулмаолӣ Насрулло баҳои баланд медиҳад. Аммо бо вуҷуди ин, – мегўяд Ҳусайни Кошифӣ, азбаски баъзе иборату луғоти он китоб куҳна шуда, истироаву ташбеҳоти пўшида ниҳоят бисёр дорад, ин китоб аз  назари хонандагони замони ӯ дур мондааст. Ӯ ҷуръат намудааст, китобро либоси нав пўшонад ва зеборўёни маъниҳои онро аз зери пардаи лафзҳои муғлақ ва калимаҳои мушкил берун орад, то ки ҳар биное ва доное бе такаллуфу таҳайюл аз он баҳраманд гардад.

Асоси таҳрири нави Ҳусайни Кошифӣ на матни арабии Ибни Муқаффаъ, балки тарҷумаи Абулмаолӣ Насрулло буд.

Ҳусайни Кошифӣ ба шарафи Шайх Аҳмади Суҳайлӣ, ки аз амирони Султон Ҳусайн Бойқаро (1468-1506) буд, ба ин китоб “Анвори Суҳайлӣ” ном дода, асари худро низ ба номи ў тахсис намуд.

Пас аз ин “ Калила ва Димна”- и Абулмаолӣ Насрулло қариб аз хотирҳо фаромўш гашт ва то замонҳои охир “Анвори Суҳайли“ ягона ва беҳтарин таҳрири ҳикояти “Калила ва Димна” ба шумор мерафт. Дуруст аст, ки дар асри ХVI дар Ҳиндустон олим ва нависандаи форсзабон Абулфазл ибни Муборак (1551-1602) таҳрири дигари ҳикояти “ Калила ва Димна”-ро ба унвони “Иёри дониш” тартиб дод. Аммо ин таҳрир, ки дар асл мухтасари “Анвори Суҳайлӣ” буд, чандон шўҳрат пайдо накард ва ҳамоно аз доираи адабии ҳинд набаромад. Китоби дигаре, ки ба тарзи ихтисор аз рўи “Иёри дониш”бо номи “Нигори дониш” соли 1752 дар Ҳиндустон таълиф ёфт, қимати калони адабӣ надошт ва бештар барои кўдакони хурдсол тахсис шуда буд. …

Аз китоби “Калила ва Димна”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, 2009.
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубу шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нигина Қурбонова,
шуъбаи абонементи байни
китобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ