“Калила ва  Димна”: гуногунии тарҷумаҳои як шоҳкори адабиёти олам. Бахши дуюм

Чунон ки дар боло дидем, ҳикояти “Калила ва Димна”таърихи қариб дуҳазорсола дорад ва дар муддати бист аср ба чандин забонҳо тарҷума ва таҳрир шудааст.Табиист, ки дар ин сайри бузурги таърихӣ дар ин ҳикоят ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакл бо дасти намояндагони адабиёти ҳар халқ тағйиротҳои калоне дохил карда шудааст.

Тадқиқотчиёни адабиёти ҳинд муқаррар намуданд, ки ҳанўз дар асри VI, яъне пас аз дусад соли ба вучуд омадани “Панчатанра”,таҳрири дигари ин китоб мавҷуд буд, ки аз таҳрири аввалаи он хеле фарқ мекард. Бо мурури замон дар худи Ҳиндустон ба ин китоб торафт бештар тағйиротҳо дохил карда мешуд ва варианти ҳоло машҳури “Панчатанра”,ки дар асри ХI ба вуҷуд омадааст, аз асли китоб бешак тафовути калоне дошт.

“Панчатанра”,- и ҳозира, ки ба чандин забонҳо, аз ҷумла соли 1958 ба русӣ тарҷума шудааст, ғайр аз муқаддимаи хурде аз панҷ китоб ё боб иборат аст. Аз ин бобҳо чор боби аввал аз рўи мундариҷа ба ҳикоятҳои зерини “Калила ва Димна”рост меояд. 1.Ҳикояти Шер ва Гов; 2.Ҳикояти Кабутар Мутаваққа; 3.Ҳикояти Бумон ва Зоғон; 4. Ҳикояти Бўзина ва Сангпушт. Боби панчуми “Панчатанра”дар китоби “Калила ва Димна”-и форсӣ дида намешавад.

Чунон ки мебинем “Панчатанра”назар ба “Калила ва  Димна”-е, ки дар асри VII ба забони арабӣ таҳрир ёфта буд хеле мухтасар аст. Аз сарсухани Ибни Муқаффаъ чунин маълум мешавад, ки дар асри VI мутарҷимони забони паҳлавӣ нусхаи мукаммалтаре аз “Панчатанра” дар даст доштаанд, ки шумораи бобҳои он, ба гуфти Ибни Муқаффаъ, даҳто будааст.

КАЛИЛА ВА  ДИМНА”: ГУНОГУНИИ ТАРҶУМАҲОИ ЯК ШОҲКОРИ АДАБИЁТИ ОЛАМ. БАХШИ АВАЛ

 

Пас аз тарҷумаи Ибни Муқаффаъ “Калила ва Димна” дар забони арабӣ низ хеле тағйирот пазируфт ва дар давоми асрҳо чандин таҳрирҳои гуногуни он ба вуҷуд омад.

Абулмаолӣ Насрулло “Калила ва Димна”-ро  ба шонздаҳ боб тақсим мекунад, ки номи бобҳо ба забони арабӣ дода шудааст.1.Боби ибтидои Калила ва Димна; 2.Тарҷумаи аҳволи Барзуяи табиб; 3.Боби Шер ва Гов; 4.Боби тафтиши кори Димна; 5.Ҳикояти Кабутар Мутаваққа; 6. Боби Бум ва Зоғ; 7. Боби Бузина ва Сангпушт; 8. Боби Зоҳид ва Росу; 9. Боби Муш ва Гурба; 10. Боби Шоҳзода ва Мурғ; 11. Боби Шер ва Шағол; 12. Боби марди тирафган ва Шери мода; 13. Боби Зоҳид ва Меҳмон; 14. Боби Балор – вазир ва бараҳманон; !5. Боби Сайёҳ ва Заргар; 16. Боби маликзода ва ҳамроҳони ў.

Абулмаолӣ менависад, ки бобҳои 3,4,5,6,7,8.9,10,11,12- бобҳои аслии ҳиндуӣ будаанд ва бобҳои 1,2,13,14,15,16-ро форсиён баъдтар  дар вақти тарҷума (яъне ҳангоми ба забони паҳлавӣ гардонданашон) илова намудаанд.

Боби ибтидои “Калила ва Димна” ва “Боби тарҷумаи ҳоли Барзуяи табиб” гуё ба қалами вазири афсонавии Анушервон Бузургмеҳр навишта шуда будааст. Дар боби ибтидо Бузургмеҳр дар бораи аҳаммияти китоб ва дар боби сонӣ аз забони худи Барзуя тарҷумаи ҳоли ўро баён мекунад. Ин асосан мазмуни ахлоқӣ дорад ва бештар масъалаҳои тарбияи инсон ва тарғиби сифатҳои неки ҳукмронҳоро ба миён мегузорад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки ба таҳрири дуюми ин асар сар кард, пеш аз хама ду боби аввалро, ки ба асли мазмуни китоб камтар муносибат доштанд, партофта, ба ҷои он ҳикояти подшоҳи Чин  ва ба воситаи он ҳикояти Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпойро дохил намуд. Ҳикояти Рою Бараҳман тамоми бобҳои аз ҳам парокандаи китобро ба як хати сюжет пайваст. Воқеаҳои ин достон ба ҳикояти  Калила ва Димна пайваст шуда, пас аз чордаҳ боб, ки дар ҳикоятҳои гуногун оварда мешавад, ба охир мерасад. Ба ҳамин тарика, “Калила ва Димна”тмонанди ҳикоёти “Ҳазору як шаб”, ҳарчанд аз  достонҳои гуногун иборат бошад ҳам, бо достони ҳикояти Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпой ба ҳам алоқаманд мешавад ва сурати як китоби тамомиятёфтаро ба худ мегирад. Ин ҳикоят, ки ҳамчун оғози ҳикояти “Калила ва Димна” оварда шудааст,ба ин мазмун аст:

Дар мамлакати Чин подшоҳе қавишавкат ва адолатпарваре буд, ки ўро Хумоюнфол мегуфтанд. Ў Хуҷастарой ном вазири донишманд ва соҳибтадбире дошт. Рўзе шоҳу вазир бо лашкаре бисёр ба азми шикор баромаданд ва рўзи дароз дар дашту кўҳсор аз ҷонварону ҳайвонот сайд намуданд. Ҳангоме ки шоҳ аз шикор фориғ шуд, лашкари худро ҷавоб дод ва ба вазиру чанд тан аз сипоҳиён ба тарафи шаҳр равона шуд.

Ҳаво ниҳоят гарм буд ва роҳ рафтан ба онҳо душвор омад. Ҳумоюнфол ба Хуҷастарой таклиф намуд, ки дар ин ҳавои гарм дар ягон ҷои соя  каме истироҳат намуда, пас ба роҳ дароянд. Хуҷастарой ўро ба домони куҳе, ки марғзори сабзу хуррам ва чашмасорони бешумор дошт, овард. Онҳо дар пеши чашмаҳо  ва дар сояи дарахтҳо нишаста ва аз ин манзараи дилрабои табиат лаззат гирифта истироҳат мекарданд.

Дар марғзор дарахти кўҳнаи себ буд, ки аз нашъунамо боз монда ва тани ў аз мурури замон ва захми кирмон холӣ шуда буд.Дар ковокии ин дарахт занбурҳои асал хона сохта буданд ва пайваста дар атрофи он таку дав намуда, ба навбату тартиб даробуро мекарданд. Ҳумоюнфол, ки ин ҳолро пеш аз ин надида буд, чӣ будани ин занбўрҳо ва сабаби таку дави онҳоро аз вазири худ пурсид.

Хуҷастарой ҷавоб дод:

Ин занбўрҳо гурўҳеанд, ки манфиати бисёру зарари андак доранд. Онҳо подшоҳе доранд, ки ба ҷусса аз онҳо бузургтар аст ва ҳамаи онҳо ба ў сари итоат хам кардаанд. Ў барои идораи онҳо вазир, ҳочиб, дарбон, посбон ва нақиби лашкар таъин намудааст. Ҳар як аз ин занбўрҳо барои худ аз мум хонаи шашкунчае сохта, пас аз ҳукми султонашон аз хонаҳояшон берун меоянд. Амирашон мефармояд, ки онҳо тани худро ба ҳар чизи нопок олуда насозанд. Аз ин сабаб онҳо фақат болои гулу шукуфаҳои тоза нишаста, гардҳои онро мехўранд.Аз гарди гулу шукуфаҳо дар дохили онҳо шарбате ҳосил мешавад.Вақте ки ба хонаҳои худ меоянд, дарбонон онҳоро  тафтиш мекунанд, агар мабодо аз онҳо бўи баде ояд, ҳамон замон онҳоро дупора карда мекушанд. Агар дарбонон тағофул кунанд ва дар ҳамин ҳол  онҳоро ба хона роҳ диҳанд,подшоҳ аз ин буйи бад хабардор шуда,  ҳам он занбўр ва он дарбонро мекушад.тАгар фарзанди занбўре аз занбўрҳои дигар ба хонаи онҳо даромаданӣ шавад, онро манъ мекунанд, агар гўш накунанд, ўро низ ба қатл мерасонанд.Ривоят мекунанд, ки Ҷамшед тарзи давлатдории худро ба усули ҳамин занбўрҳо сохта будааст.

Ҳумоюнфол аз ин суханони Хуҷастарой дар ҳайрат монда гуфт:

Аҷаб дар он аст, ки бо вуҷуди сирати ҳайвони доштанашон якдигарро озор намедиҳанд ва ҳар чанд неш дошта бошанд ҳам, ҳосили он фақат шарбати нўш аст. Мо дар байни одамон хилофи ин одатро мебинем, ки ҷамъе аз онҳо ба гурўҳи дигаре зарар мерасонанд ва мехоанд, ки бунёди ҳамчун худро барандозанд.

Пас шоҳу вазир аз ахлоқи инсонӣ ва муносибати одамон бо ҳамдигар хеле сўҳбатҳо карданд. Хуҷастарой дар ин ба шоҳ машварату насиҳат дод, ки кори давлатро ба чӣ тарз бояд бурд ва дар муомила ба раият ва зердастон чӣ гуна бояд буд. Дар зимни ин сўҳбат Хуҷастарой гуфт:

Ҳар подшоҳи одил, ки мадори кори худро бар ҳикмат ниҳода, панду насиҳати ҳакимон ва донишмандонро дастуруламали кори худ кунад, ҳам мамлакаташ ободон ва ҳам раияташ хушдилу шодон хоҳанд шуд. Чунончи Рои аъзам Добшилими ҳиндӣ, ки асоси салтанати худро аз рўи қоидаҳои ҳакими донишманд Бараҳман Бидпой сохта буд, рўзгори худро ба комронӣ гузаронид.

Ҳумоюнфол мегўяд, ки ў ҳам аз қиссаи ин Рои аъзам бисёрҳо шунидааст, аммо тафсили он то ҳол ба ў маълум нест. Сипас аз Хуҷастарой хоҳиш намуд, ки ин қиссаро ба тафсил ба ў ҳикоят кунад.

Хуҷастарой гуфт:

Дар яке аз кишварҳои Ҳинд подшоҳе буд, ки ўро Рой Добшилим мегуфтанд. Добшилим ба забони ҳинд подшоҳи бузург гуфтан аст. Добшилим шоҳи ниҳоят раиятпарвар ва саховатманд буд. Дар сўҳбати ў пайваста ҳакимони донишманд ва олимони фозил ҳозир буданд.

Рўзе Добшилим маҷлиси ишрат ороста буд. Дар ин маҷлис аз хислатҳои писандида ва сифатҳои сутудаи одамон ва шоҳон сухан мерафт. Дар айни сўҳбат сухан аз саховатмандӣ ва эҳсону инъом ба миён омад. Ҳама гуфтанд, ки барои инсон ва махсусан шоҳон хислати беҳтарин ва писандидатарин саховатмандӣ аст.

(ДАВОМ ДОРАД)

Аз китоби “Калила ва Димна”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, 2009.
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубу шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нигина Қурбонова,
шуъбаи абонементи байни
китобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ