“Калила ва  Димна”: гуногунии тарҷумаҳои як шоҳкори адабиёти олам. Бахши дуюм

Калила ва ДимнаДобшилим чун ин суханҳо шунид, фармуд, ки дари хизонаро кушоянд ва зару сим ба хосу ом бидиҳанд. Аз ин саховат ва инъомҳои бисёру бешумори шоҳ хурду калон хушдилу хурсанд шуданд. Ҳамин шаб Добшилим дар хоб дид, ки пирамарди нуроние пеши ў омада гуфт:

Имрўз ту ганҷи гаронмояро ҳадяи хосу ом ва хурду калон кардӣ. Субҳидам бархез ва ба сўи машриқ бирав, ки дар он ҷо ганҷе ниҳон аст ва он насибаи туст.

Саҳаргоҳон Добшилим аз ҷой бархост ва фармуд, ки барояш маркаби роҳраве ҳозир кунад. Пас ба он маркад савор шуда, ба тарафи Шарқ раҳсипар гардид. Чун аз шаҳр берун шуда аз дашту ҳомун гузашт, назараш ба кўҳи баландқуллае афтод, дар зери он ғори бетаге буд. Бар дари он ғор пирамарди равшандиле нишаста буд. Добшилим чун наздики он пир расида салом кард, пирамард аз дилҷўии шоҳ хурсанд шуда, ўро таҳният хонд ва гуфт:

Шоҳо, ман ба расми тўҳфа ганҷномаеро, ки аз падарам мерос мондааст, ба ту тақдим медорам. Дар он ганҷнома навишта шудааст, ки дар гўшаи ин ғор ганҷе фаровоне ҳаст. Ман, ки аз давлати дунё даст бардоштам, мехоҳам ин ганҷро ту бибарӣ ва сарфи давлати худ созӣ.

Добшилим ба хидматгарон фармуд, ки атрофи он корро бикованд. Дар андак муддате хидматгорон аз ғор сандуқҳои бисёре пайдо карда пеши шоҳ оварданд. Добшилим фармуд, сари сандуқҳо кушоданд ва дар онҳо симу зари фаровон ва тўҳфаҳои бешумор диданд. Аммо дар байни ин сандуқҳо, сандуқе буд, ки бо бандҳои маҳкам баста ва қуфли румие ба он зада буданд. Ҳарчанд ҷустуҷу карданд, калиди ин қуфл пайдо нашуд. Ба фармоиши Добшилим оҳангарони чобукдаст мувофиқи он қуфл калиде сохта сандуқро кушоданд ва аз он дурҷе  берун оварданд. Даруни он дурҷ ҳуққае буд. Ҳуққаро пеши шоҳ оварда кушоданд, ки аз он порае ҳарире берун омад, дар рўи ҳарир ба хати сурён чизе навишта шуда буд.

Пас олимеро, ки ба хату забони сурёнӣ воқиф буд, хозир карданд ва он олим мазмуни ин хатро чунин шарҳ дод:

Ин ганҷнома мактубест,ки анвои манфиату фоидаҳо дар он дарҷ ёфтааст. Мазмуни мухтасари он ин аст: Ман ки Хушанг – подшоҳам, ин нома ва хазинаро барои Рои аъзам Добшилим ниҳодаам. Медонам, ки вақте ҳамаи ин ганҷҳо насиби ў мешавад, ин васиятномаро низ байни ин ганҷҳо ниҳодам, то ки ў ба зару сим  фирефта нашуда аз рўи ҳамин васиятнома корҳои худро анҷом диҳад.

Васияти аввал он аст, ки агар подшоҳ ҳар касро аз ҷумлаи мулозимонаш ба худ наздик созад, ҳаргиз бадгўии дигаронро дар ҳаққи ў қабул насозад. Зеро ҳар кӣ ба подшоҳ наздик шуд, албатта ҷамъе аз ҳамкорон ба ў ҳасад мебаранд ва дар ҳаққи ў ҳар гуна бадгўӣ мекунанд, то ўро аз пой дароваранд.

Васияти дувум. Ба маҷлиси худ касони хабаркаш ва ғараздорро роҳ надиҳад ва агар ин сифатро аз касе мушоҳида кунад,ҳар чӣ зудтар дар паи пешгирии зарари ў шавад.

Васияти сеюм. Бо арбоби давлати худ ҳамеша тариқи мувофиқат ва некухоҳиро риоят намояд, зеро ба иттифоқи дўстони якдилу якҷиҳат кор ҳамеша пешрав аст.

 Васияти чорум. Ба лутфу меҳрубонии душман ҳаргиз бовар накунад, ки аз душман ҳаргиз дўстӣ наояд.

Васияти панҷум. Чун гавҳари мурод ба даст даромад, дар муҳофизати он ғафлат накунад, ки агар бодо мақсуд аз даст равад ба даст овардани он басо душвор аст ва дар рафтани он  пушаймонӣ суд надорад.

Васияти шашум. Дар корҳо шитобзадагӣ ва сабуккорӣ накунад, балки тааммулу таанниро пеш гирад, ки зарари таъҷил бисёр ва манфиати сабру сукун бешумор аст.

Васияти ҳафтум. Ҳеҷ гоҳ тадбиру чораандеширо фурў нагузорад. Чун бинад, ки ҷамъе аз душманон ба қасди вай иттифоқ кардаанд, салоҳ дар он бинад, ки бо яке аз онҳо дустиву меҳрубонӣ карда ба ин васила роҳи халосӣ пайдо кунад.

Васияти ҳаштум. Аз касони ҳасуд ва бадкина ҳазар кунад ва ба нармзабонии онҳо мағрур нашавад, чун ниҳоли кина дар замини сина нишонда шуд. Самари он танҳо зарару озор хоҳад буд.

Васияти нуҳум. Авф ва бахшидани гуноҳро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак ҷарима ба азобу шиканҷа гирифтор насозад.

Васияти даҳум. Гирди озори хеҷ кас нагардад, то ки ба тариқи мукофот ба худи ў зараре нарасад.

Васияти ёздаҳум. Ба коре ки мувофиқи тавру лоиқи ҳоли ў набошад, майл накунад.

Васияти дувоздаҳум. Дар корҳо ҳамеша ҳалиму вазнин ва босубот бошад.

Васияти сездаҳум. Мулозимони амин ва боэътимод ба даст оварда аз мардуми хоин ва ғаддор дурӣ гузинад.

Ҳар як аз ин васиятҳо, ки ёд кардем, достоне ва дорад. Агар Рой хоҳад, ки ба тафсили ин достону ҳикоёт хабар ёбад, бояд ба Сарандеб равад, ки сирри ин гуфтор дар ҳамон ҷо кушода хоҳад шуд.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, азимати сафари Сарандеб намуда бо чанде аз арбоби давлат ба роҳ баромад. Пас аз таййи манзилу марҳилаҳо ба шаҳри Сарандеб расид. Ду-се рўз дар шаҳр аз ранҷи роҳ баросуда, баъд бо ду-се тан маҳрамони худ ба сўи кўҳи Сарандеб равона гашт. Вақте ки ба кўҳ расид, назараш ба ғоре афтод ва аз бошандагони он ҷоҳо маълум кард, ки ин ғор маскани ҳакими донишманд Бидпой будааст, ки ба забони ҳиндӣ маънии он табиби меҳрубон гуфтан аст. Ин марди бузург ба анвои дониш ва ҳикмат ороста будааст ва ҳоло дар ҳамин ғор зиндагӣ мекардааст. Добшилим ба зиёрати ў рафт. Бараҳман Бидпой ўро ба меҳрубонӣ қабул карда, сабаби омаданашро пурсид. Добшилим қиссаи худ ва Бараҳман бозгуфт ва аз васиятномаи Хушанг сухан ба миён овард. Добшилим як-як аз ин васиятҳоро ба ҳакими донишманд Бидпой – Бараҳман арз мекард ва Бараҳман дар он боб ба Добшилим Хикоятҳо мегуфт.

Китоби “Калила ва Димна” баёни ҳамин суолу ҷавоби Рой ва Бараҳман аст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ тартиб ва шумораи бобҳои асосии китобро ба ҳамон тарзе, ки дар “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насрулло буд, нигоҳ дошт, танҳо аз рўи мазмуни ҳар боб унвонашро тағйир дод.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ қариб дар ҳамаи бобҳои китоб дар шарҳи ин ё он муддао аз забони иштироккунандагони ҳикоят чандин тамсил ва ҳикоятҳои хурд низ илова намуд. Аммо ин ҳикоят ва тамсилҳо сюжети асосӣ ва устухонбандии ассарро тағйир надод. Ғайр аз ин Ҳусайн Кошифӣ бисёр воқеаҳои ҳикоятҳои“Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насруллоро васеътар намуда, онҳоро батафсилтар нақл намуд.

Ҳусайн Кошифӣ дар бобҳои асар аз забони иштироккунандагони он бисёр муҳокимаҳои худро оид ба масъалаи тарбияи инсонӣ ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъият, инчунин фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаи давлатдорӣ ва принсипҳои ҳукмронӣ ниҳоят ба тафсил баён намуда, барои исботи фикри худ иқтибосоти китобҳои илми фиқҳ ва оёту ҳадисро ниҳоят бисёр мекунад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ тарзи ҳикоябандӣ, забон ва услуби “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насруллоро низ мувофиқи завқу писанди хонандагони замонаш хеле тағйир дод. Вай дар тасвири воқеаҳо бисёр ибораҳои зебо, тафсилот ва тасвироти дақиқ намуд. Тамоми шеърҳои арабии “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насруллоро партофта ба ҷои он аз ашъори шоирони гузашта ва муосири худ бисёр шеърҳои зебо ва хушоҳанг овард. Иқтибосоти шеърии Ҳусайни Кошифӣ назар ба Абулмаолӣ Насрулло хеле зиёд аст. Ҳамаи ин китоби Ҳусайни Кошифиро ҳаҷман хеле калон карда, аз ҷиҳати бадеият ва санъати сухан ҳусни онро афзуд.

Аммо бо вуҷуди ҳамин Ҳусайни Кошифӣ дар китоби худ “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насруллоро сахт пайравӣ намудааст. Ин пайравиро на фақат дар хати сюжет ва устухонбандии асар, балки дар забон ва сабки он ҳам равшан дидан мумкин аст. Ў аксари ибороти рехта ва тасвироти дақиқи Абулмаолӣ Насруллоро нигоҳ доштааст ва чунон бо маҳорати томи сухандонӣ онҳоро тафсил ва тағйир медиҳад, ки хонанда гумон мекунад, ки ин таҳрир танҳо ба қалами як кас – Ҳусайни Кошифӣ анҷом гирифтааст.

(ДАВОМ ДОРАД)

Аз китоби “Калила ва Димна”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, 2009.
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубу шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нигина Қурбонова,
шуъбаи абонементи байни
китобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ