Камол Насрулло: “Шеър чист ва шоир кист?”
Китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло “Шеъ чист ва шоир кист” соли 2020 дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст ва як китобест, ки на танҳо барои мутахассисон, шоирон, балки барои касоне, ки ҳамакнун мехоҳанд дар ҷодаи назм раҳпаймои хуб бошанд, басо зарур аст. Бо мутолиаи ин китоб шумо ба суолатон дар бораи шеъру шоирӣ аз каломи як шоири муваффақ ва варзида посух меёбед, ки ин хеле муҳим аст. Яъне, муаллиф муҳаққиқи шеър нест, ки бо мутолааи даҳҳо адабиёти илмӣ хоста бошад, посухи суол диҳад, балки худ аз равандагони муваффақи ин роҳ аст ва суханаш ба зуди дарк мешавад.
Худи устод Камол Насрулло дар бахши шиносоии китоб мегӯяд, ки ин рисолаест, ки даъвои илмӣ буданро надорад. Вежагии асосии ин таълиф дар он дар зоҳир мешавад, ки аз номи як нафар шоир, ки бо матои шеър бевосита сару кор дорад, аз таҷрибаи коргоҳи эҷодии ў, аз донишу фаҳмиши тўли солиён андўхтааш фаҳмову дастраси дарку фаҳмиши хонандагони ҳама сину сол навишта шудааст ва дастури хубест барои дарки воқеии шеър ва донистани хусусиятҳои асосии он, ки ногузир барои ҳар шоири ҷавон ва ҳама муштариёни шеър мебошад….
Аз ин китоб бахши вурудии онро айнан пешкашатон мекунем ва шуморо ба мутолааи комили он ба толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон даъват мекунем.
**** **** ****
Чу шодӣ рафт, ғам моро нигаҳ дошт,
Ҳамин дасти алам моро нигаҳ дошт,
Зи ҷамъи шаҳсутунҳое, ки буданд,
Сутуни як қалам моро нигаҳ дошт.
ШЕЪР ЧИСТ ВА ШОИР КИСТ?
Кайҳост мехостам, ки посухе аз ҷониби худ ба ин суол бидиҳам: Шеър чист ва шоир кист? Ҳарчанд душвор аст, ки касе тавонад дилашро чун як кўра оташи сўзон аз сина бадар орад, ба рўи каф бигузорад ва сифату хусусиятҳои онро нишон бидиҳад. Дил, ки танҳо ҳамин як пора узви бадан бо хусусиятҳои физиологӣ нест, балки як зуҳуроти ҳам рўҳонист ва ҳам ақлонӣ, як ҷаҳон эҳсосот, як олам андеша, як дарё орзуву ормон аст. Дил аст, ки дар он тамоми сифатҳои рўҳонию ҷисмонии инсон ҷамъбаст мешавад. Шеър ҳамин дил аст, диле, ки ҳам сурати дард дораду ҳам сирати нишот, диле, ки агарчи болу парашро мо намебинем, шабеҳи мурғон ба авҷи гардунҳо роҳи парвоз мегирад… Пас, чи гуна метавон гуфт, ки шеър чист!? Шеър…
ДУНЁ САРОСАР ШЕЪР АСТ, фақат бо нигоҳе шоирона ва чашме зебоишинос бояд ба олам нигарист. Шеър падидор аст дар намои ҳар манзараи табиат: ҳар чашмаи зулол, ҳар рўди таронасаро, ҳар обшори наворез, ҳар баргу ҳар гул, ки дар лаб розҳое доранд, ҳар дарахте, ки рамзи сарфарозист, ҳар ситорае, ки паёми рўшноӣ мебарад, ҳар чеҳраи инсонӣ, ки оинаи ҳазорон ормон аст… Шоир касест, ки метавонад ин таровати ҳусни азалиро дарк кунаду онро бо каломи абадӣ бипайвандад.
ПАС, ШЕЪРРО ЧИ ГУНА БОЯД ДАРК КАРД,
ЧИ ГУНА ОНРО БОЯД ШИНОХТ?
Шеър вокуниши самимонаи зиндагӣ, ибрози эҳсос ва дарки шодӣ, дард, ҳайрат, изтироб, эътимод ва бовар аст, ки дар вожаву ҳарфҳо бо ҷилои зотию табии худ ҳувайдо мешавад.
Ба андешаи мо, ишқ ва шеър… аз он мафҳумҳое ҳастанд, ки наметавонанд як посухи дақиқ дошта бошанд, зеро онҳо зуҳуроти як эъҷозеанд, ки дар табиат ба ҳар навъе падидор мешавад. Аз ин рў, ба ин савол ҳар нафар ба қадри ҳиммат ва ҷаҳонбинии худ, дар заминаи маънавӣ ва даркҳои рўҳоние, ки дар сиришташ дорад, ба таври худ посух мегўяд.
Масалан, як нафар метавонад ишқро ситоиши волову таърифи осмонӣ бидиҳад ва каси дигар баръакси онро бигўяд.
Аз ин рўст, ки хоҷа Ҳофиз гуфтааст:
Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст.
Шеър ҳам зуҳуроти маънавию рўҳониест мисли ишқ, ки наметавон дар як чаҳорчўбаи муайян ҷойгираш кард. Аз ин рўст, ки шеър ва ишқ ҳаргиз фанопазир нестанд. Зеро нафари дигаре зуҳур мекунад ва ба таври худ ошиқ мешаваду ишқ меварзад ё дунёро ба чашми шоиронаи худ мебинаду шеъри худро мегўяд. Вагарна, ҳамон шеърҳое, ки устод Рўдакӣ гуфта буд, барои тамоми наслҳои баъдина кофӣ мебуд. Аммо на! Пас аз устод Рўдакӣ ҳаким Фирдавсӣ зуҳур кард, пас аз ҳаким Низомӣ, ҳаким Умари Хайём ва мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ арзи вуҷуд карданд. Баъд аз онҳо шайх Саъдӣ, хоҷа Камол, хоҷа Ҳофиз, абулмаонӣ Бедил… ва, ман аминам, ки бо вуҷуди зуҳуру ҳузури ин қадар нобиғагони суханвар боз ҳам шеъру шоири наве ба майдони сухан хоҳад омад ва ин майдон ҳаргиз тиҳӣ нахоҳад монд.
Чаро душвор аст таърифи муайяни шеърро додан? Чаро шеър дар намунаҳои баландтаринаш ҳамрадифи эъҷоз аст? Зеро шеър ҳамон нуқтаи тазоҳури рўҳонию ирфонию маънавию маҷозист, ки дар ин нуқта тамоми завқу маҳорату истеъдод, тамоми ҳунарҳо, санъатҳо: мусиқӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, тасвиргариву тавсифпардозӣ, муҷассамасозиву ҳайкалтарошӣ, илму адабу фалсафаю ҳикмат…, инҳо ҳама метавонанд таҷассум ёбанд. Яъне, шеър тазоҳури олии маънавӣ, шоҳи қаламрави ҳунарҳои эҷодист.
Барои дарки ҳамаи нозукиҳои мусиқӣ бояд мусиқишинос буд, барои дарки асарҳои безаволи тасвирӣ бояд завқи тасвиршиносӣ дошт, барои баҳо додан ба фалсафаю мантиқу таърих бояд олим буд, аммо барои дарки шеъри асил бояд ҷамъи ин донишҳову завқҳоро дошт.
ВЕЖАГИИ ОН ЧИ КИ БАНДА ДАР ПОСУХИ СУОЛИ «ШЕЪР ЧИСТ» ХОҲАМ НАВИШТ, дар он хоҳад буд ки ин ҳарфҳо на аз забони як олим, адабиётшинос, балки аз забони як нафар шоир, шахсе, ки бо матои шеър бевосита сару кор дорад, гуфта мешаванд, яъне, назар ва бардошти мушаххас ва шоиронаи ў дар ҷавоби ин саволҳоянд. Ҳадафи банда ба тарзе содаву фаҳмо маънидод кардани чӣ будани шеър ва вежагиҳои хоси он аст. Мухотаби банда низ як хонандаи одист.
ТАФРИҚАИ ШЕЪР АЗ АНВОИ ДИГАРИ
СУХАН ДАР ЧИСТ?
Эй басо шоироне, ки китоб-китоб «шеър» интишор додаву худ нафаҳмидаанд, ки шеър чист. Аз ин рў, банда гоҳе ба хонандагони хурдсол бо чунин роҳи содаву одӣ мефаҳмонам ки, вақте мегўед: «гул шукуфт» ин сухан ҳанўз шеър нест, вале вақте ки мегўед: «гул хандид» мешавад шеър: ё вақте ки мегўед: «борон борид», ин ҳанўз як сухани одист, на шеър, аммо, вақте ки мегўед «абр гирист» мешавад шеър, яъне, ҳамин истиора: хандидани гул ва гиристани абр шеър аст, зеро маънӣ тавассути санъат ва ҳунар баён меёбад.
ШЕЪРИ АСИЛ МАҲСУЛИ БОФТАҲОИ ШУМО НЕСТ. Шеъри асил рўҳияи баландест, ки аз олами рўҳонӣ ба шумо интиқол мешавад. Аз ин рў, хеле муҳим аст, ки шоир мисли як тифл зоҳирану ботинан тозаву поку мубарро ва муҷалло бошад ва он паёми покеро, ки аз самои пок меояд, қабул карда тавонад. Яъне, шеър покӣ ва самимият аст, аз ин рў ниҳоди поку самимиро мепарастад.
Ҳар ки дунёи поку беғубори тифлӣ, эҳсосоти самимонаи кўдакӣ, шаффофияти назар, изтиробу ҳайрат ва шавқу шўри бачагиро ҳифз карда бошад, имкони шоир шудан бештар хоҳад дошт, агар ба замми ин ҳама: аз завқ, истеъдод, дониш ва ҳунар бархурдор бошад ва аз мутолиа, таҳлилу андеша, дарку ҳазм кардани хондаву шунидаву дидаҳояш канора наҷўяд.
ШЕЪР ЧИСТ ВА ЧӢ БОРЕ МЕБАРАД?
Шеър чароғи раҳнамои одамон дар торикиҳо, дар бероҳиҳост.
Шеър нишонрастарин силоҳ, муассиртарин таблиғ аст. Шеър оташест, ки метавонад зуд ҳама ҷоро фаро гирад. Шеър рўдест, ки паёми сабзишу шукуфоӣ ва шодобӣ мебарад.
Арасту мегўяд: ҳадафи шеър тағйири бунёди ҷаҳон аст.
Кафка мегўяд: Шеър сафарест барои кашфи ҳақиқат ва розе бартар аз ҳақиқат вуҷуд надорад. Ва илова мекунад: Шоир вазифадор аст инсони танҳову ваҳшатзадаи рў ба рў бо маргро ба зиндагии ҷовидона ҳидоят намояд.
Шомлу мегўяд: Ман бар ин ҳақиқат муътақидам, ки ШЕЪР БАРДОШТҲОЕ АЗ ЗИНДАГӢ НЕСТ, БАЛКИ ЯКСАРА ХУД ЗИНДАГИСТ.
Михаил Светлов менависад: Вақте ман шеър мегўям, тасаввур мекунам, ки дар канори дафтари ман кўдакест гирён ва ман мекўшам чунон шеъре бигўям, ки то анҷомаш ин кўдак аз гиря бозмонад…
Шахсан барои ман шеър гуфтан ва худи шеър пеш аз он ва беш аз он аст, ки изҳори ҳунар бошад, воситаи расидан ба ҳоҷати одамон, ба дарду ниёзи мардум, воситаи даст додан ба афтодагон ва раҳнамоӣ ба бероҳагон, дилбардории афсурдагону ғамзадагон аст.
Ҳеҷ василае дастрастар ва муассиртар аз шеър нест, ки ин қадар зуд, амиқ ба дилу андешаи мардум роҳ биёбад! Як шеър метавонад тўфоне дар байни мардум бархезонад, оташе дар ҷомеа барафрўзад. Як шеър метавонад мардумро ба по хезонад, ҷамъ орад, метавонад ба мардум оромӣ ва сарҷамъӣ бахшад, ба сулҳу ваҳдат оварад. Мо ин таҷрибаро дар зиндагӣ аз сар гузаронидаем.
Ман шеър мегўям, ки одамон ба худ, ба зиндагӣ, ба фардо бовар кунанд. Одамон дилу дасти гарм дошта бошанд, дўст доранд, нек бошанд, хайрхоҳ шаванд. Шеър ин корҳоро метавонад анҷом диҳад. Як шеър оламро дар чашми шумо зеботар ҷилвагар месозад, мисли сарсабзии як боғ, шукуфоии як гулзор, зулолии оби чашма, фурўғи як субҳи умед ва сурури як паранда…
Шеър бояд мазмуну ғояи баландро ба инсон талқин созад, ба инсон дониш, сафо ва маърифат бахшад. Раҳнамои ў барои иҷрои мақсадҳои наҷиби инсонӣ бошад. Дар мавриди имрўзи мо шеър метавонад нақше дар худшиносии инсон, шинохти миллат ва ҷаҳону ҷаҳониён дошта бошад. Чун чароғе бошад дар даст, раҳнамои ҳар нафар ва ҷомеа ба сўи ормонҳо ва маърифати бузург.
Дар фарқияти байни шоир ва ношоир ҳамин ҳикмати ҳакимеро метавон мисол овард, ки гуфтааст: Ман чароғ дар даст роҳ мепўям, аммо чароғ бояд дар вуҷуди ман бошад. Нозим ҳамонест, ки чароғ дар даст роҳ мепўяд, аммо шоир онест, ки ин чароғро дар ботин дорад.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва нарврасон.